Бисту ду сол мешавад, ки рӯи майдони варзиш аст. То ба ин рӯз ба хазинаи варзиши кишвар медалҳои тилло аз бозиҳои сатҳи ҷаҳониву осиёӣ ворид намудааст. Зуҳро Холова, қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксинг миёни духтарон буда, нахустин бонуи тоҷик аст, ки дар чунин мусобиқа соҳиби медали тилло гаштааст. Аҷибаш он аст, ки ӯ хоҳарбузурге дорад монанди худаш, бо исми Фотима, онҳо дугоник таваллуд шудаанд ва ҳар ду дар варзиш муваффақанд. Соли 2021 мусобиқаи Осиё дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Толори бошукӯҳи варзишӣ, намояндагони зиёда аз 20 давлати дунё. Пахши мустақим. Эълон мекунанд, Зуҳро Холова-қаҳрамони чандкаратаи бозиҳои осиёӣ ва ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон. Вале ҳариф барои қувваозмоӣ ба майдон намебарояд. Мунтазир мешаванд ва вақти ҷудошуда ба анҷом мерасад, Зуҳро ғолиби ҷойи аввали мусобиқаи Осиё мегардад… Барои ба ин сатҳ расидан, ӯ чандин пайроҳаву роҳу шоҳроҳҳоро тай задааст, ки бо шунидани номаш ҳариф ҷуръати ба майдон баромаданро намекунад. Зуҳро духтараке бо симои зебои тоҷикона, чашму абрувони сиёҳу чеҳраи офтобӣ, суханрониву ҷаҳонбиниаш ҷаҳони дигар аст. Ҳама хубиҳову зебоиҳову муҳаббатҳову дастовардҳоро дар ӯ дидан мумкин. Пушти ҳамаи ин дастовардҳое, ки моро сӯи худ кашид, модар - бонуеро дидем, ки бо ҷасорати қавию мардона, тавониста, чаҳор гулдухтарро тарбия, соҳиби маълумот гардондаву дар арсаи байналмилалӣ чун варзишгардухти тоҷик муаррифӣ намудааст. Бале, ин модар буд, ки аз 8–9-солагӣ духтаронро дар баробари таҳсили мактаб боз ба варзиш супурд. Пайваста назорат мебурд, ки фарзандон ҷисман ва руҳан солим ба воя расанд. Хушбахтона, заҳмати модар самар овардаву имрӯз духтарон дар самти варзиш муваффақанд.Модарам маҷбурӣ намеовард, танҳо завқи моро бедору руҳбаланд менамуд. Буданд ҳолатҳое, ки шикаст мехӯрдам, руҳафтода шуда мегуфтам, ки дигар давом намедиҳам. Вале модар бо як ҳисси боварӣ ба мо мегуфт, ки худи зиндагӣ мубориза аст, мо бояд барои ба мақсад расидан доим амал намоем. Ин сухани волои модар моро ба мубориза бурдан водор месохт. Ва ин боварии модар дар дили мо чун шуълаи умед доим фурӯзон аст, - мегӯяд Зуҳро. - Бисёриҳо бар он назаранд, ки варзиш барои зан нест, вале ман бар он ақида устуворам, ки варзиш маҳз барои ҷинси латиф аст, чун аз бонуи солим фарзанди солим ба дунё меояд. Ҳама мушкиливу гирудори рӯзгор бештар ба зан рӯ ба рӯ мешаванд, вақте ки зан ба толори варзиш меояд, ҳар зарбаи ӯ як дард, як мушкилиро дур мекунад. Пас аз тамрин тамоман дигар хел мешавад, ҳолаташ тағйир хӯрда, болидахотиру руҳан хеле сабук мешавад. Ин аст қудрати варзиш барои зан.Дар хонаводаи онҳо варзиши таэквандо ва кикбоксинг мақоми махсус доранд. Зуҳро қаҳрамони сатҳи ҷаҳонӣ дар ин ду самт буда, бештар ба кикбоксинг майл дорад. Вай дар мусобиқаҳои кишварҳои Амрикову Аврупо будаву бо медали тилло ба Ватан баргаштааст.Ӯ иқрор меояд, ки ҳар як дастовараш аз боварӣ ва дастгирии аҳли хонавода сарчашма мегирад.Бештари вақт дар хона бо хоҳарбузургаш Фотима тамрин мекунад. Дар қатори устодонаш Мирсаид Яҳёев, Урун Фурқат ӯ Фотимаро низ ҷой додааст. «Мо дар якҷоягӣ қудрати бузургеро дороем»,- мегӯяд ӯ. Зуҳро аз рӯи ақидаи ба як кас чил ҳунар кам аст, кор гирифтаву дар баробари варзиш ба илмҳои дақиқ низ завқи бештаре дорад. Ҳамин буд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро хатм намуда, дар Вазорати нақлиёт чун муҳосиб фаъолият мебарад. Ҳамчунин, узви Федератсияи таэквандо ва кикбоксинги кишвар аст. Шуруъ аз соли 2008 ҳамчун мураббӣ ба завқмандон ҳунар меомӯзонад.Шогирдони зиёдеро тарбия ва то ба сатҳи бозиҳои ҷаҳонӣ баровардааст. Ӯ ҳунари велосипедронии хуб низ дорад, ки аз шаҳри Душанбе то ағбаи Анзоб муддати се шабонарӯз роҳро тай намудааст. -Дар велосипедронӣ руҳияи инсон дигар мегардад, чун табиати атрофро мушоҳида мекунӣ,ба ҳар як гулу санги кӯҳ назар меафканӣ, ба табиат наздиктар мешавӣ ва онро бештар дӯст медорӣ, - иброз медорад варзишгар. Зуҳро бо кӯдакон кор карданро дӯст медораду аз он илҳом мегирад. Шогирдонаш аксар духтаронанд. Бо ин роҳ мехоҳад сатҳи варзишгарбонувони минбаъдаро дар кишвар зиёд намояд.-Мураббӣ будан бисёр душвор будааст, то замоне мураббӣ нашавӣ, ин ҳиссиётро дарк карда наметавонӣ. Баробари шогирд дар ҳар зӯрозмоӣ мураббӣ азоби руҳӣ мекашад. Вале, инсон бояд дар ҳама самтҳо худро санҷад ва аз зиндагӣ сабақ гирад. Моҳе пеш варзишгарон ва дастпарварони Зуҳро дар чемпионати байналмилалӣ, ки дар шаҳри Тошкент гузашт, ба Тоҷикистон 26 медали тилло оварданд. Зуҳро Холова дар ин чемпионат якумин бонуе буд, ки ҳамчун рефери (ҳакам, судя) интихоб гардид. Ёдовар мешавем, ки на ҳама ҳуқуқи довар шудан дар бозиҳои сатҳи ҷаҳониро ба даст меорад. Чун тақдири варзишгаронро маҳз довар ҳал мекунад. Ва ҳама бовариву уҳдадориро ба Зуҳро бовар намуданд. Ӯ намунаест барои ҷавононе дигар, ки ин пайроҳаро интихоб кардаанд.
Фарзона ВОСЕЕВА