Имрӯзҳо ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани сокинон, аз ҷумла занону кӯдакон, дар саросари ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавзҳои шиноварии хуштарҳу замонавӣ бунёд мегарданд, ки дар радифи шиноварию ҷаҳиш ба об боз як намуди фаъоли обутоби бадан – аквааэробика маъмул мегардад.
Бо Екатерина Измайлова ва Дилбар Очилова – мураббиёни мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба оби шаҳри Душанбе, ки ба тамрини кӯдакон, наврасон ва занон шуғл дошта, ба онҳо нозукиҳои ҳунари шиноварӣ ва аквааэробика меомӯзонанд, ҳамсуҳбат шудем.
- Аквааэробика чист ва оё он навъи варзиш аст ё фитнес?
Екатерина Измайлова:
- Ин маҷмӯи машқҳоест, ки таҳти навои мусиқӣ дар об сурат мегирад. Аквааэробика намуди варзиши алоҳида набуда, як навъи фитнеси обист. Ба он аслан занону духтарон машғул мешаванд ва дар рафти обутоби бадан хавфи бардоштани ҷароҳат куллан истисно мегардад, яъне бехавф аст. Машғулият дар ҳавзҳои пӯшидаи на он қадар чуқур – 1 ва 1,30 метр гузаронда мешавад. Варзиш аслан ба баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва натиҷаҳо нигаронда шудааст. Аквааэробика баръакс, бидуни рақобат ва ғолибият ба инкишофи муназзами мушакҳо ва қавӣ намудани онҳо мусоидат менамояд. Дар ҳама синну сол, бе омодагии ҷисмонӣ шахс метавонад ба он шуғл варзад. Бидуни доштани маҳорати шиноварӣ низ метавон ба он машғул шуд.
- Ғайр аз қавӣ намудани мушакҳо чӣ суди дигаре дорад?
- Инсон муқобилияти табиии обро убур намуда, ба ин тариқ тамоми гурӯҳи мушакҳои баданро ба кор медарорад. Ғайр аз ин, баъди гузарондани бемориҳо ва ҷароҳатгирӣ аквааэробика барои барқарор намудани сиҳатӣ айни муддаост. Боз ҳангоми қатшавии қомат, иллати узвҳои такя ва ҳаракат шуғл ба аквааэробика муфид буда, барои гардиши муътадили хун дар системаи дилу рагҳо, фаъолияти узвҳои нафаскашӣ, бартараф намудани вазни барзиёди бадан, варами пойҳо, рафъи хастагӣ, афсурдаҳолӣ ва бехобӣ манфиатбахш аст. Баъди ҳар як машғулият бо давомнокии 40 – 50 дақиқа шахс тобовариро ба ҳамаи гурӯҳҳои мушакҳо инкишоф дода, чандирии онро меафзояд.
- Сарборӣ то чӣ андоза аст, ки дар бартараф сохтани вазни барзиёд мусоидат менамояд?
- Кас аз хушкӣ дида, дар об бештар неру сарф менамояд. Аз ин рӯ, дар ҳар як машғулият шахс то 300 - 600 килокалорияро аз худ дур месозад. Ду - се моҳи тамрини пайваста ва иҷрои ҳатмии супоришҳои мураббӣ самари хуб ба бор меорад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо аквааэробика, балки ҳамаи намуди варзиши обӣ ба лоғаршавӣ мусоидат менамоянд. Ҳатто ба занон дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди таваллуд барои барқарор намудани мушакҳои бадан судманд аст.
- Ҳастанд нафароне, ки ба онҳо обутоби бадан дар ҳавзҳо манъ аст?
- Бале, ба нафароне, ки аз бемории саръ (эпилепсия), фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои занона, ихтилоҷ, диққи нафас ва бемориҳои пӯст азият мекашанд, тавсия дода намешавад. Лекин нафароне, ки имконияти маҳдуд доранд, зери назорати мураббиён ва назоратчиён метавонанд ба аквааэробика шуғл варзанд.
- Хоҳишмандон барои тамрин ба куҷо муроҷиат намоянд?
- Дар мактаби мо шароити мусоид барои машқи аквааэробика фароҳам нест. Аз ин рӯ, ҳавзи меҳмонхонаи «Сафар»-ро (воқеъ дар шаҳраки 112) ба иҷора гирифта, чунин машқҳоро ба роҳ мемонем. Ғайр аз ин, дар Маҷмааи варзиши обии навбунёд, воқеъ дар назди боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём машқи аквааэробика васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар ин макон ҳавзҳои пӯшидаи занона мавҷуданд ва бонувон метавонанд бе мамониат аз чунин машқҳо истифода баранд.
- Ба бонувони деҳот шояд ягон пешниҳоди алтернативӣ медиҳед?
- Дар шаҳр аксар бонувон дар коргоҳҳо аз меъёр зиёд менишинанд. Онҳо дар биноҳои баландошёна, ҳарчанд ҳаракат кунанд ҳам, мисли бонувони деҳот серҳаракату обутобдида нестанд. Деҳа боду ҳаво ва ғизоҳои тару тоза дорад ва бонувон аз субҳ то шом дар ҳаракатанд. Аз ин рӯ, миёни онҳо нафарони вазни барзиёддошта хеле каманд. Дар ҳолати мавҷуд будани ҳавзҳо, агар бонувон хоҳиш ва вақти фориғ дошта бошанд, метавонанд иловатан ба шиноварӣ машғул шаванд.
- Солҳои пеш ҳавзҳои кушодаи мактаби мазкур дар фасли сармо бо оби гарм таъмин буд ва хоҳишмандон дар ҳавои кушод шиноварӣ меомӯхтанд. Имрӯзҳо ин ҳавзҳо беобанд.
Дилбар Очилова:
- Бонувон ба тамрин меоянд?
- Бале. Вале на барои омодагӣ ба шиноварии касбӣ, балки бештар барои барқарор намудани саломатӣ. Ба нафароне, ки аз чурраи сутунмуҳра азият мекашанд, табибон шиновариро тавсия медиҳанд, то ба ин роҳ сутунмуҳра аз сарбории зиёд эмин бошад. Бонувони нафақахӯр низ муроҷиат менамоянд ва шиноварӣ меомӯзанд. Дар меҳмонхонаи «Сафар» ҳавзҳои мардона ва занона мавҷуданд, ки ба фарҳанги шарқиёнаи мо мутобиқ аст. Дар мактаб бошад бештар кӯдакону духтарон бо тамрин фаро гирифта шудаанд.
- Духтароне, ки тамрин менамоянд, ягон натиҷа ба даст овардаанд?
- Шогирдонам Нозанин Султонова, Эмиля Холиқова, Малика Муродова чемпионҳои ҷумҳурӣ оид ба шиноварӣ ва номзад ба устодони варзиш мебошанд. Сабрина Якубова низ натиҷаҳои хуб нишон медиҳад. Аз писарон Умед Исломзода ва Исфандиёр Ҷаҳонов тӯли ду сол ба гирифтани унвони устодони варзиш шарафёб гардиданд.
- Арзиши машғулиятҳои шиноварӣ чӣ қадар аст?
- Машғулиятҳои мо аслан ройгон мебошанд. Кӯдакон бе ҳеҷ пардохт тамрин менамоянд. Ҳавзҳои пӯшидае, ки ба иҷора мегирем, хароҷоти онро мактаб ба уҳда мегирад. Калонсолон, аз ҷумла бонувон, бо пардохти начандон зиёди маблағ бо тамрин фаро гирифта мешаванд. Нафароне, ки шиновариро омӯхтан мехоҳанд, дари мактаб ҳамеша рӯи онҳо кушода аст.
С. шарифӣ