Қолабсозӣ
Барои «сохтани» абрӯҳои беҳтарини классикӣ бояд се нуктаи абрӯро муайян кард. Ин нуктаҳоро бо кӯмаки қалам ёфтан мумкин аст.
1) Хати якум - аз кунҷи рости бинӣ шурӯъ шуда, бо кунҷи дарунии чашм ба абрӯ мерасад. Бо кашидани ин хат сари абрӯро пайдо мекунед. Мӯйҳое, ки аз ин хат ба тарафи пайванди абрӯҳо берун мемонанд, изофианд. Онҳоро бояд бичинед.
2) Хати дувум - аз ҳамон кунҷи бинӣ сар мешавад, аммо бо кунҷи берунии чашм гузашта, ба абрӯ мерасад. Нуқтаи охири ин хат нуқтаи охири абрӯст. Ва мӯйҳое ҳам, ки аз ин хат берун монданд, бояд чида шаванд.
3) Хати севум - аз кунҷи бинӣ сар шуда, аз канори мардумаки чашм гузашта, ба абрӯ мерасад. Дар ҳолати кашидани хати мобайни чашмҳо бояд мардумаки чашм ба нуқтаи рост нигоҳ кунад ва хати убур бояд аз нуқтаи баландтарини болои абрӯ гузарад.
Мӯйҳои иловагиро аз тарафи чап ва рост, аз боло ва поён аз нуктаҳои муайяншуда бичинед ва абрӯҳоятонро ба қолаб дароред.
Дар хотир дошта бошед:
Агар ҳангоми чидани абрӯ дард биёбед, як миқдор пахтаро ба оби гарм тар карда, 1-2 дақиқа ба абрӯҳоятон гузоред. Аз намӣ решаи мӯйҳо нарм ва эҳсоси дард камтар мешавад.
Ҳамеша, пеш аз чидани абрӯ, қошчинак ва абрӯвонатонро бо спирт пок кунед. Ҳангоми чидан қошчинакро ба решаи мӯй ҳарчи наздиктар бидоред, бо дасти дигар пӯстро таранг кунед ва мӯйро ба тарафи авҷаш бичинед.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА