Ҳангоми бемаҳал сафедшавӣ мӯйро бо ҷӯшобаи аз реша ва барги газна (крапива) омоданамуда ҷайқонед. Барои ин 50 грам газнаи хушкро дар 500 мл. об ва 500 мл. сирко дам карда, ним соат биҷӯшонед ва пас аз хунук кардану полондан ҳар бегоҳ ба пӯсти сар бимолед. Ин амалро якчанд рӯз давом диҳед.
Мӯйҳои сафедро бо ёрии рангҳои саноатӣ низ метавон пинҳон сохт. Ҳамеша он рангҳоро интихоб кунед, ки ҷилои равшантар доранд. Мӯятон ҳоло он қадар сафед набошад ҳам, саратонро бо шампуне, ки ҷилояш ба ранги мӯятон шабеҳ ҳаст, бишӯед. Агар аз се як ҳиссаи мӯятон сафед шуда бошад, аз рангҳои мулоим истифода баред. Ҳамчунин, метавонед аз рангҳои равғание, ки мӯйро табобат мекунанду ғизо медиҳанд, истифода намоед.
Агар мӯйҳои кастонаранг (каштан) ба сафедшавӣ оғоз кунанд, ин таркибро мавриди истифода қарор бидиҳед: 1 қошуқи ошхӯрӣ ҳинои беранг, як қошуқи ошхӯрӣ какао, тамокуи як дона сигарети пешакӣ дар миқдори начандон зиёди об таркардашуда, 5 дона мехчагули маҷақкардашуда, як қошуқи ошхӯрӣ ҷурғот, 5 мл. моеъи равғанини витамини А, як қошуқи ошхӯрӣ равғани зайтун ва зардии тухмро омехта, каме оби гарм ҳамроҳ намоед. Бояд як таркиби шавламонанд ҳосил шавад. Онро дар бӯғи об гарм карда, дар мӯйи шустаи намнок бимолед ва сарро бо матои пластикӣ, аз болояш бо сачоқ бипечонед. Баъди ду соат мӯятонро бо эҳтиёт шона кунед ва бо шампун бишӯед. Мӯйи тирафому сиёҳрангеро, ки ба сафедшавӣ оғоз намудааст, пас аз шустан муттасил бо чой обгардон кунед.