Онҳоро ҳини тамрин дар майдони футбол дарёфтам. Дар чеҳраҳошон боварӣ, ҷасорат ва матонат ҳувайдо буданд. Ба ҳамдигар эҳтиром доштанду эътимод. Яке бо ҷаҳд тӯбро аз пойи ҳариф меситонду шитобон ба дигаре ҳаво медод. Ҷумла ёрон аз пайи ҳамла шуда, талош меварзиданд, ки дар ҳамбастагӣ тӯбро ба самар расонанд. Афтодану хестанҳо дар ин майдони ҳарб пайраҳаи зиндагии воқеиро пеши рӯ меовард. Бале, майдони футбол мактабест, ки дарси ҷасуриву чобукиро дар замири ин духтаракон коштааст, вале оғоз…
Осон набуд…
-Бегоҳӣ дар майдончаи назди хона бо дугонаҳоям волейболбозӣ мекардем. Баногаҳ бонуи зебою хушсухане наздамон омаду гуфт: «Духтарҳо, футбол бозидан мехоҳед? Зебо Гасимова ҳастам, роҳбари дастаи духтаронаи футболбозони то 15-солаи Лигаи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон». Нахуст андаке ҳайрон монда, баъдан розӣ шудем. Ӯ майдончаи волейболро ба футбол бадал сохта, ба мо тарзи дурусти ҷойгиршавиро дар майдон ва аз қоидаҳои бозӣ огоҳонд. Ин аввалин футболбозии мо буд. Пас аз фурсате тамошобинони аввалин низ ҷамъ омаданд ва тадриҷан шумораи онҳо афзуд. Баъзеҳо баҳри дастгирӣ садо дармедоданду бархе луқма мепартофтанд, ки майдони футбол танҳо барои ҷавонмардон аст, - иброз дошт Идимоҳи Ҷамолиддин, узви дастаи футболи то 15-солаи Лигаи занонаи федератсияи мазкур.
Пас аз бозӣ, Зебо Гасимова бо волидони ин духтаракон суҳбат ороста, онҳоро бовар кунонд, ки лаёқату истеъдоди онҳо барои футболи калон, барои рушд додани соҳаи духтаронаи ин навъи варзиш дар кишвар бас муҳим аст.
- Ҷалб намудани духтарон ба дастаи футбол кори саҳл набуд. Пас аз бовар кунондани падару модарон, моро зарур омад, ки боз бо аҳли хонаводаи ин духтарон – тағову холаҳо, амаку бародарони онҳо суҳбат ороем. Ба ҳамаи падару модароне, ки ин иқдомро хуш пазируфта, моро дастгирӣ карданд, изҳори сипос менамоям, - ироа намуд Зебо Гасимова.
Пайдоиши футболи занона
Бори аввал футболи занонаро кишварҳои Норвегия, Италия ва Шветсия эътироф намуданд, вале дар сатҳи футболи касбӣ он танҳо аз соли 1970 рушд намудааст. Дар Тоҷикистон футболи занона дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бештар рушд кард. Ҳоло дар Федератсияи футболи Тоҷикистон Лигаи занона бо 20 даста фаъолият менамояд. Даҳ дастаи онро духтарони то 15 - сола ва даҳ дастаи дигарро бонувони синну соли гуногун ташкил медиҳанд.
-Ба он боварам, ки наздикону пайвандон роҳнамоят бошанд, ба муроди дил хоҳӣ расид. Падару модарам пайваста маро дастгиру мададгоранд ва аз пирӯзиҳо масрур мегарданд. Ман низ дар навбати худ мекӯшам то сазовори боварии онҳо бошам. Орзуи ман он аст, ки футболи занона дар Тоҷикистон рушд намояд. Исми бонувони футболбози тоҷик мисли Алекс Морган, Сидней Лерук ва дигарон вирди забони оламиён гардад, - изҳор дошт Амина Кӯчакова, узви дастаи футбол.
Чашмрастарин саҳифаи навро дар футболи занона маҳз дастаи духтаронаи то 15-сола боз намудаанд. Онҳо дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд доир шуд, бо дастаҳои Қирғизистон, Эрон, Ӯзбекистон сабқат варзида, сазовори ҷойи савум гардиданд. Чеҳраҳои намоёни ин чемпионат аз Тоҷикистон Рухшона Файзуллоева, Амина Кӯчакова, Муниса Гулова, Таманно Бӯриева, Марҷона Саидова, Идимоҳ Ҷамолиддин ва дигарон буданд.
- Вақте ки дастаи Эрон бар мо пирӯз омад, маъюсу ғамгин ба ҳолати ногувор афтодем. Вале мураббиён моро таскин доданду гуфтанд, ки ин ҳанӯз оғози кор асту ғолибият моро дар пеш. Баъдан бар дастаи Ӯзбекистон ба ҳисоби 2:0 ғолиб омадем. Ин бозиҳо моро имкон доданд, ки таҷриба андӯзему дӯстони зиёде пайдо намоем ва хотироти аҷибу гуворо бардорем, -мегӯяд Амина Кӯчакова.
Федератсияи футболи Тоҷикистон духтаронро бо сарулибос ва пойафзоли варзишӣ таъмин намуда, ҷиҳати иштирок дар бозиҳои дохилу хориҷи мамлакат роҳкиро ва шароити будубоши варзишгардухтаронро таъмин менамояд.
- Хушҳол аз онем, ки дар майдони барҳавою майсазори «Спитамен» бо духтарон тамрин меварзем. Аз дастгириҳои ФФТ хеле мамнунем. Бо шароити тамрину зисти шогирдон аз наздик ошноям. Иддае аз ин духтаракон аз оилаҳои ниёзманд мебошанд. Хуб мебуд, ки барои бештар ҳавасманд намудани духтарон идрорпулӣ таъсис дода шавад. Шояд баъди ин иқдом сафи хоҳишмандон биафзояд, - мегӯяд бо дилсӯзӣ З. Гасимова.
Ин навбат духтарон ба мусобиқаи байнидаставӣ омодагӣ медиданд. Дарвозабони даста Шарофати хандонрӯ бо табассуми ширин иброз дошт:
- Мехоҳам, ки сафи духтарон дар футбол зиёд гардад. Мо дар як ҳафта се маротиба пеш аз дарс тамрин дорем. Дар ин се рӯз ман гӯё аз нав тавлид мешавам - насими тозаи субҳгоҳӣ, майдони васеъ, дӯстони қарин, мураббии меҳрубон ва бозии дӯстдоштанӣ моро интизоранд. Футбол одамро ҳушёру серҳаракат мекардааст ва ба шарофати он мо ҳам дар таҳсил, ҳам дар забономӯзӣ ва дигар корҳо вақти қимати хешро самаранок истифода мебарем.
Баъди хайрухуш Шарофат дастафшон баҳри тамрин рӯ ба майдон овард. Бошад, ки ин майдон онҳоро ба майдонҳои бузурги ҷаҳонӣ барорад ва фахри ин миллату Меҳан гарданд.
Фарзона ВОСЕЕВА