Нозанин Лутфуллоева солҳои 2017 литсейи №55-и шаҳри Душанбе, 2021 бо дипломи аъло гурӯҳи англисии бакалавриати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022 Донишгоҳи миллии Евразияи ба номи Л. Н. Гумилёви Ҷумҳурии Қазоқистонро бо дипломи аъло хатм намуд. Алҳол дар шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил дорад.
Ҳини хондан дар литсей дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамеша дастболо буд. Чемпиони пойтахт оид ба шоҳмот аст. Алҳол мураббии Маркази кӯдаконаи шоҳмоти шаҳри душанбе мебошад. Ба варзиши тирандозӣ низ, майл дошт ва дар ин самт 10 карат чемпиони ҷумҳурӣ гардид.
- Аз хурдӣ ба варзиш завқи беандоза доштам. Дар синфи нуҳум моро ба мусобиқаи тирандозӣ бурданд. Сазовори ҷои аввал гаштам, - иброз медорад Нозанин Лутфуллоева.
Аввалин мусобиқаи байналмилалии Нозанин оид ба тирандозӣ байни ҷавонон дар шаҳри Кувейт сурат гирифт ва ӯ дар байни 120 варзишгар ба зинаи 5-ум соҳиб гашт. Дар мусобиқаи нишонгирони кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон (2017), дар бозиҳои Олимпии исломӣ дар шаҳри Бокуи Озарбайҷон ва дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар Олмон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуд.
Нозанин дар заврақронӣ низ, бахт озмуд. Пас аз шаш моҳи тамрин дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ сазовори ҷои ифтихорӣ гардид. Соли 2019 дар чемпионати Осиё дар шаҳри Самарқанд бори аввал дар таърихи кишвар бонуи қаиқрон сазовори ҷои сеюм гашт. Барои ин дастоварди бузурги варзишияш соҳиби медали биринҷӣ ва стипендияи президентӣ шуд.
Нозанин Лутфуллоева устоди варзиш оид ба тирандозӣ ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ мебошад. Моҳи декабри соли 2022 оила барпо намуду худро хушбахт меҳисобад. Бобояш Маҳмадулло Лутфуллоев академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессори адабиёти тоҷик, падараш соҳибкор ва модараш кормандм Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон аст.
Узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба заврақронӣ дар намуди байдарка ва каноэ буда, соли чорум аст, ки дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ кишварро намояндагӣ мекунад. Маҳз Нозанини ҳаждаҳсола нахустин бор дар таърихи диёр медали «Мусобиқаи Осиё»-ро дар риштаи қаиқронӣ байни занон ба Тоҷикистон овард.
- Албатта, варзишро бо дарс пайвастан душвор буд. Субҳи барвақт аз хоб хеста, ба дарс мерафтам, баъд хӯроки нисфирӯзӣ, давдавон ба дарси олмонӣ, пасон ба машқи тирпарронӣ. Шомгоҳон хаставу бемадор ба хона меомадам. Боз ба модарам дар кори хона ёрӣ мерасондам. Вазифаҳои хонагиро бо дастони хаставу афгор тайёр мекардам, - ба ёд меорад духтараки тирандоз.
Соли 2018, ҳангоми омодагӣ ба «Бозиҳои Осиё» дар Индонезия ва Ҷоми ҷаҳон дар Ҷумҳурии Корея, варзишгари ҷавон ҷароҳат бардошт. Табибон шуғл варзидан ба варзишро маслиҳат надоданд.
Мутахассисон танҳо барои барқарор намудани саломатӣ маслиҳати гоҳ - гоҳе ба шиноварӣ ё заврақронӣ машғул шуданро тавсия намуданд. Нозанин қаиқро интихоб кард.
- Мехостам исбот созам, ки ҳар мушкилиро паси сар карда метавонам. Варзиш бо ҳамин як осеб ба итмом намерасад, ҳатто ҳама атрофиён гӯянд, ки ба тақдир тан додан лозим аст. Бисёр мехостам, ки ҷаҳониён аз ҷасорату матонати духтарони тоҷик огоҳ бошанд. Оқибат падару модар ва бобоям ин кӯшишамро дастгирӣ карданд ва дар лаҳзаҳои муайян маслиҳату машваратам медоданд, - ифшо дошт Нозанин.
Дар аввал аз худ кардани байдарка ва каноэ хеле душвор буд. Тамрин байни дарду ашк, обилаву ноумедӣ бо осеби ҷиддӣ сахту сангин буд барояш. Аммо Нозанини пурматонат бо қатъият ва якравии ба худ хос ба сӯи мақсуди хеш устувор қадам мезад. Барфу борон, боду офтоби сӯзон иродаашро нашикастанд. Натиҷаи заҳматҳояш сентябри соли 2018 дар мусобиқаи қаиқронӣ ӯро дастболо намуд ва ӯ беҳтарин заврақрон дониста шуд. Моҳи октябри ҳамон сол ӯ аллакай Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ муаррифӣ кард.
Дар «Бозиҳои Осиё» қаиқронони 25 кишвар: Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва ғайра ширкат карданд. Вай танҳо мехост дар мусобиқаи бузурги байналмилалӣ бошаду ба худ собит созад, ки пас аз осеби гирифта беҳуда худро ғам надодааст.
- Бароям муҳим буд сазовор сабқат намоям. Медал бошад, бароям як чизи дастнорас менамуд. Орзу кардан ҳам наметавонистам. Охир, ман ҳамагӣ чанд моҳ рондани каноэро ёд гирифта будам ва ин нахустнерусанҷиам буд. Аммо мураббиям Нурмухаммади Тохир пеш аз оғоз суханони муҳимро ёфт, ангезаи қавиям дод, - мегӯяд ӯ.
Дастаи Тоҷикистон заврақро мисли тир бо белчаҳо пеш мебурданд. Заврақ дар зарфи 2 дақиқаву 35 сония ба хатти марра расид. Ин натиҷа олӣ буд барои онҳо. Танҳо ҳарифони қазоқу ӯзбек аз духтарони мо пеш гузаштанд.
Нозанин ва дастааш сазовори медали биринҷӣ – нахустин медал дар таърихи Тоҷикистон аз қаиқронӣ байни занон гаштанд.
- Дар як вақт шодӣ ва ашк, лаззат ва қаноатмандӣ аз кори худ фарогирамон буд. Падару модарон низ, аз шодӣ ашк мерехтанд. Ҳеҷ кас интизор набуд, ки дастаи мо ин қадар зуд ба ҳадаф мерасад. Аммо мо тавонистем. Падарам гуфтанд: - Барои мо медали биринҷӣ ба тилло баробар буд, - афзуд Нозанин.
Нозанинро эътирофи мардум, мукофотҳои моддӣ ва унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва стипендияи президентӣ интизор буд. Ӯ ба феҳристи беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон шомил гардид ва соли 2020 беҳтарин духтар варзишгар дар Тоҷикистон шуд. Чанде пеш чемпиони секаратаи Тоҷикистон оид ба заврақронӣ (каноэ) гардид.
Варзишгари ҷавон тамринҳояшро идома дода, ба сӯи мақсадҳои нав бо ғайрат қадам мезанад. Нақша дорад дар чемпионати ҷаҳон, Осиё ва Бозиҳои олимпӣ ширкат варзад.
Сабрина САФАРОВА