5 – уми сентябр бо иштироки мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии нахустини марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон - 2022 баргузор гардид. Бозии мазкурро зиёда аз 20 ҳазор нафар мухлисони футбол дар варзишгоҳ тамошо карданд. Футболбозони тоҷик аз оғози бозӣ маҳорати хуб нишон доданд. Аммо, танҳо дар дақиқаи 42 – ум муяссар гардид, ки тӯбро вориди дарвозаи рақиб намоянд.
Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Голи ягонаро дар ин бозӣ Алишер Ҷалилов вориди дарвозаи тими Қирғизистон намуд. Ёдрас мекунам, ки айни ҳол марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022 оғоз гардида, даври дувуми он идома дорад.