Бо ақли расову зеҳни гиро ҳамоно камсухан асту ботаҳаммул. Мавзунқомат, ба дидан духтараке ҳалим, аммо ҷасорати мардона, тинати баҳодурона ва зарбаҳои таҳамтанона аз сириштаҳои ӯст.
Аз миёни нуҳ ҷавонмарди майдони набарду сабқати варзиш, ки дар соли 2020 аз ҷониби Ассотсиатсияи журналистони бахши варзиши Тоҷикистон беҳтаринҳо дар кишвар пазируфта шуданд, ӯ ягона духтар аст. Даҳгонаи беҳтарин варзишгари солро Муниса Ойматова пурра намуд ва маҳбубияти мухлисони риштаи таэквондо WT (таэквондои ҷаҳонӣ)-ро дар қораи Осиё ба даст овард.
Муниса дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 1 буда, соли 2019 ба гирифтани унвони устоди дараҷаи байналмилалӣ шарафёб гардидааст. Паси ҳамаи ин комёбиҳо заҳмати чорсола ниҳон аст, ки осон ба даст наомадааст. Соати 5 Муниса хобро тарк гуфта, аз маркази шаҳр сӯи тамрингоҳ, ки дар як гӯшаи Душанбе воқеъ аст, мешитобад. Баъди машқ сӯи мактаб, ба ноҳияи Рӯдакӣ роҳ мепаймояд. Ӯ хонандаи синфи 11-и гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкин аст. Пас аз таҳсил тамрини кроссфит ӯро интизор аст, ки мустаҳкамсозии мушакҳои бадан, тобовариву чолокиро тақозо дорад.
Рӯзе ду дафъа бо ҷаҳд тамрин карданро устодаш Шамсулло Қодиров таъкид дошта, падари Мунисаро, ки мехост фарзандашро дар симои табиби ҳозиқе бубинад, ба қарори қатъӣ хонд. Падар зимоми ихтиёрро ба дасти Муниса дод ва ӯ бе ҳеҷ дудилагӣ роҳи варзишро ихтиёр кард. Устодаш дарёфт, ки духтар дар матонату устуворӣ гавҳари ноёбест ва хато ҳам накард. Пас аз се моҳи тамринҳои пайваста Мунисаи 13-сола дар мусобиқаи ҷумҳуриявии байни наврасон оид ба таэквондо, ки моҳи ноябри соли 2016 дар толори варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ доир гардид, ба се рақиб дастболо шуда, мақоми аввалро соҳиб гашт.
Тобистони соли 2017. Мусобиқаи кушоди Тоҷикистон оид ба таэквондо. Варзишгарон аз кишварҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон дар ин зӯрозмоӣ ба ҳам омаданд. Муниса дар ин сабқат, дар вазни то 49 кило нишони зарринро комёб шуд.
Дар остони соли 2018 низ ин чорабинӣ дар Тоҷикистон бо шумори варзишгарон аз кишварҳои зикршуда доир гардид. Муниса дар рӯзи аввал бо ҷавонон ва рӯзи дувум бо калонсолон (49 кг) зӯрозмоӣ кард ва ду ҷойи аввалро сазовор гашт.
Моҳи майи соли 2018. Қирғизистон. Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо, ин аввалин сабқати Муниса дар хориҷи кишвар буд. Пас аз мағлуб кардани се рақибаш аз кишварҳои Муғулистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон (дар вазни то 49 кг) Муниса медали тиллои чорабиниро ба даст овард. Баъдан, моҳи ноябри ҳамон сол боз дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мусобиқаи кушоди байналмилалии таэквондо доир шуд ва Ш. Қодиров аз сардовари майдон иҷозат дарёфт, ки Муниса дар ду категория – ҳам ҷавонон ва ҳам калонсолон (дар вазни то 49 кг) сабқат варзад, ки баъдан сарфароз бо медалҳои тилло ду маротиба рӯи зинаи якуми шуҳрат мақом гирифт. Пас аз як ҳафта устоду шогирд ба шаҳри Оши ин ҷумҳурӣ парвоз намуданд, дар мусобиқаи дигари байналмилалии ин риштаи варзиш Муниса маҳорат озмуду билохира аз Қирғизистон бо се медали тилло баргашт.
Феврали соли 2019. Мусобиқаи сатҳи рейтингии ҷаҳонӣ маъмул бо номи G 1 аз таэквондо, Аморати Муттаҳидаи Араб. Муниса бори аввал дар чунин сатҳ мебоист қувва озмояд. Пас аз шикаст додани рақибонаш аз Ҳиндустон ва Арабистон, ӯ аз ҳарифи ниҳоии хеш, аз намояндаи Тайланд шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра гашт.
Моҳи марти соли 2019, Қазоқистон. Дар шаҳри Алмаато бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи кушод оид ба таэквондо миёни калонсолон то вазни 49 кг ифтитоҳ ёфт. Шамсулло Қодиров бо се шогирдаш – Муниса Ойматова ва бародарон Абубакр ва Алиҷон Фатҳуллоевҳо дар ин чорабинӣ иштирок намуда, бо се медали тиллои ин ҷашнвора ба Ватан баргаштанд.
Моҳи апрели соли 2019, шаҳри Душанбе. Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо. Дар категорияи ҷавонон Муниса ҷоизадори мусобиқаи кушоди Осиё Покиза Пулатоваро аз Ӯзбекистон шикаст дода, медали тиллоро ба гардан ҳамел намуд. Муниса ҳамзамон байни калонсолон зӯрозмоӣ намуда, дувум медали тиллои чорабиниро молик шуд.
Июли соли 2019, Ҷумҳурии Корея. Мусобиқаи «Корея Опен Чун -Чон», рейтинги G-2. Муниса дар даври финалӣ бо ҳисоби ночизе аз рақиби рус мағлуб шуд ва мақоми дувумро касб кард. Пас аз ҳафтае ӯ дар чемпионати кушоди байналмилалӣ оид ба таэквондо «Kimunyong-Cup»-и шаҳри Сеул зӯрозмоӣ намуда, ду рақибро аз Корея ва дуи дигарро аз Тайланд шикаст дод ва медали тиллоро ба даст овард. Варзишгари Россия, ки бар Муниса пирӯз омада буд, дар ин сабқат аз ҳарифи кореягӣ шикаст хӯрд. Кореягиро бошад, Муниса мағлуб кард ва ҳамин тавр, аз ватани таэквондо варзишгари тоҷик бо ду медал – нуқра ва тилло баргашт.
Сентябри соли 2019, шаҳри Бейрут, Лубнон. Муниса якояк ҳарифонро шикаст доду дар даври финалӣ бо рақиби пурқувват Шамс Аҳмад, варзишгари суриягӣ, ки ҷоизадори бозиҳои Осиё буд, рӯ ба рӯ шуд. Ҳариф сӯи устоду шогирди тоҷикистонӣ назари тамасхуромезе намуду ба ҳамраҳонаш фармуд, ки парчами кишварашро омода намоянд, то баъди шикаст додани ҳариф парчам ба даст давродаври майдон чархад. Ш. Қодиров ба Муниса рӯ оварду гуфт: «Нигарон мабош, яқин аст, ки парчам ба даст майдонро ту давр хоҳӣ зад». Баъди рақобати шадид довари майдон дасти Мунисаро боло бардошт. Ӯ ғолиб омад. Шамс Аҳмад худро ба замин афканду гирист.
29 -30 сентябри соли 2019, шаҳри Кӯлоб. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Муниса дар вазни хеш нишони тиллоро ба даст оварда, ҳамзамон дар сабқати гурӯҳӣ дастаи бонувони таэквондочии шаҳри Душанберо сазовори ҷойи аввал намуд.
10 ноябри соли 2019, Ӯзбекистон. Дар мусобиқаи кушоди шаҳри Бухоро Муниса чаҳор рақибро бо ҳисобҳои калон дар сонияҳои аввал мағлуб кард, ки ҳатто посдорони қасри варзиш дидбонгоҳи хешро тарк гуфта, ба набарди тоҷикдухтар рӯ оварданд. Нишони заррин соҳиби хешро дарёфт.
Моҳи феврали соли 2020, Аморати Муттаҳидаи Араб. Мусобиқаи байналмилалии сатҳи баланди G-2 «Fujairah Open». Пас аз рақобати шадид Муниса ба се рақиб пирӯз омад ва дар даври ниманиҳоӣ мебоист бо варзишгари қазоқистонӣ қувва озмояд. Падари Муниса, ки собиқ варзишгари гӯштини ҷудо асту ҳар сафар духтарашро ҳамраҳӣ менамояд, ин навбат ба бозии варзишгари қазоқ зеҳн монду ба мураббии духтараш гуфт: «Қазоқ варзишгари беҳамтост. Ба гумон аст, ки Муниса бар ӯ ғолиб ояд». Мураббӣ гуфт, ки ба неру ва зеҳни шогирдаш итминони комил дорад. Баъди ҳисоби мусовӣ ҳар ду ба даври тиллоӣ раҳ ёфт, ки баъдан пирӯзӣ насиби Муниса гашт. Дар даври финалӣ ҳарифи покистониро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. Ин аввалин медали тиллои ӯ дар сатҳи рейтинги G-2 буд.
Моҳи марти соли 2020 ин гурддухтар дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни калонсолон дар вазни то 49 кг ва моҳи октябри ҳамон сол дар мусобиқаи ҷумҳуриявии байни калонсолон ду нишони тиллоро соҳиб гардид. Бо сабаби хуруҷи бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳо Муниса дар соли 2020 танҳо се медали тилло ба даст овард. Дар маҷмӯъ, 18 маротиба Парчами Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар бо ифтихор барафрохта, ба хазинаи варзишии кишвар 15 нишони тилло ва 3 нуқра зам намуд.
Ситора АШӮРОВА