Соли 1894 аввалин тими футболи занон дар ҷаҳон бо номи British Ladies Football дар Ингилистон таъсис ёфт. Пас аз як сол дар ҳамин кишвар тимҳои дигар ташкил ва дар ҳузури ҳазорон тамошобинон мусобиқаҳо доир гаштанд. Соли 1921 ҳудуди 150 тими футболи занон дар ҷаҳон ҳунарнамоӣ мекард. Аз рӯзи таъсиси нахустин дастаи футболи занона 121 сол сипарӣ мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон тавоноии бонувон дар ин намуди варзиш эътироф шудааст. Имрӯз ҳузури бонувон дар футбол таваҷҷуҳи зиёди тамошобинонро ҷалб намудааст. Чанд соли охир ин намуди варзиш байни ҷавондухтарони тоҷик низ маҳбубият дорад.
Ҳар иқдоми саодатофаранда, ҳар як дастоварди рӯзгор ва умуман фатҳи зинаҳои комгорӣ бе тардид падидаи навбатиест, ки дар партави мунаввари таассурот ва тараннуми соҳибистиқлолии мо ба зуҳур мерасад. Тулӯи офтоби Истиқлолият авҷи давлатдорӣ, зуҳури андешаи муқаддаси миллӣ ё санъати баланду мондагори ватандории тоҷикон аст, ки он маҳзари ростин, манзалати воқеии адабӣ ва маънавию рӯҳии кишвари мо гаштаву дар ин ҷода нақши рӯшани ваҳдати миллиро низ бо тамомияти дахлпазирӣ нишон дод. Роҳ ёфтани ин накукории бархоста аз рӯҳи тавонову беосеби як миллат ва ин табаддулоти бузург ба ҳақиқат, зеботарин зуҳуроти таърихӣ ва эҷод шудани эътимод ба ояндаи пурнури Ватан гардид. Яъне ин ҷо санъате дар санъат аст ва арзиши ин муқаддасотро танҳо фаъолияти пурсамар дар ҳама соҳот ва бахусус ҷавонон метавонанд муайян созанд.
Истиқлолият бо тақозои ҳаёт ва бо ҳадафи бартараф кардани маҳдудияти озодии иқтисодию сиёсиву фарҳангӣ, ки ҳавасмандии ҷомеаро ба ривоҷу шукуфоии мамлакат монеъ мегардид, ба воқеияти рӯшану раднопазир табдил дод ва ибтидои марҳалаи нави таърихии давлати тоҷикон гашт, ки имрӯз бо бовар метавон ҳадс зад, ки муносибати кишвар бо ҷавонон мунаввару сапед аст. Ва тайи чанд соли охир ҷавонон дар риштаҳои гуногун дар дохил ва хориҷ аз кишвар фаъолона иштирок доранд, ки дар самти варзиш дастовардҳо бештар мушоҳида мешаванд. Тайи чандин сол аст, ки бонувони тоҷик дар риштаи футболи занона берун аз Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, ҷойҳои сазоворро соҳиб мегарданд. Футбол бозии миллионҳост ва дар тамоми дунё одамон новобаста ба ҷинс ва мансубияти диниву мазҳабиашон ба он шуғл доранд. Аз ҷониби Шӯрои байналмилалии ФИФА қоидаҳои ин бозӣ тасдиқ шудаанд. Дар футбол миёни занону мардон тафовути назаррасе ҷой надорад. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон дастаҳои футболи занона ташкил ёфтаанд ва дар рушди он саҳми Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи мамлакат зиёд аст. Дастаҳои «Парасту» - и Душанбе, «Регар» - и Турсунзода, «Вахш» - и Қӯрғонтеппа аз зумраи дастаҳои фаъоли занонаи кишвар маҳсуб мешаванд. Хушбахтона, дастаҳои футболи занона дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ амал мекунанд. Соле бештар аз чаҳор маротиба мусобиқаҳо аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон доир мегарданд.
Нодира Мирзоева, яке аз бозингарони хуби нимҳимоятгари «Парасту» - и ш??аҳри Душанбе ва мураббии дастаи занонаи Регар-Тадаз мебошад. То имрӯз худро бозингари хуб нишон дода, борҳо ба Амрико, Иордания, Санкт-Петербург, Қазоқистон, Ӯзбекистон сафар намудааст. Нодира мегӯяд: «Соли гузашта барои бонувони варзишгари кишвар соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буд. Зеро аз 26 апрел то 1 май дар шаҳри Душанбе, аввалин маротиба чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14- солаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ доир гардид, ки дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Эрон, Бангладеш, Бутан, Непал ва Ҳиндустон ширкат намуданд». Инчунин аз 14 то 19 октябри ҳамин сол дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (КАФА) байни мунтахабҳои футболи занона то синни 19 - солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Баъди бозгашт аз Тошканд, мунтахаби занонаи кишвар аз 26 то 30 октябр дар марҳилаи интихоботии чемпионати Осиё, ки дар он дастаҳои то синни 19 - солаи мунтахаби Ӯзбекистон, Гонконг, «Тайпей» - и Чин ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳоло ҳама талошу кӯшиши дастаи мунтахаби занонаи кишвар барои иштирок дар марҳилаи интихоботии Чемпионати «Ҷоми Осиё - 2018», ки байни мунтахабҳои футболи Осиё Марказӣ баргузор мегардад, равона шудааст. Дар он дастаҳои мунтахаби Иордания, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Ба ин тартиб, ба гуфти Нодира, солҳои охир футбол миёни духтарону занони тоҷик низ хеле пешрафт кардааст. Ҳамасола дар ҷамъбасти мавсими футбол аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигари футболи занонаи мамлакат муайян шуда, бо туҳфаҳои махсус сарфароз гардонда мешаванд. Дар соли 2016 Гулсунбӣ Шарифова аз дастаи «Парасту» - и Д??????, ушанбе, банда ва Мадинаи Искандар аз дастаи «Регар»-и Турсунзода ва Қурбонгул Қурбонова аз дастаи «Вахш» - и Қӯрғонтеппа беҳтарин футболбозони кишвар миёни бонувон муаррифӣ шуданд, ки ин ба ҳар бозингар шавқу завқи дубора зам месозад.
Ин бонуи варзишкор дар иртибот ба рушди футболи занона чунин ибрози андеша меронад: «Хурсандиовар аст, ки солҳои охир бонувони мо дар мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ дар риштаҳои гуногуни варзиш ширкат карда, натиҷаҳои баландро соҳиб мешаванд. Ба ифтихори онҳо дар сабқатҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта мешаваду Суруди миллии мо садо медиҳад. Айни замон аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон барои оммавӣ гардондани бозии футбол миёни занону духтарон барномаҳои ҷолиб таҳияву амалӣ мешаванд. Ҳоло дар Кумитаи доварону нозирони ФФТ ҳашт нафар зан фаъолият дорад ва онҳо ба ҳайси доварони эҳтиётӣ бозиҳои чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои оливу якумро доварӣ мекунанд. Ҳамаи ин аз ояндаи дурахшони футболи занонаи кишвар далолат медиҳад».
БУЗУРГМЕҲР