Дар баробари мавҷуд будани ин махзанҳо масъалаи дигаре пеш меояд, ки аз аҳамият бархӯрдор аст. Суол дар ин аст, ки оё духтарону бонувони мо аз санъати шиноварӣ баҳравар гардидаанд ё не?
Вақте дар шаҳри Душанбе бо фарзандону набераҳо ба аквапоркҳо меравем, ба мушоҳида мерасад, ки аксар бонувони ба ин ҷо омада, аз ин санъат баҳравар шудаанд ва метавонанд дар оғӯши сарди оби мусаффо роҳат кунанд.
Аммо, вақте берун аз пойтахт, ба дараи Варзоб ё ба Ромит меравем, мебинем, ки аксар занон аз ин хушбахтӣ насиб набардоштаанд ва зери дарахтон дар соя рӯзро кӯтаҳ мекунанд.
Дар чунин ҳолат суоли матраҳ ин аст, ки чанд дарсади бонувони мо шиновариро баладанду чанди дигар не? Мусаллам аст, ки аксар модарону духтарони кишвар аз илми шино баҳра набурдаанд, зеро фарҳанги мо дар ин ришта, яъне тарбия ва парвариши варзишии фарзандон чандон рушд накардааст ва мо ҳанӯз дар банди хурофоту суннатҳои нодаркори аз ниёкон меросгирифтаем.
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон фарзандонро (бахусус духтаронро) аз хурдӣ ба шиноварӣ фаро мегиранд, зеро ин навъи варзиш дар бисёр ҳолатҳо метавонад инсонро аз марг бираҳонад. Илова бар ин, шиноварӣ саломатии инсонро қаввӣ мекунаду баданро хеле зебо ва солим. Инчунин мутахассисон бар ин назаранд, ки шиноварӣ кӯдакро болобаланд месозад ва яке аз навъҳои беҳтарини варзиш маҳсуб мешавад.
Камбахтона, мо ба ин масъала чандон аҳамият намедиҳем ва вақте бадбахтие пеш омад, ангушти ҳайрату надомат мегазем. Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар аксар истироҳатгоҳҳои гирду атрофи Душанбе ҳавзҳои мардонаву занона сохта шудаанд ва атрофи онҳо пӯшида асту модарон роҳат метавонанд шино кунанду аз сардии оби мусаффои кӯҳистон лаззат бубаранд.
Ҳамчунин ҷойи таассуф аст, ки дар ин риштаи варзиш мо варзишгарони варзида надорем, на аз ҷумлаи ҷавонону мардон ва на аз ҷумлаи духтарону занон. Бинобар ин, дар мусобиқоти ҷаҳонӣ парчами кишварамон дида намешавад ва мусиқии миллиамон низ навохта намешавад. Умед аст, ки коршиносони соҳа ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва барои рушди он дар оянда барномаи мукаммале рӯи даст хоҳанд гирифт.
Дар иртибот ба ин, масъалаи дигаре пеш меояд. Нигоҳубини фарзандон дар фасли тобистон. Рӯдхонаи Душанбе аз васати он убур менамояд ва шаҳрро ду қисмат мекунад. Дар гармиҳои тобистон тақрибан аз соатҳои 10 ба ин тараф, бачаҳо ба соҳили рӯдхона меоянд ва машғули шино мешаванд. Аммо кам мушоҳида мешавад, ки падару модарон ва ё бародарони калонсол ин бачаҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Дар натиҷаи чунин муносибат ва беаҳамиятӣ соле чанд бача дар об ғарқ мешавад. Хуб мешуд, агар падару модарон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва тобистон бачаҳоро зери назорат бигиранд. Назорат кардан ҳазор бор беҳтар аз ашки ҳасрат рехтан аст.
Чизи дигареро, ки дар ин маврид мехостам қайд кунам, ин муносибати мо дар фасли тобистон бо ҷойи истироҳат аст. Бархе аз ҳамватанон дар атрофи кӯл, ҳавз ва ё соҳили рӯдхонае истироҳат мекунанд ва дар баробари оббозӣ тарбузу харбуза ва дигар намуди меваҳоро истифода мекунанд. Хӯрдани мева кори хеле хуб аст ва витамин барои организми инсон фоидаовар мебошад, аммо хуб мешуд ҳамватанон вақти баргаштан ба хона партобҳои худро ғундоранд ва сари роҳ ба партобгоҳе андозанд. Гузоштани партоб сабаби ҷамъ шудани магасу пашшаҳои зиёд мешавад ва ҳам бӯи бади он мардумро нохуш мекунад.
Ин Ватани биҳишгунро Офаранда ба мо насиб кардааст ва нигоҳубин намудану дӯст доштани он қарзи инсонии ҳар яки мост! Бояд дар баробари истифода кардан аз он, ҳифз намуданашро низ биомӯзем.
Эмомалӣ Сайидамирзод