Танҳо чизе, ки чандон дилчасп нест, ин ширкати ками бонувон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Аксар бонувону духтарони мо ҳанӯз ҳам аз намуди тэквандо миёни дигар миллатҳо шинохта мешаванд ва дар дигар намудҳои варзиш камтар ширкат доранд.
Мавзуна Чориева шояд имрӯз ягона бонуе бошад, ки дар олимпиада аз худ дарак додааст ва медали ба даст овардаи ӯ то кунун фахри миллат аст. Ҳол он ки феълан барои шикати фаъолонаи бонувон шароит хеле беҳтар шудааст. Бояд дар волейболу, баскетбол, давидан ба масофаи надик, теннис, кӯштӣ (ҷудо ва самбо), шиноварӣ, кӯҳнавардӣ, гимнастика, бокс, камонварӣ ва даҳҳо намуди дигар намояндагони кишвари мо ширкати фаъол дошта бошанд.
Шоиста ба ёдоварист, ки замони шӯравӣ Зебуннисо Рустамова дар камонварӣ на танҳо унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард, балки дар оимпиада низ соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.
Охири солҳои 80 –ум ва аввали солҳои навадум паҳлавондухтарони тоҷик дар намудҳои ҷудо ва самбо миёни бонувони кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ аз мартабаи хос бархӯрдор буданд ва воқеан зеби майдон доштанд.
Имрӯз дар минтақаҳои кишвар, аз қабили Кӯлобу Дарвоз варзиши занона, аз ҷумла гӯштингирӣ равнақу ривоҷ меёбад, аммо он шакли умумимиллӣ нагирифтааст.
Заъфи вазъи феълӣ эҳтимол чанд омил дошта бошад. Якум, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ таассуб рушд кард ва ширкати духтарону занон дар корҳои ҷамъиятӣ ва варзиш хеле маҳдуд гардид. На танҳо ба варзиш, балки баъзе волидон духтарони худро иҷозаи таҳсил намедоданд.
Дуюм, маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва молӣ омили дигари рукуди варзиш миёни бонувон шуда метавонанд. Таъмин намудани як варзишгар бо сару либоси варзишӣ ва сармояи сафари ӯ ба дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ ва ҳатто хориҷи кишвар, таъмин намуданаш бо ғизои хубу мувофиқ ва меҳмонхона кори чандон саҳл нест.
Сониян, дуруст ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ миёни бонувон.
Муаррифии як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз чанд тариқ имкон дорад. Масалан, бо тавлиди техника ва технологияи пешрафта, таълифи адабиёти оламшумул, ривоҷу равнақи илм, кашшофиҳои илмӣ, синамо, варзиш ва ҳайраву ҳоказо.
Аз ин миён бо дарназардошти имконоти маҳдуди иқтисодӣ мо метавонем аз роҳи инкишоф додани варзиш ва ширкати хуби намояндагони Тоҷикистон дар сабқатҳои байналмилалӣ миллатамонро ба дигарон муаррифӣ намоем. Ба даст овардани 5 медал дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар моҳи равон ва гирифтани ҷои дуюм байни 90 мунтахаби дунё баёнгари он аст, ки Тоҷикистон захираи зеҳнӣ ва имкони парвариши ялдухтаронро дорад.
Боястӣ коршиносони соҳа ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ созанд, то Гурдофаридҳои тоҷик дар сарахбори ҷаҳон ҳамеша ном гирифта шаванд ва таҳти таъсири онҳо ҳанӯз аз кӯдакистон духтарбачаҳо нисбат ба варзиш меҳр пайдо кунанд.
Аз сӯйи дигар варзиш ин саломатии миллат аст!
Эмомалӣ Сайидамирзод