Ба як нигоҳ наметавон ӯро аз ҳамтоёнаш фарқ кард – болобаланд асту лоғарандому сафедгуна ва дар чеҳраи гарму самимияш табассуми нарм шукуфо. Ин духтари шаҳлочашми гесудароз дар гузораи умри хеш зиёд тамрини бадан кардаву дар муҳорибаҳои варзишӣ маротибҳо дастболо гаштааст.
Боре Соҳиба Азизоваро барои иӌрои нақши эпизодӣ дар филми мустанаде, ки сабти он дар ноҳияи Файзобод ӌараён дошт, даъват намуданд. Аввалин бор болои асп нишасту аз ҳаяӌон дилаш ба тапиш омад. Асп зуд ром шуду духтар бовар кард, ки дигар зимоми ихтиёр бар дасти ӯст. Баногаҳ чун тири аз камон ӌаста асп сӯи адир хез гирифт ва Соҳибаи ҳаросон аз бетаӌрибагӣ лаӌомро ҳуй доду аз қоши зин дудаста маҳкам дошт. Аз суръати баланд кулоҳ як сӯ ва гарданпечаш сӯи дигар ҳамел хӯрд. Лаҳзае пас асп ором шуду ба майдони сабт баргашт.
ӯе, ки дар 21 соли умри хеш дар санъати муҳорибаи варзишӣ устувона сабзидаву обутоб ёфта буд, бо тамоми вуӌуд эҳсос кард, ки саҳфаи тозае аз дунёи аспу аспдавонӣ ба рӯяш во гашта. Муддате чанд таассуроти бардоштааш ӯро тарк нагуфт ва билохира соли 2017 ба суроғи асп роҳ пеш гирифт сӯи Наврӯзгоҳи пойтахт. Устоди варзиши аспдавонӣ Каримӌон Саидов ба матлаби духтар гӯш доду аз хавфу хатари асптозӣ ҳарф зад. Соҳиба аз қатъӣ будани азми хеш гуфту собит кард, ки бо дунёи варзиши муҳорибавӣ кайҳост, ки ошност. Ризоият ба даст оварду зери роҳбарии ин устод ба тамрин пардохт.
Рӯзҳои аввали болои асп тозиданҳо барои ӯ гарон афтод. Рӯзе дар майдони аспдавонии Наврӯзгоҳ ба аспи шӯхшангу бозигаре нишаст. Соҳиба ба ӌасту хези ногаҳонӣ ва мисли бод давиданҳои ӯ тоб наоварда, афтиду пояш дар рикоб дармонд. Асп ӯро думболи худ кашола карду духтарак осеби сахти ӌисмонӣ дид. Баъди ин ҳодиса тасмим гирифт, ки аз ин шуғл даст кашад. Аммо мақоли «Моргазида аз банди ало метарсад» ба тинати мардонагии ӯ ҳеӌ рабте надошт. Пас аз чанд муддат ӯ боз ба тамрин баргашту афтиду хест, дасту дандон ҳам шикаст, вале бо ғайрату ӌасорати зиёд маҳорати баланди човандозиро аз бар намуд.
Асперо, ки барои тамрин ҳар рӯз саворӣ мекард, баробари ӌон дӯст дошт ва қандҳоро худ намехӯрду ба ӯ ҳадия менамуд. Ҳатто намехост ғайри ӯ дигар касе савори ин асп шавад. Аз дунёи асп ва эҳсоси ӯ зиёд бохабар гашт.
- Асп тарсу ваҳми инсонро ба зудӣ пай мебарад ва мекӯшад, ки чунин нафарро ҳарчи зудтар аз хонаи зин дур афканад, то ба ин васила дигарбора он шахс кӯшиши ба ӯ нишастан накунад. Баръакс, одамони бидуни тарс ва ӌасурро ҳис менамояд ва ором мегирад. Аспе доштам гарданшаху бадӌаҳл, ки ҳар нафаре болояш менишаст, ба замин меафканд. Бо чӯбчае ба ӯ таҳдид мекардам, ки шиҳа мекашиду ашк мерехт. Баъди меҳрубониҳоям меболиду менозид, - қисса кард Соҳиба.
ӯ, ки аз хурдсолӣ ба варзиши каратэ рӯ оварда буду дар ин ришта низ таӌрибаи баланд дошт, моҳи феврали соли 2020 ба шаҳри Тошканд барои иштирок дар мусобиқаи варзишии «Узбек ӌанг санъати» (Оzbek jang sanati) байни наврасону ӌавонон дар ин намуди варзиш даъват гардид. Баъди ба даст овардани ӌойи аввал ба ӯ кишвари мизбон пешниҳоди ширкат дар сабқати аспдавонӣ намуд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалии аспсаворӣ миёни 10 кишвари Осиё Соҳиба Азизова ба гирифтани мақоми аввал сазовор гашт ва бо ду ӌоизаи аввали ин мусобиқа ба Ватан баргашт.
Аввалин бор дар синни 11 бо хоҳиши зиёди модар ба каратэ рӯ овард, аммо онро ҳеӌ намеписандид. Баъди як соли тамрин боре тариқи телевизион варзишгареро нишон ба гардан дид, ки болои сараш парчами кишвар парафшонӣ мекард. Аз фараҳу нишот ашк рехтанҳои ӯро дида, мутаассир гашт. Дигар ӌиддан ба тамрин пардохт ва баъди ду сол ба намуди варзиши каратэ - кёкушинкай шуғл варзид. Баъди 5 моҳи тамрин бо варзишгардухтари ботаӌрибае қувва озмуд ва бозиро бохт. Ба худ қавл дод, ки маротибаи дигар ҳатман ба ӯ ғолиб ояд ва чунин ҳам шуд. Ӌасорати духтарак аз мадди назари устодони варзиши якҳарбаҳои шарқӣ дур намонд. Соҳиба иштирокчии ҳамешагии чанд навъи мусобиқаҳо гардид. ӯ кунун нозукиҳои муҳорибаи тан ба тан, ушу - санда ва каратэ - шотоканро ба хубӣ омӯхта буд.
Моҳи декабри соли 2015 дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба каратэ – кёкушинкай байни кӯдакон ва наврасон дар вазни то 60 кг Соҳиба сазовори ӌойи дувум ва 19-уми ноябри соли 2016 дар ин навъи варзиш ӌойи аввалро ба даст овард. Моҳи августи соли 2016 дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба гӯштини тарзи озод дар вазни то 60 кг низ ӌоизаи аввали сабқатро соҳиб гашт.
Моҳи июли соли 2018 дар мусобиқаи кушоди шаҳри Ваҳдат оид ба варзиши кудо К-1 байни наврасону ӌавонон мақоми аввалро касб кард ва моҳи августи ҳамон сол бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар мусобиқаи ӌумҳуриявӣ оид ба ушу байни наврасон ва ӌавонон низ ӌойи аввалро ба даст овард.
Соҳиба алҳол донишӌӯи курси 4-уми риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоӌикистон аст. Тӯли 5 сол ризокори Кумитаи кор бо ӌавонон ва варзиши кишвар буда, дар ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб миёни наврасону ӌавонон ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳит саҳми назаррас дорад.
Чун фарзанди бузурги хонадон ду бародари мактабхонашро ба варзиш ва обутоби бадан таҳрик дода, шарики бурду бохти онҳост. Соли сеюм аст, ки бародаронаш дар варзиши ушу - санда тамрин ва қувва меозмоянд. Гоҳе фориғ аз ҳама кор Соҳиба бо бародаронаш сӯи майдони Наврӯзгоҳи пойтахт мешитобаду ба онҳо ҳунари аспсаворӣ меомӯзонад. Волидон аз шуғли фарзандон агарчи қаноатманданд, ҳамоно дар оғози по ниҳодани Соҳиба ба арсаи санъати ӌангварӣ аз тансиҳатии ӯ хавф мебурданд, вале баъди дастоварду музаффариятҳои духтар ташвишу беқарориро канор гузоштанду дигар монеъ нашуданд.
Моҳи апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе Соҳиба аз интихоби байналмилалӣ оид ба каратэ -до шотокан таҳти роҳбарии устоди дараӌаи байналмилалӣ Игор Садовников аз Россия сарбаландона гузашта, барои ширкат дар чемпионати ӌаҳон оид ба греплинг (шабеҳи муҳорибаи тан ба тан) дар шаҳри Абу-Дабии АМА роҳхат гирифт. Аммо бо сабаби хуруӌи сирояти коронавирус сафари ӯ ба таъхир афтод.
Алҳол Соҳиба дар маӌмаи варзишии «Аҳмад - сила»-и пойтахт зери роҳбарии мураббӣ Раӌабалӣ Баёнов аз муҳорибаи тан ба тан тамрин дорад ва барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии мазкур омодагӣ мегирад.
- Дар варзиши навъи греплинг бори нахуст аст, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат меварзам. То ба эътидол омадани вазъ мекӯшам, ки ягон лаҳза аз тамрин дур намонам ва бо омодагии ӌиддӣ дар ин чорабинии варзишӣ ширкат намояму ба орзуи дерини худ бирасам, парчами Тоӌикистони азизро дар ӌаҳон парафшон созам, - мегӯяд варзишгардухтари ӌавон Соҳиба Азизова.
Бале, он ки дар роҳи орзу қадам бармедорад, дар айни комёбӣ аст.
С. Шарифӣ
Ба як нигоњ наметавон ўро аз њамтоёнаш фарќ кард – болобаланд асту лоѓарандому сафедгуна ва дар чењраи гарму самимияш табассуми нарм шукуфо. Ин духтари шањлочашми гесудароз дар гузораи умри хеш зиёд тамрини бадан кардаву дар муњорибањои варзишї маротибњо дастболо гаштааст.
Боре Соњиба Азизоваро барои иљрои наќши эпизодї дар филми мустанаде, ки сабти он дар ноњияи Файзобод љараён дошт, даъват намуданд. Аввалин бор болои асп нишасту аз њаяљон дилаш ба тапиш омад. Асп зуд ром шуду духтар бовар кард, ки дигар зимоми ихтиёр бар дасти ўст. Баногањ чун тири аз камон љаста асп сўи адир хез гирифт ва Соњибаи њаросон аз бетаљрибагї лаљомро њуй доду аз ќоши зин дудаста мањкам дошт. Аз суръати баланд кулоњ як сў ва гарданпечаш сўи дигар њамел хўрд. Лањзае пас асп ором шуду ба майдони сабт баргашт.
Ўе, ки дар 21 соли умри хеш дар санъати муњорибаи варзишї устувона сабзидаву обутоб ёфта буд, бо тамоми вуљуд эњсос кард, ки сањфаи тозае аз дунёи аспу аспдавонї ба рўяш во гашта. Муддате чанд таассуроти бардоштааш ўро тарк нагуфт ва билохира соли 2017 ба суроѓи асп роњ пеш гирифт сўи Наврўзгоњи пойтахт. Устоди варзиши аспдавонї Каримљон Саидов ба матлаби духтар гўш доду аз хавфу хатари асптозї њарф зад. Соњиба аз ќатъї будани азми хеш гуфту собит кард, ки бо дунёи варзиши муњорибавї кайњост, ки ошност. Ризоият ба даст оварду зери роњбарии ин устод ба тамрин пардохт.
Рўзњои аввали болои асп тозиданњо барои ў гарон афтод. Рўзе дар майдони аспдавонии Наврўзгоњ ба аспи шўхшангу бозигаре нишаст. Соњиба ба љасту хези ногањонї ва мисли бод давиданњои ў тоб наоварда, афтиду пояш дар рикоб дармонд. Асп ўро думболи худ кашола карду духтарак осеби сахти љисмонї дид. Баъди ин њодиса тасмим гирифт, ки аз ин шуѓл даст кашад. Аммо маќоли «Моргазида аз банди ало метарсад» ба тинати мардонагии ў њељ рабте надошт. Пас аз чанд муддат ў боз ба тамрин баргашту афтиду хест, дасту дандон њам шикаст, вале бо ѓайрату љасорати зиёд мањорати баланди човандозиро аз бар намуд.
Асперо, ки барои тамрин њар рўз саворї мекард, баробари љон дўст дошт ва ќандњоро худ намехўрду ба ў њадия менамуд. Њатто намехост ѓайри ў дигар касе савори ин асп шавад. Аз дунёи асп ва эњсоси ў зиёд бохабар гашт.
- Асп тарсу вањми инсонро ба зудї пай мебарад ва мекўшад, ки чунин нафарро њарчи зудтар аз хонаи зин дур афканад, то ба ин васила дигарбора он шахс кўшиши ба ў нишастан накунад. Баръакс, одамони бидуни тарс ва љасурро њис менамояд ва ором мегирад. Аспе доштам гарданшаху бадљањл, ки њар нафаре болояш менишаст, ба замин меафканд. Бо чўбчае ба ў тањдид мекардам, ки шиња мекашиду ашк мерехт. Баъди мењрубонињоям меболиду менозид, - ќисса кард Соњиба.
Ў, ки аз хурдсолї ба варзиши каратэ рў оварда буду дар ин ришта низ таљрибаи баланд дошт, моњи феврали соли 2020 ба шањри Тошканд барои иштирок дар мусобиќаи варзишии «Узбек љанг санъати» (Оzbek jang sanati) байни наврасону љавонон дар ин намуди варзиш даъват гардид. Баъди ба даст овардани љойи аввал ба ў кишвари мизбон пешнињоди ширкат дар сабќати аспдавонї намуд.
Дар ин мусобиќаи байналмилалии аспсаворї миёни 10 кишвари Осиё Соњиба Азизова ба гирифтани маќоми аввал сазовор гашт ва бо ду љоизаи аввали ин мусобиќа ба Ватан баргашт.
Аввалин бор дар синни 11 бо хоњиши зиёди модар ба каратэ рў овард, аммо онро њељ намеписандид. Баъди як соли тамрин боре тариќи телевизион варзишгареро нишон ба гардан дид, ки болои сараш парчами кишвар парафшонї мекард. Аз фарању нишот ашк рехтанњои ўро дида, мутаассир гашт. Дигар љиддан ба тамрин пардохт ва баъди ду сол ба намуди варзиши каратэ - кёкушинкай шуѓл варзид. Баъди 5 моњи тамрин бо варзишгардухтари ботаљрибае ќувва озмуд ва бозиро бохт. Ба худ ќавл дод, ки маротибаи дигар њатман ба ў ѓолиб ояд ва чунин њам шуд. Љасорати духтарак аз мадди назари устодони варзиши якњарбањои шарќї дур намонд. Соњиба иштирокчии њамешагии чанд навъи мусобиќањо гардид. Ў кунун нозукињои муњорибаи тан ба тан, ушу - санда ва каратэ - шотоканро ба хубї омўхта буд.
Моњи декабри соли 2015 дар мусобиќаи кушоди шањри Душанбе оид ба каратэ – кёкушинкай байни кўдакон ва наврасон дар вазни то 60 кг Соњиба сазовори љойи дувум ва 19-уми ноябри соли 2016 дар ин навъи варзиш љойи аввалро ба даст овард. Моњи августи соли 2016 дар мусобиќаи шањрї оид ба гўштини тарзи озод дар вазни то 60 кг низ љоизаи аввали сабќатро соњиб гашт.
Моњи июли соли 2018 дар мусобиќаи кушоди шањри Вањдат оид ба варзиши кудо К-1 байни наврасону љавонон маќоми аввалро касб кард ва моњи августи њамон сол бахшида ба Рўзи варзишгарон дар мусобиќаи љумњуриявї оид ба ушу байни наврасон ва љавонон низ љойи аввалро ба даст овард.
Соњиба алњол донишљўи курси 4-уми риштаи журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон аст. Тўли 5 сол ризокори Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши кишвар буда, дар ташвиќу тарѓиби тарзи њаёти солим, пешгирии амалњои номатлуб миёни наврасону љавонон ва тозаву озода нигоњ доштани муњит сањми назаррас дорад.
Чун фарзанди бузурги хонадон ду бародари мактабхонашро ба варзиш ва обутоби бадан тањрик дода, шарики бурду бохти онњост. Соли сеюм аст, ки бародаронаш дар варзиши ушу - санда тамрин ва ќувва меозмоянд. Гоње фориѓ аз њама кор Соњиба бо бародаронаш сўи майдони Наврўзгоњи пойтахт мешитобаду ба онњо њунари аспсаворї меомўзонад. Волидон аз шуѓли фарзандон агарчи ќаноатманданд, њамоно дар оѓози по нињодани Соњиба ба арсаи санъати љангварї аз тансињатии ў хавф мебурданд, вале баъди дастоварду музаффариятњои духтар ташвишу беќарориро канор гузоштанду дигар монеъ нашуданд.
Моњи апрели соли 2020 дар шањри Душанбе Соњиба аз интихоби байналмилалї оид ба каратэ -до шотокан тањти роњбарии устоди дараљаи байналмилалї Игор Садовников аз Россия сарбаландона гузашта, барои ширкат дар чемпионати љањон оид ба греплинг (шабењи муњорибаи тан ба тан) дар шањри Абу-Дабии АМА роњхат гирифт. Аммо бо сабаби хуруљи сирояти коронавирус сафари ў ба таъхир афтод.
Алњол Соњиба дар маљмаи варзишии «Ањмад - сила»-и пойтахт зери роњбарии мураббї Раљабалї Баёнов аз муњорибаи тан ба тан тамрин дорад ва барои ширкат дар мусобиќаи байналмилалии мазкур омодагї мегирад.
- Дар варзиши навъи греплинг бори нахуст аст, ки дар мусобиќаи байналмилалї ширкат меварзам. То ба эътидол омадани вазъ мекўшам, ки ягон лањза аз тамрин дур намонам ва бо омодагии љиддї дар ин чорабинии варзишї ширкат намояму ба орзуи дерини худ бирасам, парчами Тољикистони азизро дар љањон парафшон созам, - мегўяд варзишгардухтари љавон Соњиба Азизова.
Бале, он ки дар роњи орзу ќадам бармедорад, дар айни комёбї аст.
С. шарифӣ