Тибқи омори расмӣ тӯли солҳои 2017 - 2018 бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорону шахсони сахопеша зиёда аз 185 майдончаи варзишию бозии кӯдакон барои сокинони пойтахт бунёд гардид. Аммо, мутаассифона, имрӯз дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакон харобу валангор гардидаанд, ки ин боиси таассуф ва нигаронист.
Ҳангоми ба истифода додани майдончаҳои варзишу бозии кӯдакон дар назди биноҳои баландошёнаи кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт, ҳазорон кӯдакону наврасон бо хушҳоливу шӯру шавқ дар онҳо машғули бозиву дилхушӣ гардиданд. Сокинони пойтахт аз ин иқдоми шаҳрдорӣ хушҳолу мамнунанд. Мутаассифона, баъд аз ба истифода додани ин маконҳои варзишиву фароғатӣ баъзеи онҳо аз хунукназарии сокинон ва ё масъулон дар муддати кӯтоҳ вайрону валангор гардиданд.
Майдончаи варзишию бозии кӯдакони маҳаллаи «Бинокорон» - и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт моҳи июни соли 2017 аз тарафи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба истифода дода шуд. Ҳарчанд аз байн ҳамагӣ ду сол гузаштааст, бо дидани манзараи ин майдонча табъи кас хира мегардад.
- Ба ҷойи фарши сунъии 3 - сантиметра сохтмончиҳо дар ин майдон фарши 1 - сантиметраро истифода бурдаанд. Ба ваъдае, ки ба иншоот об мегузаронанд ва камераҳои назоратӣ васл мекунанд, вафо накарданд. Шабҳо майдонча аз бебарқӣ торику аз набудани камераҳои назоратӣ аз чашм нопадид мемонад. Наметавон дид, ки дар майдонча чӣ гапу кор ва киҳо мегарданду харобкорӣ мекунанд. Идораи фурӯши барқ интиқоли барқро ба ин ҷо қатъ намудааст. Майдонча аз ҳисоби истифодаи барқ 420 сомонӣ қарздор аст. Камбудиҳо зиёданд, нақшаи сохтмонии майдонча низ чанд маротиб тағйир ёфт ва он ба ҷойи 48 метр ба 38 метр шакли 36 ба 17 метрро гирифт. Акнун майдонча ба тавозуни муассисаи давлатии нигаҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Шоҳмансур гузашт. Аз тарафи муассиса алвончаку панҷараҳо, тӯрсиму дигар таҷҳизоти варзишии майдонча васлу насб ва кафшер карда шуданд, - мегӯяд Намозалӣ Табаров, масъули майдонча.
Тавре масъули иншоот иброз намуд, сифати корҳои анҷомёфта ба меъёру талабот ҷавобгӯ нест. Ба гуфти ӯ борҳо кӯдакону наврасон аз алвончакҳо болои фарши сементӣ афтида, ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Вақте пурсон шудем, ки чаро дари майдончаи футбол баста аст ва кай онро мекушоянд, посух дод, ки рӯзҳои шанбеву якшанбе дари майдонча аз саҳар то бегоҳ боз аст.
Наврасоне, ки ин ҷо бозӣ мекунанд, гуфтанд, ки танҳо барои харидани қулф, тӯб ва тӯри дарвоза пул ҷамъ мекунанд. «Хостанд барои пардохти қарзи барқ низ пул ҷамъ кунанд, вале сокинон ин пешниҳоди онҳоро рад намуданд. Майдончаи мазкур дар зарфи ду соли фаъолият ҳамагӣ моҳи аввал барқ дошту халос», - мегӯянд наврасон.
Заҳро Нурова аз соли 2017 майдончаи варзишию бозии кӯдакони маҳаллаи «Ховарон» - и ноҳияи Шоҳмансурро таҳти назорат қарор додааст. Замоне, ки назди майдонча будем, чун дигар майдончаҳо дари онро баста ёфтем. Сокинони маҳалла аз он, ки барои бозӣ аз кӯдакон пул мегиранд, изҳори норозигӣ намуданд. Ба саволи мо, ки дар кадом асос аз мардум пул мегиранд ва маблағи ҷамъшуда дар куҷо сарф мешавад, Заҳро Нурова чунин посух дод:
- Солҳои пеш барои бозӣ дар майдончаи футбол аз кӯдакону наврасон 1 сомонӣ мегирифтем. Ин маблағ барои кафшеркунии алвончакҳову таҷҳизоти варзишӣ, хариди тӯру тӯб, ҷоруб, корҳои ободонӣ сарф мешуд. Акнун майдонча дар тавозуни муассисаи давлатии нигаҳдории боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишию бозии кӯдакони ноҳияи Шоҳмансур қарор дораду таъмиру ободонии он ба уҳдаи онҳост.
Майдончаи варзишии маҳаллаи «Ховарон» низ барқ надорад. Хоҳишмандоне, ки шаб майли ба варзиш машғул шуданро доранд, аз ин имкон маҳруманд. Тавре масъулон иброз намуданд, хати об низ ин ҷо аз аввал вуҷуд надоштааст. Масъалаи ободонию кабудизоркунии иншооти мазкур умуман дар назар нест. Ҳоло апаи Заҳро барои нигоҳубини майдонча расман маош мегирад.
Муассисаи давлатии нигаҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишию бозии кӯдакони ноҳияи Шоҳмансур дар тавозуни худ 14 гектар боғу гулгашт ва 25 майдончаи варзишию бозии кӯдаконро дорад. Тавре роҳбари он Ҳусейн Амонов иброз намуд, ба ташкилотҳое, ки майдончаҳои сохташудаашон дар ҳолати ногувор қарор доранд, мактуб ирсол намудаанд.
- Тибқи муқаррарот то се сол таъмиру тармими майдончаҳо ба дӯши ташкилотҳое, ки онҳоро сохтаанд, вогузор шудааст. Мо ба онҳо муроҷиат намудем ва онҳо вазифадоранд камбудиҳояшонро ислоҳ намоянд. Алҳол дар 25 майдончаи варзишию бозии кӯдакони ноҳия якнафарӣ масъул барои нигоҳубини онҳо таъйин шудааст. Дар оянда нақша дорем, ки сафи кормандони майдончаҳоро то ба 3 нафарӣ расонем. Пеш аз ба тавозуни мо гузаштан, майдончаҳо зери назари ЖЭУ-ҳои мавзеи ҷойгиршавӣ қарор доштанд, - мегӯяд Ҳусейн Амонов.
Ҳолати майдончаи варзишию бозии кӯдакони кӯчаи Маяковский, 66 ва 75 - и маҳаллаи 32 - юми ноҳияи Синоро дида, бовари кас намеяд, ки ин мавзеъҳо ҷойи бозии кӯдакон аст. Болои даромадгоҳи майдонча муқаддасоти давлатӣ - парчамҳо, ки замони ифтитоҳи он овехта буданд, сӯхтаву сафед шуда, аз таъсири боду борон даридаанд. Кӯдакон дар майдончаи харобу валангору пур аз партов, ки дар чор тарафи он алвончакҳои шикаста дар замин хобидаанд, бозӣ доштанд. Болои турнику дастгоҳҳои тамрин сокинони маҳалла кӯрпаву кӯрпача ва палосу либос овехта ҳусни шаҳрро коста гардондаанд. Дари майдончаҳои футболи ин ҷо низ баста ва калид дар дасти масъули он буд. Салоҳиддин Абдусаломов, ки майдончаро нигоҳдорӣ мекунаду қулфу калиди он дар дасташ аст, зимни суҳбати телефонӣ иброз намуд, ки барои 1 соат бозии футбол 45 сомонӣ маблағ мегирад, вале дар кадом асос ва барои чӣ бароямон номаълум монд.
Вақте аз масъулону мутасаддиён сабаби ба чунин ҳол расидани майдончаҳоро пурсидем, онҳо гуноҳро сари якдигар бор мекарданд. Гӯё, ки фарзандони онҳо дар ин ҷо бозӣ намекунанду майдончаҳои замоне ободу хуррам худ аз худ валангор гаштаанд. Манзараи риққатовару ҳузнангези майдончаҳои варзишию бозии кӯдакон, ки «соҳибонашон» ҳар лаҳза онҳоро қулф мезананду намемонанд, ки кӯдакон он ҷо озодона ба варзиш машғул шаванд, чун ҷои бесоҳиб ба назар мерасид.
Раҳматшо Камолов, директори МД раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе, омилҳои хароб гаштани майдончаҳоро чунин шарҳ дод:
- Аввалан, бемасъулиятии худи сокинони маҳал, дувум, сифати бади корҳои сохтмонӣ ва ниҳоят беназоратӣ боиси ба ин ҳол расидани онҳо гардидаанд. Ҳол он ки дар майдончаҳо бозӣ кардан ройгон аст ва дар ҳар иншоот қоидаҳо ва реҷаи гузарондани машғулиятҳо ва чорабиниҳои варзишӣ часпонда шудаанд.
Инчунин, мавсуф гуфт, ки соли 2019 дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси шаҳри Душанбе бунёди 58 майдонча дар 4 ноҳияи пойтахт ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз дар 55 - тои онҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд ва 16 – тоаш аллакай омодаи ифтитоҳ аст.
Далер Саидамирзод