12 апрели соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ кушодашавии Федератсияи пенчак силати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гашт. Барои Матлуба Каримова ин маросим чун рӯзҳои муқаррарӣ набуд. Ба кишвар овардани ин намуди варзиши размӣ тасмими Матлуба буд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.
Бонувон ва пенчак силат
Матлуба пас аз омӯзиши варзиши размӣ дар кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон орзу дошт, то чунин федератсия дар Тоҷикистон низ дари худро ба рӯи бонувон боз намояд. Ӯ меболад, ки орзуҳояш дар ин ҷода амалӣ гаштанд. Алҳол варзишгарони индонезӣ қоидаҳои пенчак силатро ба ҷавонони варзишдӯст омӯзонда истодаанд.
- Дар ин намуди варзиш ҷавонони тоҷик навомӯзанд. Муддати се сол аст, ки дар кишварамон намуди пенчак силат ба ҷавонон омӯзонда мешавад ва то имрӯз ҳавасмандон барои омӯхтани қоидаҳои он ба толорҳои варзишӣ меоянд.
Дар риштаи пенчак силат ҷавонон дар мусобиқаҳои берун аз кишвар бо варзишгарони давлатҳои ҳамсоя зӯрозмоӣ намуданд ва дар муддати кӯтоҳ музаффарият ба даст оварданд. Онҳо соҳиби 10 медал ва ҷоизаву ифтихорномаҳо шуданд, ки аз ин 1 медали тилло, 2 нуқра мебошад. Алҳол, дар толори варзишии мо 100 нафар ҷавон машқ мекунад. Аз ин миён беш аз 30 нафарро духтарон тащкил медиҳанд, - мегӯяд Матлуба Каримова, раиси Федератсияи пенчак силати Тоҷикистон.
Рӯзҳои ширини кӯдакии Матлуба бо падари варзишгараш дар толорҳои варзишӣ гузаштааст. Падар бо намудҳои гуногуни гӯштӣ номвар гашт ва чун мураббӣ ба ҷавонон муҳорибаи тан ба тан ва гӯштиро омӯзонд. Ҷастухез ва даву пари варзишгарон барои Матлуба бозиҳои кӯдаконаро мемонд. Мислашон амалҳоро анҷом медоду хаставу беҳол шуда, дар кунҷе ором мегирифт ва ҳамин минвол, дар толор хобаш мебурд.
Ӯ нуҳ сол дошт, ки бародараш Бахтибек Каримов дар яке аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст овард ва ин боиси афзудани шавқу ҳаваси Матлуба ба варзиш гардид. Акнун ӯ ҷиддӣ ба тамрин машғул шуд. Аввал машқро аз муҳорибаҳои тан ба тан оғоз намуд, баъдан худро дар риштаи бокс, ҷудо, гӯштӣ ва якҳарбаҳои шарқӣ санҷид. Соли 2019 аз пайи аз худ намудани пенчак силат шуд.
- Пенчак силат дар 70 давлати дунё аллакай роҳандозӣ шудааст. Бахусус, дар кишварҳои Сингапур, Малайзия, Индонезия, Филиппин, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рушд намудааст. Бартарии ин намуди варзиш дар он аст, ки зарба ба сар зада намешавад. Риояи тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамоем, пас бояд ин узви инсон бештар эҳтиёт карда шавад. Аз сахт зарба хӯрдани сар чашмҳо хирабин мешаванд, ҷоғу дандон осеб мебинанд.
Аслан аксари намудҳои варзиш шабоҳати ҳамдигаранд, фақат тарзу усул ва қоидаҳои онҳо аз ҳам фарқ доранду бас. Ин намуди варзиш барои духтарон қулай аст ва алҳол, бонувони зиёд пенчак силатро тамрин менамоянд, - иброз медорад варзишгарбону.
Тиб ва варзиш
Тиб ва варзиш тавъаманд. Яъне, ҳар ду тарғибгари тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ба наврасону ҷавонон омӯзондани қоидаҳои пенчак силат Матлуба Каримова ба бонувоне, ки аз дарди пой ва миён азият мекашанд, дар толорҳои варзишӣ тамринҳои гуногунро роҳандозӣ намудааст. Ҳамчунин, бо кӯдаконе, ки бо баъзе аломатҳои беморӣ роҳ рафта наметавонанд ё ҳаракаташон суст аст ва ба варзиш зарурат доранд, кор мебарад. Ба онҳо роҳравиро меомӯзонад.
- Аз шуғл доштан ба варзиш рӯҳам болида мегардад ва вақте тавассути варзиш ба одамон саломатӣ мебахшам, хотирам шод мешавад.
Табиб шудан ва ба одамон ёрӣ расондан орзуи деринаам буд. Аммо пешаи интихобнамудаам бароям хуб аст. Зеро тариқи варзиш саломатиамро нигоҳ медорам, ҷаҳондида шудам ва Парчами давлатии кишвари азизамро дар чандин мамлакатҳои дунё барафрохтам. Ифтихор дорам, ки садои Суруди Миллӣ ва номи Тоҷикистон аз толорҳои мусобиқаҳои варзишии мамолики хориҷ бори дигар муаррифӣ гардид.
Маҳз тавассути варзиш хонаводаамон соҳибэҳтирому номвар шуданд. Падарам Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ буда, бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Бародарам чор карат чемпиони Осиё, се карат ҷоизадори чемпионати ҷаҳон шуд. Хуллас, аз интихоби пеша пушаймон нестам, - иброз медорад Матлуба.
Ӯ як духтарча дорад. Оминаи чорсола аллакай ба машқу омӯхтани қоидаҳои риштаҳои гӯштӣ шуғл дорад, вале Матлуба мехоҳад оянда фарзандаш пизишк шавад.
- Эҳсос менамоям, ки дар ниҳоди Омина варзишгар шудан ҳаст, зеро дар рӯзи мавлудаш барои худ либоси варзиширо чун туҳфаи зодрӯзӣ интихоб намуд. Хоҳишашро рад накардам. Розиам, ки барои солимии ҷисму рӯҳ ба варзиш шуғл варзад, вале илм ва касберо низ бояд омӯхт, - мегӯяд Матлуба.
Хотира
Аз афзудани сафи духтарон дар самти варзиш хушҳол аст. Ӯ ёд аз замони наврасӣ овард, ки солҳои пеш дар толори варзишӣ кам духтараконро вомехӯрд ва ҳарифонаш одатан писарбачаҳо буданд.
- Дар мусобиқаҳо ҳарифонамро мағлуб менамудам, зеро дар аввал онҳо назарногирона бо ман муносибат мекарданд. Вале ин ҳолат барои ғолибиятро ба даст оварданам, пайти мувофиқ буд, - хандида мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Соли 2011 дар Қазоқистон мусобиқаи Осиё аз намуди лижаронӣ, тирзанӣ аз таппонча ва гӯштӣ дар болои барф барпо гардид. Матлуба Каримова аввалин бону аз Тоҷикистон буд, ки кишвари худро дар ин мусобиқа муаррифӣ намуд.
- Ҳаво хеле сард буд. Ниҳоят вақти оғозёбии мусобиқа ҳароратам баланд шуд. Ҳар боре ҳарифонам аз пешам мегузаштанд, аҳволи маро дида, худ ба худ мегуфтанд, ки ӯ бемор аст. Ин ҳарфҳо ғурурамро боло бурд. Ба сабқат баромадам ва ҳарифони худро мағлуб кардам. Як ҳарифам, ки аз ман 15 кило зиёд вазн дошт, боиси ба даст наовардани медали тилло шуд. Аз он мусобиқа бо медали нуқра баргаштам, - иброз медорад бонуи варзишгар.
Матлуба Каримова соли 2010 ба унвони устоди варзиш дар риштаи бокс ва соли 2012 Мураббии шоистаи Тоҷикистон сазовор гашт. Ин ҳама муваффақияти худ ва бонувони варзишгарро аз дастгирию ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба онҳо медонад.
АНОҲИТО