- Аз номи аҳли қалами маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шуморо бо нахустин медали биринҷиатон самимона табрик мегӯем…
- Ташаккур!
- Рақобат бо чемпионҳои ҷаҳон ва Осиё кори саҳле нест, аммо Шумо дар ин сабқат сазовори ҷои сеюм гаштед. Дар маҷмуъ чанд бозӣ доштед?
- Дар нӯҳ давр аз рӯи се намуди шоҳмот, яъне рапид (босуръат) классика ва блитс (фаврӣ) бозӣ доштам. Аз ин нӯҳ имтиёз шаш бурд, як мусовӣ ва ду бохт сазовори ҷои сеюм гардидам.
- Ҳарифонатон киҳо буданд?
- Ивано Мария Фуртадо чанд карата чемпионҳои ҷаҳон ва Осиё аз Ҳиндустон, Алинисаб Мобина, Ватан Пармис, Сайида Ситор аз Эрон Манар Халил аз Арабистон, ки бо рейтингҳои аз ҳама баланд миёни то бистсолаҳо дар ҷаҳон мансуб мешаванд, бозӣ доштам.
- Чӣ тавре ки мо медонем, имрӯз дар кишвар мактаби махсуси шоҳмот мавҷуд нест ва ҳарифони Шумо онҳоеанд, ки аз мактабҳои бузурги шоҳмот гузштаанд, дар ин ҳол чӣ тавр ба ин дастовард ноил гаштед?
- Пеш аз ҳама таҷрибаи даҳсолаи омӯхтаам аз модарам, ки нахустин мураббии банда мебошанд, нақш бозид. Дуввум ҳама қуввамро истифода бурдам, зеро ин соли ниҳоии ман дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни то бистсолаҳо мебошад. Аз соли дигар аллакай дар ин гуруҳ бозӣ карда наметавонам. Ҳамаи ин барои сазовор гаштанам барои ҷои сеюм мусоидат намуданд. Воқеан, имрӯз агар дар кишвар мактаби махсуси шоҳмот ташкил карда шавад, боварии комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ман гумон мекардам, ки онҳо чи қадар сахт бозӣ мекунанд, аммо дар намудҳои рапид ва блитс ман чемпионкаи ҷаҳон Ивано Мария Фуртадоро шикаст додам, танҳо дар намуди классика мағлуб шудам.
- Дар боло гуфтед, дигар дар мусобиқаҳои то синни бистсола иштирок карда наметавонед, пас аз ин дигар чӣ нақшаҳо доред?
- Бале, акунун худам кӯшиш мекунам ҷиддӣ машғул шавам, хатогиҳоямро ислоҳ кунам, то дар мусобиқҳои касбии калонсолон иштирок варзам. Бисёр мехоҳам дар ин самт ҷавононро тайёр кунам, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ кишвари моро муаррифӣ намояд.
- Барои як шогирди муваффақ тайёр намудан чӣ омилҳо лозиманд?
- Дар баробари лаёқату шавқ агар шароити молӣ набошад ҳам наметавон муваффақ шуд. Шогирдони хубе дорем, ки аз онҳо умедамон калон аст, аммо боз ҳам қайд мекунам, ки бе кӯмакҳои молӣ мо наметавонем онҳоро ба хориҷи кишвар фиристем.
- Дар Соли ҷавонон чӣ орзу доред?
- Бисёр мехоҳам масъулин ба ин риштаи варзиши сабук аҳамияти бештаре диҳанд, то шоҳмоти тоҷик дар баробари дигар намуди варзиш дар ҷаҳон машҳур шавад. Ба ҷавонон тани солим ва дар ҳар корашон барор таманно дорам.
БУЗУРГМЕҲР