Ду қошуқ творогро бо ду қошуқча равғани растанӣ омехта карда ба муддати 20 дақиқа ба рӯятон молед. Сипас рӯйро бо оби нимгарм шӯед. Ин ниқоб пӯсти хушкро мулоим месозад.
Зардии як тухмро бо як қошуқча асал ва як қошуқи калон равғани растанӣ омехта карда, ба муддати 20-30 дақиқа ба рӯй молед.
НИҚОБ БАРОИ ДАСТОН
Як дона картошкаро дар об пухта аз турбтарошак ё элак гузаронед ва ба он каме шир илова кунед то он ба (каша) табдил ёбад. Ин омехтаро ба дастон моле два баъди 10-15 дақиқа дастонатонро шӯед. Ин ниқоб барои дастон бисёр фоидаовар буда, пӯсти дастонро сафед мекунад.
РЕХТАНИ МӮЙҲО
Якчанд пораи (зубчик) сирро аз дандонаҳои хурди турбтарошак гузаронед. Агар мӯйҳои Шумо равғанин бошанд якчанд чакра, агар мӯйҳои мӯътадил бошанд каме зиёдтар ва агар мӯйҳои хушк бошанд баробари ними хаҷми сири майдакардаатон равғани растанӣ илова намуда, онро ба решаҳои мӯятон молед. Баъди 2 соат мӯйҳоятонро бо шампун шӯед. Ин тарзи муолиҷаро дар як ҳафта 2 бор дар давоми 6 моҳ истифода намоед.
Дар ҳолати асабонияти зиёд ва зудранҷӣ (қаҳролудӣ) Шумо метавонед маҳлули зеринро истифода баред:0,3 стакон шарбати лаблабуи сурхро гирифта, ба муддати 3 соат дар ҷои салқин нигоҳ доред, сипас ба он ҳамон миқдор асали тоза илова намуда, онро дар давоми рӯз истеъмол намоед. Метавонед онро ба 2-3 қисм ҷудо намуда, 30 дақиқа пеш аз хӯрок нӯшед. Бисёр манфиатовар аст.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА