Марями хурдсол ба гуфтае ҳанӯз аз бозӣ «сер» нашуда буд, ки падар ӯро ба толори варзиш бурд. Ҳамроҳи хоҳаронаш ҳар рӯз бо дили нохоҳам ба тамрин мерафт, чаро ки чандон шавқу рағбат надошт. Гоҳо Марями саркашро модар маҷбур мекард, то варзишро напартояд. Ӯро барои омӯхтани рақси балет ба назди устод Тамара Владимировна бурд ва баъдан дар гимнастикаи бадеӣ низ муддате маҳораташро сайқал бахшид.
- Соле пас касе дигар маро маҷбурӣ ба толори варзиш намебурд. Ихтиёрӣ мерафтам. Иштироки мунтазам дар мусобиқаҳои байнимактабӣ шавқамро ба варзиш афзуд. Ҳар нерусанҷӣ бароям дастовардеро тақдим менамуд. Бахусус, пас аз шаш моҳи тамрин аввалин бор дар мусобиқа ширкат доштам ва доварон ҷойи якумро сазоворам донистанд. Ин ғалаба неруям бахшид.
Баъдан, пайдо намудани дӯстони нав дар риштаи варзиш ва ҳамкорӣ бо варзишгарони шинохтаи ватанию хориҷӣ водорам сохт, то бо пайравӣ ба онҳо дар ин ҷода гомҳои устувор ниҳам. Акнун дигар он духтари якраву гирёнчаки саркаш набудам, баръакс ҳар рӯзи навбатии тамринро интизор мешудам. Беқаророна ба толори варзиш мешитофтам, - ёд меорад Марям Абдураҳимова.
Заҳматҳояш самар доданд. Ширкат дар сабқатҳои байнимактабӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғалабаҳои нав ба навро барояш ҳадия меовард. Руҳаш болидаву хотираш осуда пайи тамрин мешуд. Таътили тобистонаи имсоларо низ пурра ба машқ бахшид. Ҳатто рӯзе се маротиба тамрин мекард, то дар мусобиқаи навбатӣ аз музаффарият бенасиб намонад. Мураббиёнаш раиси Федератсияи таэквондо ITF-и Осиёи Марказӣ, асосгузори ин намуди варзиш дар Тоҷикистон Мирсаид Яҳёев ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ITF Аслиддин Султонов аз талошҳои Марям пай бурданд, ки ӯ воқеан ҳам барои ба даст овардани ғалаба сидқан заҳмат мекашад. Дастгираш шуданд, то ба қуллаи мурод бирасад.
Ниҳоят лаҳзаи интизорӣ фаро расид. Замоне, ки Марям ва ҳамсафонаш дар мусобиқа ширкат варзанду натиҷаи заҳматҳояшонро ба даст оранд.
19 – 27 августи соли равон шаҳри Остонаи кишвари Қазоқистон мизбони 22–юмин Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF буд, ки дар он аз 45 давлати дунё варзишгарон ширкат намуданд. Дар байни зиёда аз 900 довталаб, мунтахаби 24-нафараи Тоҷикистон оид ба таэквондо низ иштирок дошт, ки яке аз узви он Марям буд.
- Бо оғоз ёфтани мусобиқа нахуст ному насаби ман дар таблои варзишгоҳ пайдо шуд. Ровӣ бо овози баланд маро садо мекард. Вуҷудамро эҳсосот фаро гирифт. Арақи хунук аз пешонаам мешорид. Ин лаҳзаҳо устодонам Аслиддин Султонов ва Мирсаид Яҳёев маро бо суханони нерубахш ба майдон баромаданро талқин намуданд. Тамоми қувваро ҷамъ оварда, вориди майдони набард шудам. Духтараки амрикоӣ дар ин муҳориба рақиби аввалинам буд. Дар даври навбатӣ, ки бо юнонидухтар дар ҳарб будам, поям лат хӯрд. Баъдан, бо ҳамин ҳол, бо варзишгардухтари рус қувва озмудам. Ҳамагӣ 20 сония вақт монда буд, ки тақдири ману ҳамсафонам мебоист ҳал гардад.
Аз ҷой хестан бароям душворӣ дошт, зеро аз зарби дарди буҷулаки пой ба замин қадам монда наметавонистам. Суханони мураббиёнам водорам сохт, то тамоми неруи хешро истифода барам. «Мо ба ту бовар дорем. Баромади варзишгарони дигарамон ба ғалабаи ту вобаста аст. Хез, ту метавонӣ!» - гуфтани мураббиён дар гӯшам садо медоданду аз дард лаб зери дандон монда, ҷонҳавл аз ҷой бархостам. 20 сония бобарор анҷом ёфт, - бо хушнудӣ ёд аз ғолибият мекунад Марямбону.
Чемпиондухтар Мар¬ям Абдураҳимова боифтихор қисса аз музаффарияти бадастоварда менамуду чеҳрааш аз ғояти шодӣ медурахшид. Ҳамсафаронаш низ дар ин мусобиқа сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Темур Абдураҳмонов аз зумраи онҳост, ки соҳиби медали тилло гардид.
- Дар ин мусобиқа, ки иборат аз ду давр буд, ҳам дар даври нахустин ва ҳам ниҳоӣ соҳиби медали тилло шудам. Аз ин хотир, сазовори унвони чемпиони Чемпионати XXII ҷаҳон оид ба таэквондо ITF гардидам.
Баъди анҷоми мусобиқа ва эълон шудани ғолибон лаҳзаи супурдани мукофоту туҳфаҳо фаро расид. Табрикоту болои даст партофтанҳо ҳамааш як тараф буд, вале вақте оҳанги Суруди миллии Тоҷикистон толорро фаро гирифту Парчами давлатии Тоҷикистон партавафшон шуд, дилам лабрези шодӣ гашт. Бароям ин лаҳзаҳо фаромӯшношуданиянд. Ин эҳсосот руҳамро болида ва қалбамро пур аз нишоту ифтихор кард.
Соли 2025 дар Италия баргузории чунин мусобиқа дар назар аст. Азм дорам, ки дар он ширкат варзам ва он эҳсосотро бори дигар дар вуҷудам ҳис намоям, - мегӯяд чемпиондухтар.
Марям, агарчи варзиш шуғли дӯстдоштааш бошад ҳам, ба забономӯзӣ шавқу рағбати беандоза дорад. Мекӯшад ҳамқадами замон бошад ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ баҳравар гардад.
- Варзиш тарбияи бадан, обутоб додани хислат аст, бояд ҳар инсон барои солимии бадан ва нерумандии торҳои асаб ба ин ё он намуди машқ пайвандад. Аммо варзиш кори доимӣ буда наметавонад. Аз ин хотир, тасмим гирифтам, ба худ касби пизишкиро интихоб намоям. Оянда мехоҳам табиб шавам ва ба дарди одамон дармон бахшам, - афзуд Марям Абдураҳимова.
АНОҲИТО