Тарбияи љисмонї чун љузъи муњими њаёти инсон рафтори шахсро дар тањсил, истењсолот, рўзгор ва муносибатњо ба эътидол оварда, ба њалли масоили иљтимоию иќтисодї, тарбиявї ва бењдоштї наќши муассир мегузорад. Ин аст, ки дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї тарбияи љисмонї чун фанни алоњида ба роњ монда шуда, дар ин самт омўзгоронро низ омода менамоянд.
Боиси тазаккур аст, ки аксар омўзгорони фанни мазкур мардњо буда, бонувон дар ин љода ангуштшуморанд. Бобати ин масъала бо муовини ректор оид ба корњои таълимии Донишкадаи тарбияи љисмонии Тољикистон ба номи Саидмуъмин Рањимов, номзади илми педагогї, устоди варзиши Иттињоди Шўравї оид ба волейбол, раиси Ассотсиатсияи бонувони варзишгари љумњурї Дилором Каримова суњбате оростем.
- Тарбияи љисмонї ва варзиш аслан дар кадом марњилаи рушди инсон метавонад зуд ба ќалб маъво ёфта, дар њаёти ў љойгоњи хосе касб намояд?
- Агарчи дар муассисањои томактабї машѓулиятњои обутоби бадан ва њаракатњо тавассути бозињо роњандозї мегарданд, тарбияи љисмонї чун фанни алоњида асосан дар мактаб таълим дода мешавад. Дар баробари солимгардонии љисм, он ба њолати равонии кўдак низ таъсиргузор аст, то минбаъд моњияти мавзўъ ва масъалањоро амиќ дарк созад. Њамчунин, тарбияи љисмонї хонандагонро ба мењнати судманди љамъиятї омода месозад.
- То чї андоза аз њисоби бонувон омода намудани омўзгорони фанни тарбияи љисмонї зарур аст?
- Донишкада ягона муассисаи олии касбии љумњурист, ки омўзгорони соњаи тарбияи љисмониро омода менамояд. Агар омўзгорони фанни мазкур бонувон бошанд, ќариб њамаи духтарон бо љидду љањд тамрин хоњанд кард, зеро дар њаракати онњо мањдудият аз байн рафта, худро бештар озод њис менамоянд. Либоси варзиширо бахусус духтарони дењот бо камоли майл ба бар мекунанду ќаробати худро бо омўзгор дарк месозанд. Њатто дар симои чунин омўзгор метавонанд идеали худро бинанд ва минбаъд пешаи мазкурро ихтиёр кунанд. Далели ин гуфтањо он аст, ки тайи 9 сол дар МТМУ № 89 шањри Душанбе омўзгори фанни мазкур будам. Дар дарсњои ман духтарон хубтару бењтар омодагї медиданд ва њамеша бањои аъло мегирифтанд.
- Таваљљуњи духтарон ба тањсил дар риштаи варзиш чї гуна аст?
- Дар даврони шўравї духтарони тољик, бахусус аз дењот, ба варзиш нињоят кам рў меоварданд ва бештар бонувони рус дар донишкада тањсил мекарданд. Боиси хурсандист, ки имрўзњо дар њудуди кишвар сафи занону духтарон дар њама намуди варзиш афзудааст. Њатто дар намудњои варзише, ки хоси мардон аст, духтарони тољик тамрин менамоянд ва дар баробари мардњо натиља ба даст меоранд. Масалан, дар људо, самбо, вазнбардорї, бокс, футбол, каратэ, таэквондо ва ѓайра. Њоло дар шиноварї, гимнастикаи бадеї ва камонварї, ки сеюмї варзиши нињоят мураккаб аст, духтарон љиддан тамрин доранду комёбињо ба даст меоранд. Аксари онњо хатмкардагони Донишкадаи тарбияи љисмонї мебошанд.
Аз њисоби донишљўён дар донишкада алњол 250 нафар духтар дар шуъбањои рўзона ва њам ѓоибона тањсил менамояд ва барои љалби бештари онњо ба донишкада аз љониби ректор имтиёзњои зиёд пешбинї шудааст. Духтарон бо хобгоњ ва хўроки якдафъаинаи ройгон таъминанд. Њамчунин, соле ду маротиба онњо бо либосњои варзишї таъмин мегарданд. Духтароне, ки дар Маркази миллии тестї Донишкадаи тарбияи љисмониро интихоб менамоянд, баъд аз супурдани имтињони тестї дар назди њайати комиссияи донишкада имтињони мањорат ва эљодї месупоранд. Раёсати донишгоњ барои љалби онњо ба тањсил дастгирињои зиёд менамояд.
- Сафи бонувони омўзгор дар донишкада чї ќадар аст ва таваљљуњи хатмкардагонро барои идомаи фаъолият дар ин боргоњ чї тавр метавон арзёбї намуд?
- Дар кафедрањои гуманитарї ва тахассусї наздики 70 нафар бонуи омўзгор фаъолият дорад ва беш аз 30 нафари онњо дар кафедрањои тахассусї чун мутахассиси тарбияи љисмонї фаъолият дорад. Онњо низ аз дастгирињои раёсати донишкада бархўрдоранд, аз љумла бо хобгоњ ройгон таъмин мебошанд. Зиёд мехоњам, ки дар факултаи њарбии донишкада, ки аз рўи ду ихтисос – омодагии дифои њарбї ва тарбияи љисмонї мутахассисонро омода менамоянд, духтарон низ ба тањсил љалб гарданд ва минбаъд фаъолияти худро дар ин факулта идома бахшанд ва оянда чун омўзгорони фанни дифои њарбї ва тарбияи љисмонї дар мактабњо низ ба кор пардозанд.
- Аз рўи кадом ихтисосњо донишкада мутахассис омода менамояд?
- Дар донишкада чор факулта аст: факултаи тарбияи љисмонї, ки омўзгорони фанни тарбияи љисмониро омода менамояд, факултаи варзиш њам мураббиёни ин ё он навъи варзиш ва њам омўзгоронро тайёр мекунад, факултаи омодагии дифои њарбї ва факултаи сайёњї –кўњї, ки њам мутахассисони соњаи сайёњї ва њам омўзгоронро тарбия менамояд. Дар факултаи мазкур ихтисоси шорењи варзиш низ мављуд аст, ки њамасола 25 нафар довталаб ќабул карда мешавад ва онњо метавонанд фаъолияти худро дар радиову телевизионњо чун шорењи варзиш шурўъ намоянд. Њамчунин, дар шуъбањои ѓоибона тањсили фосилавї ба роњ монда шудааст.
- Аз 6,5 њазор донишљў њамагї 250 нафар духтаронанд. Мушкили асосии кам рў овардани духтарон ба тањсил дар донишкада дар чист?
- Мушкили асосї аз хонаводањо сар мезанад. Аксаран падарон ва ё бародарон зидди онанд, ки духтарон соњаи мазкурро ихтиёр намоянд. Ё дар раванди тањсил ва пас аз он духтаронро ба шавњар медињанду бо њамин фаъолияти касбии онњо ќатъ мегардад. Бештар љониби шавњар монеи ба бар кардани либоси варзишї ва кор дар ин самт мешаванд. Аммо њастанд хонаводањое, ки ќобилияту истеъдоди духтаронро дастгирї менамоянд. Масалан, ваќте ки банда дар синфи 4 тањсил мекардам, марњум падарам рўзе либоси варзишї ба ман њадия оварду гуфт, ки ба бар гирам. Баъде пўшидам, бо њавас ба ман нигарист ва дастамро гирифта, назди мураббие бурд ва гуфт, ки духтари ман бояд варзишгар шавад.
Имрўз ба чї мартабае, ки расидам, њамааш ба шарофати падари мењрубонам аст. Барои муваффаќ гардидани духтарон дастгирии оила баѓоят муњим аст. Баъдан, ректори донишкада, ки нисбат ба духтарон ѓамхории падарона доранд, дар њолати сар задани нофањмињо волидон ва бародарони духтаронро даъват намуда, суњбат мегузаронанд ва сидќан мекўшанд, то исбот созанд, ки љомеа ба чунин духтарон ниёз дорад, њатто метавонанд дар арсаи љањон парчамбардорони миллат бошанд.
- Барои натиља ба даст овардани варзишгарон чї муњимтар аст?
- Чор намуди омодагї аст: омодагии умумии љисмонї, техникї, тактикї ва омодагии равонї. Дар наќшаи таълимии мо педагогикаи тарбияи љисмонї ва психологияи варзиш љой дорад ва дар тамоми љањон њар як варзишгар равоншиноси худро дорост. Варзишгар, агарчи неруманд аст, њини мусобиќа метавонад ба њолатњои рўњї дучор ояд, амсоли тарсу њарос, навмедї ва ѓайра. Пеш аз сабќат равоншинос тамрини аутогениро (усули равонї, ки њолати рўњии варзишгарро ба эътидол меорад) ба роњ монда, рўњан варзишгарро ба мусобиќа омода менамояд. Хатмкардагони донишкада, њамчунин, метавонанд чун равоншиноси соњаи варзиш фаъолият баранд.
- Аксари бонувони тољик серкоранд ва барои обутоби бадан ваќтро нокифоя медонанд ё машѓули кори серњаракатанду бо он ќаноат менамоянд.
- Кор дигар асту машќ дигар. Берун аз кор шахс бояд дар зењни худ машќварзиро сахт љой дињад, то минбаъд ба он машѓул гашта, баданро мутобиќ гардонад. Баъди рўзи корї, агар шахс ба толори варзиш рў оварда, њадди аќал як соат тамрин намояд, хастагиаш зуд бартараф хоњад шуд. Се намуди варзиши афзалиятнок барои бонувон мављуд аст: варзиши сабук, шиноварї ва гимнастика, ки дар љумњурии мо тамоми шароит барои тамрини онњо фароњам аст. Њатто дар дењањои дурдаст низ бо ташаббуси Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ва љавонмардони хайрхоњ толору майдончањои варзишї сохта, ба истифода дода мешаванд, то мардум аз чунин шароитњои хуб фаровон истифода баранду љисман солим ва рўњан ќавї бошанд.
Омина Хоҷаева