Инак, соли 2022 бо ҳама шебу фарозе, ки дошт, сипарӣ мешавад ва дар тақвими солшуморӣ саҳифаи нав боз мегардад ва сад шукр, ки бо лутфи неки сарнавишт ба соли нави милодӣ ворид мешавем. Чун зиндагӣ худ аз неку бад мураттаб аст, мо низ аз соли гузаро дар кӯлбори ёдамон аз рӯйдодҳои ҷомеа хотироти неку бад дорем. Дар ин раванд, хотироти нохуб бештар ба муноқишаҳои охире, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, бастагӣ дорад, зеро он ба қалби модарон андуҳ овард. Хотироти хуб ба дастовардҳо ва амалҳои созандагӣ марбутанд, ки дар он бонувони кишвар саҳми нозудуданӣ доранд. Ба ин хотир, «Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифт ба хонандагон ононеро, ки Тоҷикистонро соли 2022 дар сатҳи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ кардаанд, иттилоъ манзур намояд.
ИЛМ
Дар ин бахш, дастоварди бонувон қобил ба таваҷҷуҳ ва ҳам офарин аст, зеро онҳо тавонистанд тавассути ихтирооташон илми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ созанд. Хосса дар Ҳамоиши 15- уми байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE-2022» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея доир шуд. Форуми мазкур бо ҳузури намояндагони 30 кишвари аъзои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва 500 нафар бонувони ихтироъкор баргузор гашт. Тоҷикистонро дар он 6 бонуе, ки ҳаёташонро дар масири илм бахшидаву бозёфтҳо намудаанд, муаррифгар шуданд. 3 нафарашон - Фирӯза Ҳалимова, Мадина Кариева ва Муқаддас Қурбонова барои ихтирооташон бо медали тилло қадр гардиданд. Зулфия Арабова ва Парвина Олимбойзодаро медали биринҷӣ насиб шуд.
Фараҳбахш он аст, ки аз миёни 500 нафар бонуи ихтироъкор шоҳҷоизаи Форумро олими тоҷик Саврибегим Ёрмамадова барои силсилаи таҳқиқот ва бозёфти илмиаш, ки дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии руҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ба даст омадааст, сазовар гардид.
Дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани ин дастовардҳо на танҳо далели рушди илми тоҷик, балки гувоҳи он мебошад, ки бонувони тоҷик корҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро дар сатҳи ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд.
МАОРИФ
Имсол духтарони навраси мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои ИМА, Венгрия, Италия, Словения, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон баргузор шуданд, дониши хуб нишон додаву бо дастовез баргаштанд. Аз ҷумла, дар Озмуни байналмилалии забонҳои англисӣ ва арабӣ, ки дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср доир шуд, Тоҷикистонро Аслигул Тиллохонова, хатмкардаи факултети забони англисӣ (ихтисоси тарҷумони забони англисӣ)-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муаррифӣ намуд. Ӯ аз Миср бо ҷоиза ва диплом баргашт.
Ҷом ва Шоҳҷоизаи Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» - беҳтарин донандаи забони англисӣ, ки Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон миёни 300 муассисаи таълимии 27 кишвари олам доир намуд, Фирӯза Абдуллоева, хонандаи синфи 10-и «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ба даст овард.
Дар олимпиадаи мазкур Омина Худойқулова - таълимгирандаи «Литсейи давлатии №1»-и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал шуда, бо медали тилло ба Ватан баргашт.
ВАРЗИШ
Баъд аз Истиқлоли Ватан таваҷҷуҳи духтарон ба варзиш афзуд ва ҳоло бонувони моро қариб дар тамоми намудҳои бозиҳои варзиш дидан мумкин аст. Онҳо дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ низ иштироки фаъол доранд. Имсол Ориёно Сафарова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ «East Cup Stars Olympic» (»Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ»), миёни наврасон, ки дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон доир шуд, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Дар мусобиқаи мазкур Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода, Елизавета Стрелникова ҷойи дуюм, Вазира Абдусатторова, Шукрона Саидова, Осия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова ҷойи сеюмро сазовор шуданд. Ба шарофати дастоварди варзишгарбонувон Парчами Тоҷикистон баланд бардоштаву Суруди миллӣ танинандоз шуд.
Соли равон, ҳамчунин, Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (Чунчеон, Корея) соҳиби мақоми савум гардид.
Нигорахон Қурбонова, Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода, Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода дар 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ байни наврасон, дар шаҳри Актауи Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Екатерина Ишенко медали нуқраи 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (Куния, Туркия)-ро дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовор гашт.
Нафарони болозикр аз зумраи варзишгарбонувони ҷасури моанд, ки ба шарофати комёбиҳояшон Парчами давлатӣ берун аз Тоҷикистон баланд шуд.
ФАРЗОНА
ФАРЗОНА