Дар китоби Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ, ки аз намуди олимпист, духтаре дар ҳабдаҳумин баҳори умраш ҳамчун аввалин варзишгари шамшербози Тоҷикистони соҳибистиқлол дарҷ ёфтааст.
Соли 2011 бори аввал ҳайати варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шамшербозӣ, ки дар шаҳри Катанияи Италия доир гардид, бо Парчами давлатии ҷумҳурӣ вориди майдони муҳориба гаштанд. Нахустин варзишгари тоҷикистонӣ, ки шамшер ба даст рости рақиб боло шуд, Оксана Бакаева буд. Ин гомҳои аввалине буданд, ки дар қиболи дигарон, агарчи шогирдона менамуд, гузошта шуданд ва шарареро дар қалбҳои ҳамватанон барафрӯхт. Оксана, агарчи таҷрибаи кофӣ надошт, танҳо ширкат варзиданаш дар чунин чорабинии сатҳи баланд басанда буд, то нафосату ҷаззобияти шамшербозиро дарк намояд ва ба он дил бандад. Баъди бозгашт ба Ватан дар Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон, ҷиддан ба тамрин пардохт ва тайи шаш сол нозукиҳои шамшерзанӣ омӯхт. Худро вазифадор донист, ки барои рушди ин намуди варзиш дар кишвар кореро ба анҷом расонад ва билохира тасмим гирифт, ки мактаби шамшербозиро созмон диҳад.
Соли 2015 мактаби кӯдаконаи шамшербозиро ифтитоҳ намуд ва дар майдони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии кишвар толореро барои чанд соат ба иҷора гирифт. Муддате кӯдакони зиёде бо шавқ тамрин варзиданд. Аммо дар насб кардани таҷҳизоти зарурии варзишӣ мушкилӣ пеш омад, зеро толори доимиро мебоист бо роҳравҳои алюминӣ, болиштҳо, абзори сабти натиҷаҳо (фиксатор) ва дигар таҷҳизоту анҷомҳои барои шамшербозӣ зарур муҷаҳҳаз намоянд.
Ҳамзамон, Оксана дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия таҳсил менамуд. Ҳамарӯза ба муддати 2 - 3 соат ба тамрин мешитофт ва ҳам дар мактаби созмондодааш ба бачаҳо ҳунари шамшербозӣ меомӯзонд. Бо сабаби набудани толори доимӣ ва хонадоршавӣ ӯ чанд муддат аз варзиш дур шуд.
Баҳори соли 2019 ба Оксана даст дод, ки дар маркази фитнеси Х-Фит (Х-Fit), воқеъ дар шаҳри Душанбе, толори доимӣ дарёбад. Онро пурра муҷаҳҳаз кард ва фаъолияти мактаби шамшербозиро ба таври мукаммал ба роҳ монд.
- Маркази фитнеси номбурда толори худро барои рушди мактаби шамшербозӣ ба таври ройгон пешниҳод намуд, ки бениҳоят миннатдорам. Бо дастгирии Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои тамрини варзишгарон муҳайё гардид, ки бидуни ин наметавонистем фаъолият пеш барем. Зеро барои муҷаҳҳазгардонии чунин мактаб сарфи 30 – 40 ҳазор доллари амрикоӣ рост меояд.
Кӯшидем барои хоҳишмандони ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам орем. Ҳоло дар толори мо дастаи мунтахаби шамшербозони Тоҷикистон тамрин менамоянд. Шароити марказ ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалист ва, агарчи хусусист, барои обутоб додани варзишгарони тоҷике, ки барои сабқатҳои ҷаҳонӣ омодагӣ мегиранд, дари хешро ба таври ройгон боз намуда, барои рушди варзиш дар мамлакат саҳми сазовор дорад, - мегӯяд варзишгарбону.
Оксана дар баробари мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва қораи Осиё дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шамшербозӣ (Будапешт, 2013) ва соли 2015 бо ҳайати дастаи шамшербозони тоҷик дар шаҳри Москва ширкат варзидааст. Агарчи дар сабқати ҷаҳонӣ натиҷаи назаррас ба даст наовард, шамшербозони хурдсол дар бозиҳои ҷомҳои шаҳрҳои Тошканд ва Бишкек, ҳамчунин, Ҷоми Баҳрайн ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Шамшербозӣ, ки аз давраҳои қадим миёни мардуми Шарқу Ғарб маъмул буд, яке аз бозиҳои миллии ниёгони тоҷикон низ маҳсуб меёбад. Соли 1952 Федератсияи шамшербозии ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ муддати тулонӣ аз фаъолият боз монд ва танҳо соли 2008 федератсия аз нав эҳё гардида, бо тарбияи насли нав фаъолиятро ба роҳ монд. Ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб мактабҳои шамшербозӣ мавҷуданд, ки дастпарваронашон миёни ҳам сабқат меварзанд.
- Ҳадафи асосии сабқати варзишӣ шамшерро ба тани рақиб расондан ва эмин мондан аз «неш»-и ханҷари ӯст. Ин варзиш аз рӯи навъҳои истифодабарии силоҳ ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ мешавад, ки асоситарини онҳо сетоанд – рапира, шамшер ва шоф. Дар Тоҷикистон асосан муҳориба бо шамшер ривоҷ ёфтааст. Фикр мекунам, ки ҷолибтаринаш ҳамин аст. Ҳар яки онҳо бо усули зарбарасонии худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Рапира ва шамшер шаклан ба ҳам монанданду танҳо тафовут дар дастаҳояшон аст. Ҳангоме ки пружинаи нӯги онҳо ба бадани рақиб мерасад, аз ҷараёни электрикӣ дар фиксатор натиҷаи зарбаҳо аён мешавад. Дар навъи шамшербозӣ шамшерро метавон ба тамоми бадан расонд, дар рапира ҳадаф танҳо бадан асту ба дасту пойҳо зарба намерасонанд. Шоф силоҳи буранда аст, ки дар он на нӯграсонӣ, балки зарбазанӣ муҳим аст. Аксаран варзишгарони шамшербоз бо рапира ҳам зӯрозмоӣ мекунанд, ки байни ҳам шабоҳат доранд. Шамшербозӣ варзиши ҷолибу ҷаззоб аст, ки бо абзор ва либосҳои зебо дилҳоро тасхир месозад ва либоси махсус ва ниқоб баданро аз шамшер ҳифз менамояд, - тазаккур бидод Оксана.
Рӯ овардани ӯ ба ин намуди варзиш амри тасодуф буд. Яке аз кормандони Федератсияи шамшербозӣ бо хонаводаи онҳо дӯстӣ дошт. Оксанаро ба тамрин даъват намуду духтар аз ҳисси кунҷковӣ ба даст шамшер гирифт. Баъди чанде ба муддати се моҳ барои тамрин ба Чин фиристода шуд ва маҳз дар ун ҷо бо ин намуди варзиш аз наздик ошно гардиду ба он дил баст. Борҳо барои омӯзиш ба мактабҳои шамшербозии Фаронса ва ба ҷамъомаду сабқатҳои варзишӣ ба гӯшаву канори дунё сафар намуд. Дӯстони зиёде пайдо карду худро узви оилаи бузурги шамшербозон ҳисобид ва дарёфт, ки аз роҳи баргузидааш наметавонад канор биравад.
- Дар шамшербозӣ мушкилиҳо зиёданд, чаро ки либос, ниқоб, шамшер ва дигар абзорҳо арзиши гарон доранд. Агарчи аз ҷониби федератсия миқдори муайяни маблағ ҷудо мегардад, дар рафти тамрину сабқатҳо шамшерҳо мешикананд, ки арзиши як адад шамшери тамринӣ 30 – 40 доллари амрикоӣ буда, шамшери аслии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ 120 евро баҳо дорад.
Норасоии шамшерҳо барои тамрини пайваста мушкилӣ пеш меорад. Ҳамаи кӯдакон имкони хариди шамшерро надоранд ва аз шамшерҳои мактаб истифода мебаранд. Ин аст, ки шамшерҳо мешикананд ва мо бояд аз сарчашмаҳои худ онро барқарор намоем ва ё ба кумаки федератсия умед бандем. Шукр, ки назар ба солҳои аввали фаъолияти федератсия ҳоло шамшербозӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ рушд ёфта, дар тамоми ҳудуди кишвар дари мактабҳои шамшербозӣ ба рӯи хоҳишмандон боз аст, - афзуд устоди шамшербоз.
Оксана Бакаева ҳоло дар баробари роҳбари мактаби шамшербозии шаҳри Душанбе будан, сардори шуъбаи маркетинги маркази фитнеси Х-фит аст. Қонеъ аз он аст, ки қисмати худро ба шуғли дӯстдоштанӣ пайвастаасту дар рушди ин санъати муҳорибавии куҳан саҳм мегирад. Бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, то насли нави шамшербозони мумтозро ба арсаи ҷаҳонӣ раҳнамун созад.
Ситора АШӮРОВА