Дар шаҳри Душанбе сохтмони бузургтарин Маҷмааи универсалии варзишӣ идома дорад, ки дар бунёди он беш аз 2 ҳазор нафар ба кор ҷалб шудаанд. Баъди итмоми сохтмон дар назар аст, ки 600 нафар, аз ҷумла занон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт. Ин маҷмаа дар ҳудуди 10 гектар замин наздики боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хайём қомат меафрозад. Фармоишгари маҷмааи мазкур Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони капиталӣ дар шаҳри Душанбе» буда, пудратчии он – ҶДММ «Строй комплекс» мебошад, ки дар радифи он ҳамчунин 19 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ дар корҳои сохтмонӣ фаъолият доранд.
Бо дарназардошти стандартҳои ҷаҳонӣ дар ин маҷмаа кохҳои варзишии пӯшида ва нимпӯш, варзишгоҳҳо ва майдончаҳои теннисбозӣ, ҳавзҳои хурду бузург барои шиноварӣ ва дигар намуди бозиҳои обӣ, қаср барои варзиши рӯи ях ва амсоли инҳо бунёд мегарданд.
Толор ва майдончаҳои варзишии ин маҷмаа дорои 150 то 3 000 ҷойи нишаст барои мухлисон буда, ҳамаи хоҳишмандон – шуруъ аз кӯдакони 7 сола то пиронсолон метавонанд аз бозиҳои варзишӣ баҳравар шаванд.