Миҷгона Самадова: Донаҳои симини ашк рӯйи гунаҳояш сарозер шудаву ҷилои ононро ҳазорҳо нафар дидаву таърифу таҳсинаш хонданд, ки қаҳрамондухтари тоҷик Ҷоми ҷаҳонро кафи даст бардошту рӯйи зинаи якум по ниҳод. Парчами Тоҷикистон аз ду парчами дигар болотар парафшон шуду Суруди миллии тоҷик дар кишвари Россия танин андохт.
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди кикбоксинг Миҷгона Самадова, ки ҳамакнун узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс аст, дар таърихи бокси тоҷик аввалин бонуест, ки нишони тиллоро ба хазинаи варзиши кишвар овард.
Соли 2021 барои Миҷгона Самадова басо хотирмон омад, зеро аз муштзанӣ ӯ натиҷаҳои хуб ба даст оварда, дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Дубай ҷойи сеюмро соҳиб гашт. Моҳи декабри ҳамон сол дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт», ки дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Россия 139 варзишгарро аз 16 кишвари дунё ба ҳам овард, дар вазни 57 кг миёни бонувон Миҷгона мақоми аввалро сазовор гашта, медали тилло ва ҷоизапулиро дарёфт.
- Дар даври аввали бозӣ, вақте ки бар рақибам аз Муғулистон пирӯз шудам, дар даври дувум мебоист бо Моника Серафин – муштзани пурқуввату ботаҷриба аз Полша зӯрозмоӣ намоям. Вақте бо модарам телефонӣ суҳбат кардам, гиристу гуфт, ки духтарам, эҳтиёт бош, на пирӯзӣ, балки тансиҳатии туро мехоҳам. Сарфи назар аз гуфтаҳои модар, пай бурдам, ки ӯ ба пирӯзии ман бовар дорад. Баъди ғолибият зуд ба модарам сим задаму садои гиряолуди ӯро шунидам, ки мегуфт: «Духтарам, ифтихору обрӯям, хушбахтам, ки туро дорам. Шунидам, ки пирӯз шудӣ, ин бор ҳам натавонистам, ки муҳорибаи туро бинам. Тобу тавони бардошти размҳоятро надорам. Ҳар боре, ки муште сӯи ту мезананд, хаёлам, ки ин зарбаҳои ҷонкоҳ бар ҷигари ман мерезад», - бо эҳсос изҳор намуд Миҷгона.
Модар на як бозӣ, балки аз дидани тамоми сабқатҳои духтар, ки тариқи телевизион ё шабакаи интернетӣ пахш мегардад, рӯ метобад. Ҳатто дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки баъзан модар барои дастгирии ҷигарбандаш қатори тамошогарон менишаст, рӯй сӯйи дигар метофт ё бо кафи дастон чашмонашро панаҳ мекард. Танҳо ҳолати охирине, ки довар дасти ғолиб мебардошт, ҳамонро медиду халос. Ин аст, ки Миҷгона ҳар як пирӯзии худро ба модараш эҳдо менамояд.
- Аксарият мепурсанд, ки чаро пирӯзиҳоятро ба модар мебахшиву ба падар не? Ҳар ду маъво дар мағзу ҷонаманд, ҳатто падарам ҳам сабқате, ки дар Ҷоми ҷаҳон доштам, ҳамроҳ бо модарам тамошо накарда буд. Бародарам диду баъди анҷоми он наздашон омаду гуфт: «Муборак шавад, Миҷгона ғолиб шуд». Ҳар ду ашки шодӣ рехтанд. Падарам гуфт, ки шукр, духтарам қаҳрамонӣ кард.
Модарам дӯсти мушфиқу ёвари дилогоҳи ман аст, ки аз маслиҳату машвараташ пайваста бархӯрдорам. Варзиш шебу фароз, пирӯзиву нокомиҳо дорад ва гоҳо хаставу дилшикаста пеши модар нолон аз тарк кардани он мегуфтам, суханони пандомези модарам малҳами ҷонам буданд, ки бовариамро ба худ афзуда, маро ба сӯйи қуллаи мурод раҳнамун месохтанд. Аз орзуям ҳарф мезад, ки ҳатман рӯзе роҳхати олимпӣ насибам хоҳад гашт, - иброз намуд баҳодурдухтар.
- Овони мактабхонӣ Миҷгона дар МТМУ № 28-и шаҳри Душанбе духтари шӯху бебоке буду баъзан бо бачагон даст ба гиребон мешуд. Барои неруи ӯро ба машғулияти судманде ҷалб кардан, бародараш Давлат Самадов Миҷгонаро, ки дар синфи сеюм таҳсил мекард, бо худ ба толори варзишии «Фог», ба тамошои муҳорибаи тан ба тан бурд.
Варзишро баробари ҷон дӯст медошт ва зери роҳбарии Матлуба Каримова дар ин ришта тамринро шуруъ кард. Пас аз як сол ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. Аз комёбиҳо руҳбаланд бо ҷаҳд пайи тамрин гардид. Соли 2012, айёми таҳсил дар синфи 7, дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои тан ба тан дар шаҳри Сочи ширкат варзида, дар вазни то 48 кг медали тиллоро соҳиб гашт. Соле баъд дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Хуҷанд Миҷгона байни наврасон нишони тиллоро ба даст овард. Соли 2015 муҳорибаи тан ба танро тарк гуфту ба варзиши таэквондо - ITF ва кикбоксинг рӯ овард. Соли 2016 дар Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо доир гардиду Миҷгона дар сабқати миёни наврасон медали биринҷиро соҳиб гашт.
Соли 2017 дар шаҳри Ашқобод Бозиҳои панҷуми Осиё аз кикбоксинг доир шуд. Миҷгонаро мебоист, ки аввалин сабқати худро миёни калонсолон биозмояд ва ин маротиба ҳам пирӯзӣ насиби ӯ гашту медали тиллои сабқатро насиби худ намуд. Соли 2018 низ унвони чемпиони Осиёро дар шаҳри Бишкек сазовор гашт. Аз ҳамаи сабқатҳо бо пирӯзӣ бармегашту аммо ормоне дар дил дошт – аз хурдӣ орзу мекард, ки унвони чемпиони олимпиро низ соҳиб гардад. Ин буд, ки охири соли 2018 ба бокси касбӣ, ки намуди олимпист, рӯ овард.
Аз соли 2018 то кунун Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг чемпиони ҷумҳурӣ оид ба бокс аст. Ҳоло донишҷӯйи соли панҷуми факултети ҳуқуқшиносии Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ буда, аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарият бархӯрдор аст.
Миҷгона дар хонаводаи серфарзанд ба дунё омада, 3 бародар ва 4 хоҳар дорад. Аксарият оиладор, соҳиби фарзандонанд.
- Зиёд шунидаам, ки бародарон садди ба варзиш машғул шудани хоҳарони худ шуда, маҳорату истеъдоди духтаронро нодида мегиранд. Шукр, ки падар ва бародаронам аҳли фаҳманд ва дар хонаводаи мо ҳусни тафоҳуми байниҳамдигарӣ побарҷост. Бобои падариям дар гузашта гӯштигири номие буд ва шояд меҳри варзиш аз шараёни ӯ ба ман мерос монда бошад, - иброз дошт Миҷгона.
Ӯ бештар варзиши кикбоксингро меписандад, ки аз хурдсолӣ ба дилаш маъво ёфтааст. Дар бокс мушкилиҳои зиёде дарёфт, тамринҳои шадид ва зарбаҳои қавиро дучор омад, аммо ба қавли ӯ, маҳз тариқи бокс шуҳратёр гашт.
- Моҳи майи соли равон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Туркия моро интизор аст. Орзу дорам, ки соли 2022 бароям бобарор ояд ва натиҷае, ки дар Ҷоми ҷаҳон ба даст овардам, дар ин чемпионат низ такрор намояму роҳхати олимпиро ба даст орам ва соли 2024 дар Олимпиадаи шаҳри Париж ширкат варзам. Мақсади ягонаи ман ин аст, ки дар олимпиада Парчами Тоҷикистони азизамро парафшон созаму Суруди миллиро замзама намоям, - бигуфт бо як боварии ба худ хос Миҷгона Самадова.
Омина хоҷаева