Либоси сафеди варзишӣ, ки дар якҳарбаҳои шарқӣ ба бар менамоянд, ба тани обутобдида, вале боназокату нафосати духтаронааш аҷаб зебанда аст. Ҳалқаи миёнашро камарбанди сиёҳ зеб дода, аз ҷасуриву матонати ин духтари резапайкар дарак медиҳад.
Дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо маротиба рӯи зинаҳои шуҳрат по ниҳода, болои сар Парчами давлатии Тоҷикистонро барафрохтааст. Бо садо додани Суруди миллӣ борҳо дидагонашро бо ашки шодӣ шуста, ифтихори бузурги ватандориро дар замири хеш коштааст.
Ӯ Нодира Исоева – чемпиони панҷкаратаи Осиё оид ба таэквондо -ITF (Федератсияи байналмилалии таэквондо) буда, се маротиба унвони чемпиони қораи Осиёро дар варзиши навъи кикбоксинг ба даст овардааст. Соли 2017 дар Бозиҳои Осиё, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор шуд, аз кикбоксинг сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Соли 2018 дар Қирғизистон якбора аз ду бахши варзиши навъи кикбоксинг натиҷаҳои баланд нишон дода, ду медали тиллоро ба даст овард. Нодира унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро доро буда, алҳол дар маркази рушди таэквондо - ITF ва кикбоксинг дар шаҳри Душанбе ба ҳайси мураббӣ ифои вазифа менамояд.
Ба таэквондо рӯ овардани ӯ тасодуфӣ набуд. Айёми мактабхонӣ дар МТМУ № 1 шаҳри Душанбе миёни ҳамсабақон бо далериву нотарсӣ ном баровард. Неруи ҷисмонии барзиёд, ки дошт, баъзан онро ба сари бачагони шӯху бебоки мактаб, ки духтаронро ҷинси заифу беҳимоя мепиндоштанд, мерехт. Омӯзгори мактаб рӯзе ба модари Нодира тавсия дод, ки духтарашро ба варзиш раҳнамоӣ созад, то ба ин тариқ, неруи худро ба фаъолияти судбахш масраф намояд.
Бародари хурдсолаш, ки дар риштаи таэквондо тамрин мекард, боис гардид, ки Нодира низ ба ин навъи варзиш рӯ орад. Ба тамринҳои мураббии бародараш Зарина Икромова зеҳн монда, тадриҷан ба таэквондо дил баст. Дувоздаҳ сол дошт, ки ҳаёташро ба варзиш пайваст.
Миёни гурӯҳи писарони варзишгар ӯ ягона духтар буд. Машқу тамринҳои пайваста байни писарон барояш манфиат овард, чаро ки муҳорибаҳо бо ҷинси муқобил, ки табиатан неруманд буданд, ӯро хуб обутоб дод.
- Ростӣ, медалҳоямро ҳисоб накардаам, лекин тахмин медонам, ки шумораи умумии онҳо аз 100 адад зиёд буда, ҳудуди 40 -50-тои онҳо тиллоянд, ки бештари онҳоро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овардаам. Ҳар як медале, ки ба даст овардаам, бароям арзиши бузург дорад. Зеро ман бо тамоми ҳастӣ ҷаҳду талош варзида, ҳар яки онро сазовор гаштаам, - иброз дошт Нодира.
Аввалин сабқати байналмилалӣ соли 2010 дар шаҳри Минск гузашт, ки он ҷо дар риштаи таэквондо қувва озмуда, осеби ҷисмонӣ бардошт ва ҷойи дувумро ишғол намуд. Алҳол ӯ соҳиби камарбанди сиёҳ, дани дувум (дараҷаи маҳорат) аст ва барои гирифтани дараҷаи савуми маҳорат (дани 3) омодагӣ мебинад.
- Дар як вақт ҳам ба таэквондо ва ҳам ба кикбоксинг рӯ овардам. Ин ду навъи варзиш ба ҳам шабоҳат дорад. Лек таэквондо дар қиёс бо кикбоксинг нозукӣ ва қоидаҳои зиёдтаре дорад, ки дар сурати вайрон кардани қоидаҳо холҳои бадастовардаи варзишгар кам мегарданд. Кикбоксинг бошад, шабоҳат дорад ба муҳорибаҳои бидуни қавоид, аз ин рӯ, медалҳои бадастовардаам дар ин ҷода бароям арзишманданд, - иброз намуд Нодира Исоева.
Нодира алҳол ҳудуди 50 шогирдро дар се гурӯҳ тамрин медиҳад, ки сафи духтарон низ дар онҳо рӯз ба рӯз меафзояд – дар ҳар гурӯҳ зиёда аз 10 духтар тамрин менамояду ба чусту чолокӣ ва зарбаҳои ҳадафраси устоди худ бо ҳавас менигаранд. Нодира то кунун бо ҳидояту раҳнамоиҳои мураббии аввалини худ - Муҳаммадҷон Тоҷибоев тамрин варзида, сипосгузор аст, ки аз чунин устоди бомаҳорат нозукиҳои варзишро омӯхтааст.
- Имрӯз, ки худ мураббӣ ҳастам, дарк месозам, ки дар ин ҷода чизеро омӯхтану боз онро ба дигарон омӯзондан кори саҳл набудааст. Барои омода намудани як шогирд барои чемпионшавӣ сабру таҳаммул ва иродаи устувор мебояд. «То хӯрокро начашӣ, мазаи онро надонӣ», мегӯянд. Ба матонату заковат ва пуртоқатии мураббиён сари таъзим фуруд меорам. Бо вуҷуди ин, хушбахтам, ки маҳз дар ин ду навъи варзиш обутоб ёфтаам ва соҳиби нуфузу эътибор гаштам, - гуфт варзишгардухтар.
Дар радифи устодон аҳли хонавода, бахусус падару модар Нодираро дар интихоб ва рушд додани маҳорати варзишгарӣ дастгирӣ намуда, ба вақти мушкилот пайваста ба ӯ талқин мекарданд, ки «ту метавонӣ». Маҳз бо дастгирии онҳо таҳсилро дар факултаи иқтисод ва менеҷменти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба итмом расонд (4 сол зинаи бакалавр, 2 сол зинаи магистратура).
- Ҳар боре, ки ба мусобиқаҳои байналмилалӣ меравам, пеши худ мақсад мегузорам, ки ман набояд бе медал ба Ватан баргардам. Бо сари хам, бе медал баргаштан бароям нанг аст. Зеро вақте дар варзишгоҳҳои бузурги дунё Парчами Тоҷикистон боло ва Суруди миллӣ садо медиҳад ва садҳо нафар ба ифтихори ман, ба ифтихори Тоҷикистони азизам аз ҷой бармехезанд, он гоҳ дарк месозам, ки омаданам ба дунё беҳуда набудааст. Ҳиссиёте маро фаро мегирад, ки сухан барои ифодаи он оҷиз аст, - гуфт Нодира.
Ба вақти машқу тамрин Нодира шогирдонро на танҳо ба сатҳи омодагии ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати равонӣ низ талқин месозад, ки барои ба даст овардани ғолибият на танҳо неруи ҷисмонӣ, балки фаҳмишу заковат ва маҳорати корбарӣ нақши бориз дорад. Дар ин росто, гӯшзад менамояд, ки шогирдон аз шароити фароҳамомада ва имкониятҳои васеъ бояд самаранок истифода баранду ба қадри оромӣ, осоиштагӣ ва шукуфоии Ватан бирасанд.
- Имрӯзҳо дар саросари кишвар, ҳар куҷо нангарем, маҷмааву майдонҳо ва майдончаҳои варзишӣ муҳайёанд, ҳатто дар деҳоти дурдасттарин барои наврасону ҷавонон беҳтарин шароитҳо барои варзиш фароҳаманд. Чунин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо, ҷавонон, бояд қадр намоем ва исбот созем, ки воқеан, мо, наслҳои имрӯза, сазовори боварӣ ҳастем. Имконияти ҷавонон сол ба сол меафзояд, то қувваю неруи худро ба созандагиву бунёдкорӣ равона созанду парчамбардорони Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд, - гуфт дар интиҳои суҳбат Нодира Исоева.
Ситора АШӮРОВА