Дар беҳдошти саломатӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, рушди ҳамаҷонибаи ҷисмонӣ ва омодагӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нақши муҳим мебозанд. Солимгардонии ҷисм ба неруи зеҳнӣ таъсири амиқ гузошта, ба ташаккули сифатҳои ахлоқӣ низ мусоидат мекунад.
Бо дарки моҳияти масъала, бо муҳайё сохтани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар замони соҳибистиқлолӣ сафи бонувони варзишгар бамаротиб афзуд. Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ иштирокдори мустақил гардаду дар он саҳмгузор бошад. Тибқи омор имрӯзҳо дар муассисаҳои давлатии варзишии ҷумҳурӣ 48 ҳазору 251 нафар ҳамчун варзишгари касбӣ фаъолият дошта, аз ин миён 5 787 нафари онҳо бонувонанд.
- Баъди соҳибистиқлолии кишвар варзишгарони тоҷик соли 1996 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Атланта (ИМА) ширкат варзиданд ва соли 2000 бонувони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои олимпии шаҳри Сидней роҳхат гирифтанд. Аз ҳамин давра иштироки онҳо дар сатҳи баланди бозиҳои варзишӣ дар ҷаҳон шурӯъ шуд. Вобаста ба имкониятҳои он айём натиҷаҳои бадастовардаи бонувон хуб арзёбӣ мегардид. Роҳҳои тайнамудаи варзишгарон самараи хуб ба бор овард ва соли 2012 дар Бозиҳои олимпии шаҳри Лондон муштзан Мавзуна Чориева ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид, - иброз дошт Суҳроб Акбаршо, сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар самти варзиши касбӣ, намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпии варзиш бонувони варзишгари мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ натиҷаҳои назарраси варзишӣ нишон додаанд. Гулсара Дадабоева ва Галина Митяева дар варзиши сабук, Сурайё Ҷумъаева дар тирпарронӣ, Гавҳар Раҷабова дар камонварӣ, Наталя Шлемова дар ҷаҳиш ба об, Дилбар Камолова дар муҳорибаи озод, Дилбар Султонова дар самбо ва дигарон дар феҳристи беҳтарин варзишгарони ин давра қарор доранд.
Дар санъати муҳорибавии таэквон-до (ITF) варзишгарбонувони тоҷик беш аз ҳама натиҷаҳои баланд нишон додаанд ва метавон гуфт, ки Федератсияи таэквондои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мирсаид Яҳёев бо беш аз 20 чемпиони ҷаҳон ва беш аз 350 дорандаи камарбанди сиёҳ тавонист мактаби асили чемпионҳо гардад. Шаҳло Муҳаммадраҳимова аз аввалин бонуи таэквондочии тоҷик аст, ки нишони тиллоии чемпионати ҷаҳонро дар Словения (2007) ба даст овард. Таэквондочӣ Сабина Тағойназарова дар чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд (2008) миёни наврасон ҷойи аввалро соҳиб гашта, мақоми дувумро дар чемпионати ҷаҳон (ш. Санкт-Петербург, 2009) ва ҷойи 1-умро дар чемпионати ҷаҳон (ш. Минск, 2010) ба даст овардааст. Нодира Исоева, дастпарвари дигари ин мактаб, чемпиони панҷкаратаи Осиё оид ба таэквондо -ITF (Федератсияи байналмилалии таэквондо) буда, се маротиба чемпиони қораи Осиё дар варзиши кикбоксинг аст.
Соли 2009 Дилбар Камолова бори аввал дар арсаи байналмилалӣ дар муҳорибаи озод ва юнониву римӣ дар шаҳри Нитсеи Фаронса аввалин нишони биринҷиро соҳиб гашт.
Гурзпарто Галина Митяева таҳти роҳбарии Дилшод Назаров ду маротиба ба гирифтани нишонҳои заррини Чемпионати Осиё мушарраф гашта, чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон ва ғолиби чанд мусобиқаҳои байналмилалӣ дониста шуд.
Миҷгона Самадова дар муҳорибаи тан ба тан дар шаҳри Сочи (2012) миёни варзишгарони 40 кишвар ҷойи аввалро гирифта, бо ду нишони тиллоӣ ба Ватан баргашт. Соли 2013 дар чемпионати байналмилалӣ дар шаҳри Калуга аз рӯи ин навъи варзиш низ ба зинаи аввали шуҳрат баромад. Соли 2016 дар Италия дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо -ITF ширкат варзида, миёни варзишгарони 62 кишвари ҷаҳон ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид.
Шоира Зулқайнарова дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Нижневартовск (2016) миёни 130 варзишгар аз 14 кишвари ҷаҳон ба дарёфти нишони нуқра шарафёб шуд. Дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни бонувон, ки соли 2015 дар Чин доир гашт, нишони биринҷии мусобиқаро ба даст овард ва ҳамон сол ба даҳгонаи беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон шомил шуд.
Шоҳмотбози мумтоз Мутриба Ҳотамӣ чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон, дар мусобиқоти байналмилалии шаҳри Чулпонотаи Қирғизистон (2019) дар категорияи «А» миёни занҳо соҳиби нишони тилло гардид.
Шоҳида Қаландарова дар риштаи варзиши ҷудо дар мусобиқаи байналмилалии Open ASIA барандаи нишони тилло гашт. Соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Кипр бо нишони биринҷӣ ва соли 2015 дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё дар ӯзбекистон нишони заррин ба даст овард. Соли 2019 дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон дар Қирғизистон низ нишони тиллоро насиб гашт.
- Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар баробари мардҳо варзишгарбонувон низ парчамбардори миллат гаштанд. Имрӯз дар намуди самбо, ҷудо, вазнбардорӣ, варзиши сабук, бокс ва ғайра беҳтарин бонувони варзишгар дорем, ки қаблан ин намудҳои варзиш хоси мардон дониста мешуд. Дар тақвими чорабиниҳои варзишӣ мусобиқа оид ба бокс миёни бонувон доир намегардид. Баъди пирӯзии Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпии шаҳри Лондон шумораи зиёди толорҳои варзишӣ барои бонувон на танҳо дар риштаи бокс, балки дар тамоми намудҳои варзиш афзуд. Имрӯзҳо чемпионати ҷумҳурӣ оид ба бокс байни бонувон доир мегардад. Дастаи мунтахаби футболи бонувон низ алҳол дар Осиёи Марказӣ мавқеи худро мустаҳкам намудааст, - иброз дошт Носир Бозоров, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши кумита.
- Варзишгарбонувони тоҷик дар ин давра дар самтҳои гуногуни варзиш корҳои илмӣ низ анҷом додаанд. 5 бонуи варзишгар ба гирифтани унвони илмии самти варзиш ноил гашт, ки ин такони ҷиддие дар рушди соҳаи варзиши мамлакат гардид, - иброз дошт С. Акбаршо.
Дилором Каримова - номзад ба устоди варзиш оид ба волейболи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирифтани унвони номзади илмҳои педагогӣ, Мунаввара Саидова - номзад ба устоди варзиши сабук ба дарёфти унвони доктори илмҳои иқтисодии соҳаи варзиш, Лидия Тубанова - номзад ба устоди варзиши мотокросс ба унвони номзади илмҳои педагогӣ, Бунафша Қаландарбекова - соҳиби дараҷаи 1-и варзишӣ оид ба баскетбол ба гирифтани унвони номзади илмҳои педагогӣ мушарраф гардидаанд.
- Дар давраи соҳибистиқлолӣ иншооти хурду бузурги варзишӣ ба таври бесобиқа ба истифода дода шудаанд. Айёми кӯдакии мо дар давраи шӯравӣ сипарӣ гашт ва имрӯз дар қиёс ба он замон гуфтаниям, ки кош аз нав ҷавон гашта, аз чунин неъматҳои истиқлолият самаранок истифода барам, - афзуд Носир Бозоров.
С. ШАРИФӢ