Зуҳро ҳафтае се ,маротиба барои солимии бадан ва бартараф сохтани вазни зиёдатӣ ба фитнес - клуб меравад. Тайи як моҳи тамрин аллакай 1,5 килограмм вазнаш кам шуда, то андозае худро сабук ҳис мекунад.
Фитнес - калимаи англисӣ буда, аз феъли «to fit» (мувофиқат кардан, дар андозаи хуб қарор доштан), сохта шуда, омодагии пурраи ҷисмонии инсонро дар назар дорад. Тамрин дар фитнес - клуб, яке аз роҳҳои ба эътидол овардани бадан ва нигоҳ доштани зебоист. Мунтазам омадан ба чунин машқгоҳҳо, ба кас имкон фароҳам меорад, то дар баробари беҳтар намудани вазъи саломатӣ, инчунин, ҳолати рӯҳияшро низ хуб карда, ба намуди зебоиаш аҳамияти ҷиддӣ бидиҳад.
Ҳамин аст, ки солҳои ахир қисме аз бонувон рӯ ба фитнес - клубҳо овардаанд. Мо ҳам барои бохабар шудан аз шарту шароит, ба чанде чунин макон рафтему аз нархнома ва намудҳои тамрин пурсон шудем.
Клуби занонаи «Гармония» яке аз ҷойҳое маҳсуб меёбад, ки махсус барои тамрини бонувону кӯдакон нигаронда шуда, ягона клуби занона дар ҷумҳурӣ дониста мешавад. Ин ҷо бонувон ба машқҳои гурӯҳӣ ҷалб гардида, дар як ҳафта 2 - 3 маротиба меоянд. Ба онҳо муаллими варзиш намудҳои тамринро меомӯзад. Дар як гурӯҳ то 20 нафар қабул мешаваду ҳар кадоме аз онҳо метавонад намудҳои гуногуни фитнес, аз қабили аэро - йога, йога, медикал – йога (йогаи тиббӣ), пилатес, намудҳои гуногуни рақс ва монанд ба инҳоро интихоб кунад. Ҳар кадоме аз ин намуди варзиш барои пешгирии фарбеҳшавӣ, лоғаршавӣ, табобати бемории остеохондроз ва дигар ҳоҷатҳо равона шудааст.
Қабл аз қабул бонувон бояд нисбат ба вазъи саломатиашон маълумот пешниҳод намоянд, вобаста ба ин, ба муштарӣ машғул шудан ба кадом навъи фитнес тавсия дода мешавад. Давомнокии тамрин аз 1 то 1 соату 10 дақиқаро ташкил дода, онҳое, ки дар як ҳафта ду маротиба машқ мекунанд, 2 соат вақти хешро ин ҷо сипарӣ менамоянд. Сарфи назар аз вақту соат, нархнома барои як нафар 280 сомонӣ дар як моҳ муайян гардидааст.
Фитнес – клуби «Қувват» низ занонро ба тамрин ҷалб менамояд. Аммо, ба фарқ аз клуби «Гармония», ин ҷо мардон ҳам машқ мекунанд. Барои занҳо рӯзҳои махсус ва толорҳои алоҳида муайян шуда. Нисбат ба синну соли занон маҳдудиятҳо ҷорианд, ба толор танҳо аз 18 – сола болоро роҳ медиҳанд. Бонувон метавонанд ҳам дар тамринҳои гурӯҳӣ ва ҳам дар алоҳидагӣ машғули варзиш бошанд. Занон дар як ҳафта се маротиба, танҳо шомгоҳ машқи бадан намуда, 250 сомонӣ дар як моҳ маблағ пардохт мекунанд. Ҳамчунин, барои онҳое, ки рӯзона меоянду дар алоҳидагӣ тамрин менамоянд, нархномаи дигар тартиб дода шудааст. Яъне, аз соати 8 то 16 барои як нафар 120 сомонӣ ва аз соати 16 то 22, 200 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ба ин монанд фитнес – клубҳо дар пойтахт зиёданд. Вале, кам андар ками онҳо дорои толорҳои махсуси занона мебошанд ва бештарашон дорои як толор буда, занону мардон ҳамроҳ машқи бадан менамоянд. Ва он фитнес – клубҳое, ки дорои тамоми шароитҳо ва толорҳои алоҳидаи варзишӣ, дастгоҳҳои машқӣ ва ҳавзи шиноварӣ мебошанд, нархашон гарон аст, ки на ҳама имкони он ҷо машқ карданро доранд. Комплекси варзишии «Х-FIT», фитнес – клуби «55 AQUA» ва «55 Spirit» аз қабили чунинҳоянд, ки дар як моҳ аз як кас аз 600 то 1500 сомонӣ маблағ талаб менамоянд.
Манфиати фитнес
- Дар ҷисми бонувоне, ки пайваста ба фитнес – клубҳо мераванд, раванди пиршавӣ суст ҷараён мегирад. Дар баробари бемории остеохондроз, ҳамчунин, артрит ва остеопороз низ пешгирӣ шуда, дар онҳо хислатҳои устуворӣ, қувват, баробарвазнӣ, ҳамоҳангсозии ҳаракат, самаранокӣ, баҳодиҳиву боварӣ доштан ба худ ва зиракиву ҳушёрӣ бештар дида мешаванд. Таҷриба исбот менамояд, ки машғул шудан ба фитнес на танҳо барои зебо намудани қаду қомат ёрӣ мерасонад, балки инсонро аз ҳар гуна корҳои бад эмин нигоҳ дошта, дуруст истеъмол намудани хӯрок ва тарзи ҳаёти солимро меомӯзонад, - иброз дошт устоди фитнес Зафар Темуров.
Фитнес ба бонувон имкон медиҳад, то пас аз тавлиди тифл зуд барқарор шаванд ва аз афсурдаҳолии баъди таваллуд раҳо ёбанд. Таҳқиқоти охирини табибони донишгоҳи Ҳарварди ИМА нишон додааст, ки машғулиятҳои доимии ҷисмонӣ, парҳез ва канорагирӣ аз ҳамагуна одатҳои бад, умри инсонро то 10 соли дигар ва бештар аз он, дароз менамояд. Дар ин таҷриба зиёда аз 40 ҳазор нафар ихтиёриён ширкат доштаанд. Онҳое, ки 30 соли охири умри худро пайваста бо машқҳои ҷисмонӣ сипарӣ кардаанд, 90 сол умр дидаанд. Он нафароне, ки бидуни тамрин ва варзиш зиндагӣ намудаанд, то 77 - солагӣ зистаанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки дар баъзан мавридҳо машғул шудан ба фитнес зиёновар низ ҳаст. Бино ба гуфтаи Зафар Темуров, занҳое, ки бемории саръ (эпилепсия), давраи авҷгирии бемориҳои музмин, саратон, иллати модарзодии дил, васеъшавии рагҳои вариди пойҳо, латхӯрии шадиди узвҳои такя ва ҳаракаткунӣ доранду ба наздикӣ ҷарроҳӣ шудаанд ё ҷароҳат бардоштаанд, на ҳама вақт имкони машғул шудан ба фитнесро доранд. Аз ин рӯ, онҳоро лозим меояд, то қабл аз шурӯи тамрин, ҳатман аз табибон тавсия гиранд.
Фитнес яке аз намудҳои варзиш маҳсуб ёфта, дӯстдорони бештари он бонувон мебошанд. Ин варзиш намудҳои гуногун дошта, дар ҳоли ҳозир зиёда аз 70 намудаш мавриди таълим қарор дода мешавад ва аз ҳама бештар навъҳои «аквааэробика», «аэробика», «бодифлекс», «воркаут», «йога», «калланетика», «кроссфит», «пилатес», «стрейчинг», «фитбол» ва «шейпинг» шинохта шудаву муштарии бештар доранд.
Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми интихоби намудҳои фитнес, пеш аз ҳама, ҳолати ҷисмониву физикии хешро ба назар гиред. Вақте ҳамаҷиҳата солим ҳастеду омода, пас машқро аз намудҳои «воркаут» ва «кроссфит» оғоз намоед. Дар сурати набудани омодагии дуруст, беҳтар аст, ки тамринро аз «аквааэробика», «йога» ва «стрейчинг» шурӯъ кунед. Бояд маҷмӯи машқҳо ба сатҳи ҷисмонӣ, ҳолати саломатӣ ва синну солатон мувофиқ бошанд. Раванди омӯзиш низ мебояд дар як ҳафта 2 - 4 маротиба, аз 60 то 90 дақиқаро дар бар гирад. Аз ҳад зиёд организмро ранҷ надиҳед. Дар назди худ вобаста ба тавонатон мақсадҳои мушаххас гузоред ва дақиқ намоед, ки давоми чанд моҳ ба варзиш машғул мешавед.
Шаҳдрез