Cадои занги телефони мобилиаш баланд шуд. «Рақамҳо ношиносу хориҷӣ… Аҷиб. Шояд тасодуф бошад?», - гуфту гӯширо набардошт. Занги телефон пайи ҳам садо баровард. Мадина таваккал карда, ба занги навбатӣ ҷавоб дод.
- Мураббии дастаи футболи занонаи кишвари Малдив тариқи барномаҳои варзишии телевизион бо бозиҳои дастаи миллии футболи бонувони тоҷик ошно шуда будаст. Намедонам, тавассути кӣ мураббӣ рақами телефони маро пайдо намудааст, ки зангам зада, даъватам кард, то бозингари яке аз дастаҳои бонуфузи футболи занонаи кишвари Малдив бошам. Дар аввал эҳсоси тарс вуҷудамро фаро гирифт. Даъватро рад намудам. Чанде пас боз мураббӣ занг зада, хоҳиш кард, то ақаллан муддати 2 - 3 моҳ дар мусобиқаҳои даста ширкат варзам. Аз волидон маслиҳат пурсидам, зеро барои ба даст овардани розигиашон шубҳа доштам, - иброз медорад Мадина.
Волидон дуои хайраш доданд, то ҷигарбандашон дар ин ҷода муваффақу сарбаланд шавад. Бидуни андешаҳояш, ки пеш аз омадан ба Малдив ӯро нороҳат менамуданд, ҷаҳони наверо дар ин муҳит дид. Эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳматҳояш, ки пас аз ҳар мусобиқаҳо чун бозигари чолоку чаққон худро нишон медод, байни ҳамдастагон бештар афзуд. Агарчи барояш муҳит, забон ва урфу одат бегона буд, муносибати хубу қадрдонии мураббиён водораш намуд, ки ҳамкориро бо дастаҳои футболи занонаи кишвари Малдив идома диҳад.
- Се сол дар дастаи футболи духтаронаи Клапмандиси Малдив дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба футболи занона бозӣ кардам. Муддатест, дар дастаи футболбоздухтарони MPL Maldives бозигарам. Дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ дастболо шудем ва ин бонувони футболбоз ифтихори кишвар ва парчамбардори давлати хеш мебошанд.
Орзу дорам, ки Тоҷикистон низ дорои чунин дастаҳои пурқудрати футболбозон аз ҳисоби духтарон гардад. Омода ҳастам, ки тамоми ҳунару маҳорати омӯхтаамро ба бонувони дӯстдори ин намуди варзиш омӯзонам. Мехоҳам, дастаи футболи номвареро аз ҳисоби духтарони тоҷик таъсис диҳам, ки чун бозигарони эронию малайзиягӣ ва ҳиндую индонезӣ дар ин риштаи варзиш Парчами Тоҷикистонро байни кишварҳои дунё парафшон гардонанд, - афзуд Мадинабону.
Футбол шуғли писарона?
Солҳои аввали шуғл варзидан ба футбол, аз ӯ мепурсиданд, ки чаро варзиши писаронаро интихоб намудааст. Ин пурсишҳо Мадинаро аз раъяш нагардонд. Интихобаш қатъӣ буд ва мебоист дар оянда чун футболбоз маъруф шавад.
- Аз хурдсолӣ бо бачаҳои кӯча футбол мебозидам. Шавқам ба ин намуди варзиш аз чашми волидон дур монд, яъне истеъдодамро дар ин самт эҳсос накарданду напазируфтанд. Онҳо мехостанд, ки мусиқинавоз шавам, - мегӯяд Мадина.
Дар ҳафтсолагӣ модар ба хотири муғаннӣ шудани Мадина ӯро ба мактаби мусиқӣ бурд. Дар муддати чор соли омӯзиш навохтани асбоби мусиқиеро аз худ накард. Зеро хоҳиш ва шавқу рағбат ба мусиқӣ надошт. Модар боз ҳам ба хотири бедор намудани завқи духтар ба ин соҳа ӯро ба намоишҳои консертӣ мебурд, вале бенатиҷа.
Билохира, рӯзе модар гуфт, ки ба кадом шуғле, ки шавқ дорад, онро интихоб намояд.
- Ману ду хоҳарам дар як вақт, соли 2007 шомили дастаи «Ласточка» шудем. Хоҳаронам чанде баъд дастаро тарк гуфтанд. Воқеан, даҳсолае пеш ба футбол шуғл варзидани духтарон байни мардум чандон роиҷ набуд. Ба ҳоли духтарони футболбоз механдиданд. Волидон монеи машқи духтарон дар дастаҳои футбол мешуданд, - таассуфомез мегӯяд Мадина Фозилова.
Шавқ аз ғолибият
Вақте бори аввал дар майдони футбол ҳамроҳи духтарон ба бозӣ баромад, шодии ӯ мураббиро дар ҳайрат овард. Мураббии даста шавқашро дида, тавсифаш мекард. Руҳаш аз таърифҳои устодаш Сулаймон Бобокалонов болида шуда, талош меварзид, то ҳар чи бештару беҳтар усулу қоидаҳои бозиро омӯзад.
- Ҳамчунин, бо дугонаам Наталя Собникова, ки ӯ низ бозингари хуби даста буд, байни ҳам рақобат доштем. Аз ҳамдигар ба қавле ранг мегирифтем ва саъй менамудем, то беҳтару хубтар худро байни ҳамдастагон нишон диҳем, - мегӯяд бонуи футболбоз.
Соли 2007 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаи духтарон, ки бо дастаҳои «Регар», «Хуҷанд» ва «Вахш» доир шуд, «Ласточка» сазовори ҷойи намоён гардид. Мадина аз аввалин ҷоми мусобиқа ва нахустдастовардаш дар варзиш хушҳол гашт. Ин музаффарият боиси давом додани тамрини Мадина дар риштаи футбол гардид.
Дар баробари тамринҳои варзишии ҳаррӯза ӯ ба худ зарур донист, то касберо ба худ интихоб намояд. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
М. Осимӣ супурд. Дар факултаи иқтисодии донишгоҳ панҷ сол таҳсил намуд.
- Шавқ ба шуғл ё ҳунаре боиси пешрафт дар ин ё он ҷода мегардад. Истеъдоди азалӣ дар рушди инсон нақши созгор дорад. Омӯхтани илм ва аз худ намудани забонҳо низ сипарест, ки шахсро дар ҳама ҳолат ҳифз менамояд. Соли аввали ҳамкорӣ бо дастаи футболи хориҷи кишвар мушкили асосӣ - надонистани забони англисӣ азиятам дод. Маҷбур шудам, омӯхтам ва ҳоло метавонам дар ҳар маврид бо дӯстони хориҷиам суҳбат дошта бошам. Бовар дорам, ихтисоси андӯхтаам низ рӯзе дар зиндагӣ ба кор ояд, - бо хушнудӣ гуфт дар хотимаи суҳбат Мадина Фозилова.
АНОҲИТО