Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва хиттаи ба ҷиҳати иқлим тоза буда, боғу роғу чаманистонҳои биҳиштосояш, кӯҳҳои гардунсояш, обвандҳои нуқравораш, чашмасорони ширинобаву мудовояш, набототу ҳайвоноти нодираш зӯре дорад, ки мардуми кишварҳои гуногунро ҷалб созад.
Мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои дастнохӯрдаи табиии Тоҷикистон барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеан ҳам ҷозибанок доранд. Бо назардошти ин омилҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар арзёбӣ намуда, дар ин замина бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ
Марк ва Матиас - хабарнигорони шабакаи телевизионии SRF-и Швейтсария чанд рӯзе меҳмони кишварамон гардиданд ва аз гӯшаҳои гуногуни он дидан карданд.
- Бори аввал аст, ки меҳмони Тоҷикистон шудем. Мақсади мо шиносоӣ бо Тоҷикистон ва муаррифии ин кишвар дар Аврупо мебошад. Мардумони Аврупо ва умуман ҷаҳон бояд донанд, ки Тоҷикистон кишвари амну осоишта аст. Соҳаи сайёҳӣ дар Аврупо бисёр тараққӣ карда бошад ҳам, мо бояд бисёр чизҳоро аз шумо омӯзем, бахусус меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии тоҷиконаро, ки моро хеле зиёд хуш омад, - бо фараҳмандӣ иброз дошт Марк.
- Шунида будам, ки Тоҷикистонро Швейтсарияи дуюм мегуфтанд ва ин бароям аҷиб менамуд. Ростӣ, боварам намеомад, ки кишвареро монанди ватани худам зебо бубинам. Зеро ҳама медонанд, ки Швейтсария бо риштакӯҳҳои Алп машҳури дунёст. Чун Тоҷикистонро бо чашми сар дидам, ба ин гуфта сад дарсад розӣ шудам. Дар ҳақиқат кӯҳҳои Тоҷикистону Швейтсария ба ҳам шабоҳати зиёд доранд, вале ба ҷиҳати баландӣ кӯҳҳои шумо афзалтаранд, – бо табассум гуфт Матиас.
КӮҲНАВАРДӢ ВА КӮҲГАРДӢ
Ҳамасола баргузор намудани экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ, фестивалҳои минтақавии сайёҳӣ, форуму намоишгоҳҳои байналмилалӣ, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои соҳавии ҷаҳон, бозомӯзии мутахассисони ришта дар як қатор давлатҳои олам ва татбиқи босамари барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи тавонмандиҳои сайёҳии мамлакат ва ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунанд.
Тавре Давлат Ҳабибов - роҳбари Ассотсиатсияи Шӯрои рушди сайёҳӣ, иттилоъ дод, соли 2018 дар ҳайати экспедитсияи байналмилалии фатҳи қуллаи «Исмоили Сомонӣ» аз 20 давлати дунё 125 кӯҳнавард ширкат намуд ва аз онҳо 31 нафар ба фатҳи он даст ёфт.
- Умуман, соли гузашта 300 нафар кӯҳнавард ба кишвари мо ташриф овард. Кӯҳнавардӣ аз сайёҳӣ дида бештар ба варзиш рабт дорад ва ба ин навъи саёҳати фаъол аслан варзишгарони ҳирфаӣ машғул мешаванд. Тибқи омор камтар аз як фоизи гардиши умумии сайёҳӣ дар ҷаҳонро кӯҳнавардӣ ташкил медиҳад. Вале, кӯҳнавардӣ низ дар баробари худ метавонад дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми назаррас дошта бошад. Хуб мебуд, агар имрӯз баҳри ривоҷбахшии соҳа дар баробари кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳи бештар ба намуди сайёҳии кӯҳгардӣ, ки дар ҷаҳон бештар маъмул асту алоқамандони зиёд дорад, равона гардад. Зеро барои ин намуди сайёҳӣ дар кишвар имкониятҳо бисёранду хароҷоти зиёд ва зербинои иловагиро талаб намекунад. Шавқмандон дар хатсайри муайян, ки дар он ҷои хоб ва хӯрду хӯрок мавҷуд аст, пиёда сафар мекунанд ва дар баробари ин бо урфу одат ва фарҳангу рӯзгори мардуми тоҷик ошно мешаванд, - мегӯяд Д. Ҳабибов.
Шамсиддин Қаҳҳоров ҳавонаварди дуюми ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» баробари касби халабонӣ кӯҳнавардиро низ пешаи худ кардааст. Ӯ ягона кӯҳпаймои тоҷик аст, ки фатҳи қуллаи «Исмоили Сомонӣ» ва дигар қуллаҳои ҳафтҳазораи кишвар муяссараш гардиданд. Соли 1999 бахшида ба 1100 - солагии Давлати Сомониён экспедитсияи байналмилалӣ иборат аз 11 нафар, ки роҳбариашро Шамсиддин Қаҳҳоров бар дӯш дошт, қуллаи «Коммунизм»-ро фатҳ намуданд ва он ба қуллаи «Исмоили Сомонӣ» номгузорӣ шуд.
Тавре ин кӯҳпаймои озмуда иброз намуд, кӯҳнавардӣ завқи гаронарзиш аст ва ба ин намуди сайёҳӣ аслан варзишгарону шахсони аз лиҳози молиявӣ муваффақ машғул мешаванд. Дороии кӯҳнавардон низ асосан аз ҳисоби рекламаи ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва маблағҳои муқаррарнамудаи клубҳо ба даст меояд.
- Солҳои қаблӣ кӯҳнавардон маблағи баромадан ба қулларо месупурданд, ки он ҳам 50 доллари амрикоӣ барои қуллаҳои баландиашон то 6 ҳазор метр ва 100 доллар барои қуллаҳои аз он баландтар муқаррар гардида буд. Хушбахтона, соли даҳум аст, ки кишвари мо барои рушди соҳаи сайёҳӣ аз пардохти ин маблағ ҷаҳонгардону кӯҳнавардонро озод намудааст.
Даврони шӯравӣ барои рушди кӯҳнавардӣ унвони ифтихории «Фотеҳи кӯҳҳои баландтарини ИҶШС» («Покоритель высочайших гор СССР») муқаррар шуда буд. Онро байни кӯҳнавардон «Бабри барфӣ» («Снежный барс») ном доданд. Ин унвон дар ҷаҳон эътироф шудааст ва онро ба кӯҳнаварде медиҳанд, ки панҷ қуллаи баландиашон фаротар аз 7 ҳазор метр аз сатҳи баҳрро бо шумули қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» (7495 м.), «Абуалӣ Сино» (7134 м), «Корженевской» (7105 м) воқеъ дар Помир ва ду қулла «Ғалаба» («Победа» 7439 м) ва «Хантегрӣ» (7010 м) дар Тяншон мебошанд, фатҳ карда бошанд. Ин анъанаро дар Тоҷикистон бояд эҳё намоем ва чун бренди сайёҳии кӯҳнавардӣ муаррифӣ кунем, - афзуд мавсуф.
САЙЁҲИИ ЗИМИСТОНА
- Агар мавсими кӯҳнавардӣ дар кишвар танҳо ду-се моҳи тобистон амал кунад, пас мавсими сайёҳӣ дар кишвар тамоми солро фаро мегирад ва бо итминон метавон гуфт, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон дигар мавсимӣ нест, - мегӯяд Ширин Амонзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Мавсуф тазаккур дод, ки имрӯз дар кишвар бошишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ мавҷуданд, ки метавонанд тамоми сол сайёҳону хоҳишмандонро қабул кунанд. Аз ҷумла, Маҷмаи лижаронию сайёҳии «Сафед - Дара», ки дар он мактаби махсуси лижатозӣ низ амал мекунад. Соли 2018 аз ин мавзеъ дар баробари садҳо нафар сокинони кишвар зиёда аз 200 нафар сайёҳи хориҷӣ низ дидан намуд.
Инчунин, мутахассисони соҳа роҳҳои рушди сайёҳии варзишӣ, экстремалӣ, табобатӣ ва дохилиро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Бидуни шак, мавқеву маҷрои рӯдхонаҳои пуртуғёну қуллаҳои дастнорасу пайроҳаҳои мушкилгузари кӯҳистон, мавзеъҳои таърихиву минтақаҳои табииву боғу гулгаштҳои нави кишварамон далелу дастаки хубеанд барои ривоҷ додани ин намуди сайёҳӣ.
МАВҚЕИ ҶАҲОНӢ
Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон, соҳаи сайёҳии кишвар мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намудан дорад.
Дар қатори 10 кишвари ба ҷиҳати сайёҳӣ ҷолибтарин шомил шудани Тоҷикистон худ эътирофи зарфияти билоқувваи кишвари мо дар ин ришта мебошад. Гузашта аз он, ба даҳгонаи беҳтарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, инчунин ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф гардидани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии мамлакат аз фардои дурахшони диёри мо дар ин бахш башорат медиҳанд.
Парвина КАРИМОВА,
омӯзгори МТМУ №82
ноҳияи Сино