Дастовардҳои Гулсумбӣ
Бо садо додани ҳуштаки довар шабеҳи пайкони аз камон ӌаҳида тирвор сӯи мақсуд мешитобад ва пеши худ қавл медиҳад, ки бояд аввалин шуда, ба марра бирасад.
Баландболову чобуку неруманд аст, ки аз ҳамтоёни худ куллан тафовут дорад. Бозувони қавӣ, пойҳои аз шиддати тамрину давидан мустаҳкаму устувор, кокули болои сар маҳкам баста ва абзори варзишӣ ба тан гирдогирди майдони бузург медавад ва бо истеъдоди фавқулодаи давандагиаш тамошогаронро ҳайратзада месозад. Ба тавонмандии ӯ нигариста, кас гумон мебарад, ки ӌавонмардест таҳамтансон ва тезгом. Бо андаке таваӌӌуҳ духтареро мебинад гурдофаридсон, бо бозувони неруманд ва қомати баланди хусравона.
Гулсумбӣ Шарифова аз камтарин бозигарони варзиши сабук аст, ки тавониста муваффақона аз як навъи варзиш ба варзиши дигар рӯ орад. Шавқу шӯри ӯ аз овони хурдӣ ба футбол зиёд буду гоҳо аз сапедадам то домани шомгоҳон бо бачаҳои деҳа думболи тӯб медавиду ҳатман онро ба самар мерасонд. Бе ширкати ӯ бозӣ берангу бенур метофт.
Хонаводаи онҳо ҳама дӯстдорони варзиш, хоса футбол буданд. Падар, ки ба гоҳи ӌавонӣ паҳлавони номӣ буду варзиш дар шараёнаш ӌорӣ, гоҳе, ки аз тариқи телевизор футбол тамошо мекард, Гулсумбӣ низ паҳлуяш менишасту зарбаҳои бозигаронро бо ҳарорат истиқбол мегирифт. Дар кӯчаву паскӯчаҳои зодбумаш – ноҳияи Шаҳритуз тӯб мебозид.
Дар мактаб муаллими варзиш Қаюм Бобоназаров аз истеъдоди духтарак кайҳо дарак бурдаву ба варзишгари муқтадир шуданаш бовар дошт. ӯ пайваста дастовардҳои духтаракро тарғиб намуда, дар ташаккули истеъдодаш саҳми назаррас гузошт. Бо раҳнамоии муаллим Гулсумбӣ дар Рӯзи дави миллӣ дар вилояти Хатлон ноҳияро муаррифӣ ва мақоми аввалро сазовор гашт. Устодонаш Қаюм Бобоназаров ва Тӯйчӣ Тошев барои обутоби духтараки шӯхшангу моҳир шароити хубе фароҳам оварданду ҳамакнун Гулсумбӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия - «Пахтакор» ба тамрин пардохт.
Дар гурӯҳи писарон маҳорати футболбозии хешро сайқал медод, ки минбаъд мусобиқаҳои ноҳиявию маҳаллӣ бидуни иштироки Гулсумбӣ доир намегардиданд. Дар ҳар бозӣ ҳатман тӯбе мезад. Думболи тӯб давиданҳо ӯро давандаи хубе карду батадриӌ ба риштаи варзиши сабук пайваст ва дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ӌумҳуриявӣ зодгоҳи хешро намояндагӣ кард.
Рустам Абдуллоев, устоди варзиши сабук, Гулсумбиро аввалин бор дар ҳайати варзишгарони ноҳия, ки ба пойтахт ба мусобиқа омада буданд, дида, дарёфт, ки пешорӯи ӯ варзишгари беҳамтое ҳузур дорад. Аммо Гулсумбӣ, ки футболро баробари ӌон дӯст медошт, соли 2014 дар 16 - солагӣ бо дуои неки падару модар роҳ пеш гирифт сӯи пойтахт ва ба тими мунтахаби футболи бонувони кишвар пайваст. Маҳорати хуби давандагӣ ва иродаи устувор дари муваффақиятро рӯи ӯ боз кард. Чанд сол дар тими «Парасту» - футболбоздухтарони то 19 - сола ва мунтахаби футболи занонаи кишвар бозида, дар як қатор мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзид. Ҳамлагари даста буду тӯбро ба хубӣ эҳсос мекард ва натиӌаҳои хуб нишон медод. Бо бонувон дар даста бозидан барояш душворӣ меовард, зеро ба суръати давиданҳои ӯ касе баробар набуд. Ҳамтоёнаш аз гурӯҳ исрор менамуданд, ки ӯ метавонад ин истеъдоди тавонои худро дар варзиши сабук озмояд. Вале ҳамоно Гулсумбӣ футболро авло медонист. Ин буд, ки ҳамлагари беҳтарини соли 2015 дар мусобиқаи ӌумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Модар дониста шуду худи ҳамон сол мақоми аввалро дар мусобиқаи ӌумҳуриявӣ байни дастаҳои футболи занона сазовор гашт. Ҳамчунин, бозигари беҳтарини дастаи «Парасту» дониста шуд. Баъди ӌароҳати вазнин бардоштан, Гулсумбӣ муддате ба дармонбахшӣ ва барқарорсозии сиҳатии хеш тафреҳ дошт ва пешниҳоди Рустам Абдуллоевро пазируфту аз риштаи футбол ба варзиши сабук рӯ овард.
Баъди гузариш ба варзиши сабук Гулсумбӣ дар ин ӌода сабзиду парвариш ёфт ва аз пешина ҳам нерумандтар гардид. Дастпарвари қаблии Рустам Абдуллоев Владислава Овчаренко, ки рекордҳои Тоӌикистонро гузошта, дар олимпиада низ ширкат варзида буд, баъди тарки фаъолият дар варзиш рекордҳои гузоштаи ӯ то ин муддат нав нагардида буданд. Натиӌаи заҳматҳои шабонарӯзии устоду шогирд билохира самараи хуб ба бор овард. Аммо то даме, ки Гулсумбӣ рекорд гузошт, ба чанд муваффақияти дигар ноил гашт.
Шурӯъ аз соли 2017 ҳамвора дар дилхоҳ маъракаи давидан, хоса давҳои миллӣ Гулсумбӣ сафарбар мегардид. Дар нахустин овони гомгузорӣ дар ин масир аз худ ҳеӌ дарак намедоду ба гирифтани мақомҳои шоиста даст намеёфт. Чун таӌриба ёфт, дигар нишонҳои тиллоии маъракаҳои ӌумҳуриявиро моли ҳалоли худ мекард.
Дар риштаи варзиши сабук нахуст мақоми дуюми мусобиқаи дастпарварони муассисаҳои Кумитаи кор бо ӌавонон ва варзиши ӌумҳурӣ, мақоми дуюм дар чемпионати Тоӌикистон бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, солҳои 2015 - 2016 ӌойи якум дар мусобиқаи ӌумҳуриявӣ байни ӌавонони таваллудашон солҳои 1997 - 1998 бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар эстафетаҳои 4 дар 100 ва 4 дар 400, мақоми дуюми чемпионати Тоӌикистон байни мардон ва бонувон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар масофаи 200 метр, соли 2017 дар масофаи асосии худ – 200 метр натиӌаи 25 сонияву 93-ро анӌом дод ва соли 2019 бо фосилаи 23.32 пирӯз шуд, ки ин натиӌаи беҳтарини Тоӌикистон буд.
Соли 2017 дар чемпионати Тоӌикистон дар масофаи 100 ва 200 метр ӌойи аввал, соли 2018 дар бозиҳои варзишии кишвар ҳам дар масофаи 100 ва ҳам 200 метр ӌойҳои аввалро соҳиб гашт. Борҳо дар чемпионати шаҳрҳои Тошканду Бишкеку Алмаато аз рӯи варзиши сабук ширкат варзиду мақомҳои 2, 3, 4 ва 5 –ро дарёфт.
Соли 2019 дар чемпионати Осиё дар Қатар (Доҳа) Гулсумбӣ дар масофаи 200 метр дар фурсати 23.99 мақоми 11 -умро ишғол намуд. Ширкат дар чунин маъракаи фаромиллӣ таӌрибаи ӯро дар варзиш беш намуд. Дар натиӌа, соли 2019 дар мусобиқаи Ӌоми ӯзбекистон дар Тошканд дар масофаи 100 метр натиӌаи 11.77 ва 200 метрро бо 23.70 ба даст оварда, ҳарду ӌойи аввалро сазовор гашт. Ҳамчунин, ҳамон сол дар чемпионати Тоӌикистон дар масофаи 400 ва 200 метр мақоми аввалро ба даст овард. Дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Касанов, ки моҳи июли соли 2019 дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, дар масофаҳои 400 ва 200 метр мақоми аввалро соҳиб шуд ва рекорди нави Тоӌикистонро гузошт. Ҳамчунин, соли 2019 дар мусобиқаи байналмилалӣ барои мукофотҳои қаҳрамони бозиҳои олимпии Калпаканова, дар шаҳри Бишкек, дар масофаҳои 400 ва 200 метр мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар Ӌоми ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд дар масофаҳои 400 ва 200 метр зинаҳои аввал ва дуюмро насиби худ гардонд.
Моҳи октябри соли 2019 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд ӯ масофаи 200 метрро дар 23.32 ва 400 метрро дар 53.66 тай карда, натиӌаи беҳтарин ва рекорди нав гузошту мақоми аввалро ноил гашт.
Имрӯзҳо Гулсумбӣ Шарифова бо ҳамроҳии устодон пеши худ мақсад гузоштааст, ки меъёри олимпиро ба ӌо оварда, нишони заррини олимпиадаро ба даст ораду Парчами давлатии Тоӌикистони азизро соли 2021 дар арсаи ӌаҳон парафшон созад.
С. ШАРИФӢ