.
Холи мушкин, ки бад-он орази гандумгун аст,
Сирри он дона, ки шуд раҳзани Одам, бо ӯст. Ҳофиз
Бозёфтҳои археологӣ бар онанд, ки ороиши рӯйи занон ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои 2-и то солшумории мо низ вуҷуд доштанд.
Дар ҷашну маросимҳо занон, махсусан арӯсон, рӯи худро бо холҳои сунъӣ оро медоданд. Дар охирҳои асри 19 ва аввалҳои асри 20 байни арӯсони Самарқанду Бухоро ва тоҷикони Нурато чунин холгузории сунъӣ роиҷ буд: аз зарҳал саққочаҳои хурд-хурд сохта, онро бо оби асал ва ё сакич ба ҷойи дилхоҳашон мечаспониданд.
Дар гузашта холҳо натанҳо воситаи ороиш буданд, балки соҳиби холро шахси хушбахт ё худодод мешумориданд. Холҳои сунъӣ дар ороишоти мардуми кӯҳистон бештар вуҷуд дошт ва ба воситаи рангу сӯзан ва ё ресмону сӯзану равған (ресмони пахтагин ё абрешимин) гузошта мешуд.
Дар кӯҳистони Мастчоҳ ва Дарвоз асосан холро байни абрӯвон мегузоштанд ва он «чокак», «хитоб», «теғ», «пешак» ном дошт. Холгузорӣ ё холканӣ амали мураккабу душвор ва дардовар буд.
Дар ҳама давру замон мардум нисбат ба холҳо муносибати якхела надошт. Имрӯзҳо низ мақоми хол на он қадар баланд аст. Аниқтараш, баъзан табибон маҳз холро сабабгори баъзе бемориҳо шуморида, ба воситаи ҷарроҳӣ нест кардани онҳоро тавсия медиҳанд. Аммо, мардум новобаста ба ҳар гуна овозаҳо, бар онанд, ки чӣ қадаре, ки инсон зиёд хол дошта бошад, ҳамон қадар хушбахт мегардад.
Дар Ҳиндустон дар яке аз рӯзҳои баҳор иде таҷлил мешавад бо номи «Халӣ». Ин ид таърихи қадима дошта, мазмунаш ғалабаи некию равшанӣ бар бадию зулмот аст. Ҳама ба ҳамдигар бо рангҳои гуногун холгузорӣ мекунанд.
Имрӯз байни мардумони гуногун холкӯбӣ ва холгузорӣ вуҷуд дорад, ки онро вашмкунӣ низ меноманд. Ин тарзи холгузорӣ ё холкӯбӣ дар гардан, дастон, шонапушт сурат мегирад. Аз қадимулайём холҳо қувваи соҳирӣ низ доштанд. Холҳои доирашакл нишони меҳрубонию холҳои дарозрӯя гувоҳи хушбахтӣ ҳисобида мешуданд. Холҳои байзамонанду дароз бошанд, аз рӯйи эътиқоди қадим сабабгори нохушиҳо будаанд. «Ҳамон қадар ранги хол сиёҳтар бошад, ҳамон қадар нохушии зиёдро чашмдор шудан мумкин» - мегуфтанд. Ҷойи хол низ аҳамият дошт. Мегуфтанд, ки аз рӯи холҳо тақдири одамон муайян карда мешавад. Инак, якчанд пешгӯиҳоро, ки аз рӯи холҳо муайян кардаанд, манзуратон мекунем.
М. Бобомуродова