Ин ҳам дар ҳоле буд, ки дар интихоби намояндаи Тоҷикистон дар вазни 74 кг баҳси доғе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по хест. Бархе мегуфт, ки чемпиони самбои Тоҷикистон ва Осиё дар вазни 74 кг Мубориз Мунавваров арзандатар аст. Билохира, кор ба ин кашид, ки Беҳрӯзу Мубориз бо ҳам дубора қувва озмуданд ва Беҳрӯз бо ҳисоби 2: 0 пирӯз шуд.
Модари Беҳрӯз Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо, ду рӯз аз шабакаҳои варзишӣ чашм намеканд ва такрор ба такрор лаҳзаҳои сахти расидани ҷигарбандаш ба мартабаи қаҳрамонии ҷаҳонро дар Сочи тамошо мекард. Кореро, ки писари Мавҷигул Хоҷаева анҷом дод, дар 42 соли охир касе аз паҳлавонони Тоҷикистон накарда буд.
Бо гузашти чанд вақт модари Беҳрӯз, ки зани хонашин аст, мегӯяд, тоза дарк намудааст, ки ин пирӯзӣ чӣ маънӣ дорад. Дар ҷараёни сабқат ӯ пушти экрани телевизион баробари писараш ашк рехт. Ашки шодӣ ва ашки эҳсоси дарди дасти писар, ки ним дақиқа зери фишори сахти рақиб ва дарди тоқатфарсо қарор дошт. Дар ин маврид Мавҷигул Хоҷаева чунин ибрози андеша менамояд:
«Вақте дидам, ки дасташро рақибаш мекашад, хеле тарсидам. Баъди пирӯзӣ ба ӯ занг задаму аввал пурсидам, ки дастат чӣ хел аст? Гуфт: «Сад фоиз». Хушбахтона, дасташ осеб надидааст. Хеле хушҳол шудам».
Модар аз муваффақиятҳои фарзанд ифтихор мекунад, аммо иқрор мешавад, ки муборизаҳову сабқатҳо барояш изтиробангезанд, чун метарсад, ки писараш осеб набинад.
Аммо бо итминон метавон гуфт, ки ин модари хушбахт то ҳанӯз дарк накардааст, ки ин медали тиллои писараш шабеҳи малҳамест, ки тамоми дарду машаққатҳоро аз хотира зудуда, осебу захмҳои қалби ӯро даво хоҳад кард. Ӯ дар наздиктарин фурсат ба шахсе табдил хоҳад ёфт, ки модарони дигар дар пайравӣ аз вай фарзандони худро тарбият ва парвариш хоҳанд кард. Дар ҳар суҳбат пиромуни дастовардҳо аз ин модар ва фарзанди ӯ мисол хоҳанд зад. Дар хиёбону кӯчаҳо ва дар чорабиниҳову маъракаҳо ӯро ба хотири тарбияи чунин паҳлавонписар шинохтаву болонишин хоҳанд кард. Ҷойе аз чунин рафтор хиҷолат хоҳад кашид ва ҷойе ҳам аз писараш ифтихор хоҳад намуд.
Беҳрӯзи 22- сола фарзанди чаҳоруми хонавода мебошад. Падари ӯ муфаттиш аст. Макони зисти хонавода ноҳияи Варзоб буд, аммо ба далели таҳсилу тамрини фарзандон ба Душанбе омадаанд. Беҳрӯзро ҳамроҳ бо бародари бузургтараш Фирӯз, падар ҳанӯз аз 11- солагӣ ба гӯштингирӣ ҷалб карда буд.
Ба ҷуз медали тилло ӯ ҳудудан 100 нишону ҷоизаҳои дигари варзишӣ дорад, ки беҳтаринаш то ин мусобиқаи ҷаҳонӣ нишони чемпиони Осиё буд.
Модари паҳлавон таърихи бисёре аз ҷоизаҳои писарро медонад:
– Аввал дар вазни 32 кг баромад мекард ва аввалин бор дар ҳамин вазн ҷойи сеюмро гирифт. Ӯ ба ҷудо шавқи беандоза дорад. Пеш аз рафтан ба ин мусобиқа ба худ бовар дошт. Мегуфт, иншоаллоҳ, ман чемпиони ҷаҳон мешавам, – ёдовар мегардад ӯ.
Мураббии Беҳрӯз- Садриддин Обидов аз омодагии шогирд қаноатманд буд ва умед ба нишони тилло дошт. Ӯ бар ин назар аст, ки Беҳрӯз маъмулан тамоми неруи худро барои пирӯзӣ равона мекунад ва тарсу ваҳм надорад.
«Дар сонияҳои охири сабқат Беҳрӯз ба ҳолати латдиҳии даст (қабзи дарднок) гирифтор шуд. Ин ҳолати вазнин буд, вале ман бовар дорам, ки агар рақиб дасташро ҳам мешикаст, ӯ тан намедод».
Ба андешаи Садриддин Обидов, ки рақобати шогирдашро аз Душанбе дар телевизион тамошо кардааст, рақибони Беҳрӯз ӯро, ки ҷавонтару сабуктар буд, ҷиддӣ нагирифтанд.
14 ноябр соати 2:00 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Хоҷазода Беҳрӯз ва ҳамроҳонаш пас аз анҷоми мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо иштироки беҳтарин варзишгарони сайёра баргузор гардид, баъд аз ба даст овардани пирӯзӣ ба Тоҷикистони азиз баргаштанд.
Дар маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, чемпиони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, мураббиёни шинохтаи кишвар, ҳаводорони гӯштингирӣ ва садҳо нафар мухлисони варзиш ширкат варзиданд.
Нахуст ба варзишгари маъруф, қаҳрамони ҷаҳон Беҳрӯз Хоҷазода либоси миллӣ пӯшонда, бо гулу гулдастаҳо чун нишон аз садоқат ва муҳаббат ба варзиш, истиқбол намуданд. Садҳо нафар ҳаводорони ин риштаи варзиш Беҳрӯз Хоҷазодаро рӯ – рӯи даст бардошта, бо шиорҳои «Парчамбардори миллат» ва «Ифтихори миллат» садо дар медоданд.
Беҳрӯз Хоҷазода аз истиқболи гарми мухлисони варзиш хеле хушҳолу дар ҳаяҷон буд ва ҳини муроҷиат кардани рӯзноманигорон ба ӯ чунин ибрози андеша намуд:
«Маҳз дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ман муяссар гардид, то чемпиони ҷаҳон шавам. Миннатдории самимии хешро ба Пешвои муаззами миллат иброз менамоям. Ҳамзамон, барои мусоидат ва дастгириҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам».
Ҳоло Беҳрӯз дар курси чаҳоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳсил мекунад. Бо гузашти вақт ва овехтани медали тилло дар гардан ҳанӯз дар рафтори ӯ чизе тағйир наёфтааст. Шояд то имрӯз ин яли тоҷик пурра дарк накарда бошад, ки унвони чемпиони ҷаҳонро оид ба самбо ба даст овардааст, зеро инчунин иқбол насиби ҳар кас намешавад. Ба варзиши бузург ворид шудани ӯ ҳамагӣ ду сол қабл буд. Вай дар чанд мусобиқа бо ҳунарнамоии хубаш таваҷҷуҳи мураббиҳо ва коршиносони риштаи варзишро ҷалб карду бо шикаст додани чандин паҳлавонҳои номии кишвар маъруфи ҳамагон гашт. Беҳрӯз имсол чемпиони самбо дар вазни 68 кг дар Тоҷикистон ва Осиё ва чемпиони Бозиҳои дохили толории Ашқобод дар вазни 74 кг шуд. Ҳамчунин дар рақобатҳои ҷудои чаҳон ду пирӯзӣ ба даст овард. Ширкат дар чунин мусобиқаҳо, бешак, барои як варзишгар хеле муҳим ва арзишманд аст. Ӯ таҷрибаи хубе касб кард. Соли гузашта дар Наврӯзи хуҷастапай ба майдон омад ва баъд аз талошҳо дар давоми рӯз дар вазни худ пирӯз шуд ва шоҳҷоизаро ба даст овард. Имсол бошад, дар вазни каме гаронтар ба майдон ворид шуд ва новобаста ба тардидҳои баъзе мухлисон боз ҳам миёни даҳҳо паҳлавонон пирӯз гардиду соҳиби шоҳҷоиза шуд. Беҳрӯз барои як пирӯзии ҷиддӣ тамоми омодагиҳои равонӣ, ҷисмонӣ ва фанниро дошт. Аз ин рӯ, дар давоми сол, яъне моҳи ноябр дар мусобиқаи ҷаҳонӣ миёни садҳо паҳлавонони дунё иқбол ҳамроҳиаш карду бар рақибон даст ёфт. Беҳрӯз саҷдаи шукр ба ҷо овард ва ашк аз чашмонаш сарозер шуд. Ӯ номи тоҷикро дар ватани самбо баланд бардошт. Ҷойи ёдоварист, ки дар рақобатҳои шаҳри Сочи варзишгарони бештар аз 90 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Баъд аз баргаштан ба Ватан Беҳрӯзро бори дигар шоми 16 ноябр, ҳангоми ба Тоҷикистон баргаштани паҳлавони дигари тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар фурудгоҳи пойтахт вохӯрдам. Мисли ҳамеша хоксору меҳрубон буд. Ба хотири арҷ гузоштан ба паҳлавони аз худ калонсолтар ва пуртаҷриба ба фурудгоҳ омада буд. Аммо ин дафъа дар муқоиса ба давраҳои пеш ӯро мардум мешинохт. Дар давоми чанд дақиқа мухлисони варзиш ва шахсони дигари дар фурудгоҳбуда Беҳрӯзро иҳота карданд ва аз ҳар боб суол менамуданду изҳори хушҳолӣ доштанд. Бо даст додани фурсат ҳар кадоме аз ӯ сипосгузорӣ мекард, ки обрӯи Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи ҷаҳон боло бардошт ва варзиши тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар ҷавоб табассум мекарду халос. Дигар чӣ ҳам бояд мегуфт? Ӯ кори худро кард. Парчами Тоҷикистон ба хотири пирӯзии ӯ дар Сочи барафрохта гардид. Ин саҳми боризи як варзишгари тоҷик дар муаррифии Ватан аст. Ватане, ки чунин паҳлавонони номвар, ба мисли Беҳрӯзи Хоҷазод, Набимуҳаммад Хоркашев, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифовро дар оғӯши худ парвардааст.
Имсол дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ оид ба самбо ва самбои размӣ паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал шуданд. Беҳрӯз Хоҷазод дар вазни 74 кг медали тилло, Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни +100 кг медали нуқра, Акмалиддин Каримов дар вазни 67 кг медали нуқра, Зафар Олимшоев дар вазни 82 кг медали биринҷӣ ва Сорбон Латифов дар самбои размӣ дар вазни 62 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Пирӯзиву сарфарозӣ муборак, паҳлавонони тоҷик!
Эмомалӣ Сайидамирзод