Имрӯз бо боварӣ метавон ҳадс зад, ки муносибат бо ҷавонон мунаввару сапед аст. Ва тайи чанд соли охир ҷавонон дар риштаҳои гуногуни варзиш дар дохил ва хориҷ аз кишвар фаъолона иштирок доранд. Аз ҷумла, дар кишвари мо бонувон бештар ба каратэ, бокс, гӯштингирӣ, волейбол, футбол майли зиёд доранд ва берун аз Тоҷикистон низ ҳунарнамоӣ карда, ҷойҳои сазоворро соҳиб мегарданд. Футбол бозии миллионҳост ва дар тамоми дунё одамон новобаста ба ҷинс ва мансубияти диниву мазҳабиашон ба он шуғл доранд ва аз ҷониби Шӯрои байналмилалии ФИФА қоидаҳои ин бозӣ тасдиқ шудаанд. Дар футбол миёни занону мардон тафовути назаррасе ҷой надорад. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон дастаҳои футболи занона ташкил ёфтаанд ва дар рушди он саҳми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футбол зиёд аст. Дастаҳои „Парасту“-и Душанбе, „Регар“-и Турсунзода, „Вахш“-и Қӯрғонтеппа аз зумраи дастаҳои фаъоли занонаи кишвар маҳсуб мешаванд. Хушбахтона, дастаҳои футболи занона дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ амал мекунанд, ки соле бештар аз чаҳор маротиба мусобиқаҳо аз ҷониби Федератсияи футболи кишвар доир мегардад.
Сардори шуъбаи футболи занонаи Тоҷикистон (ФФТ) Дилдода Нусратуллова мегӯяд: „Ҳар иқдоми саодатофаранда, ҳар як дастоварди рӯзгор ва умуман фатҳи зинаҳо бе тардид падидаи навбатиест, ки дар партави мунаввари таассурот ва тараннуми соҳибистиқлолии мо ба зуҳур мерасад. Ва соли 2017 унвон гузоштани „Соли ҷавонон“, ки чун нуқтаи авҷи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, шаҳодати ҳамин гуфтаҳост. Ин ибтикор аз он шаҳодат медиҳад, ки мо, ҷавонон, бештар дар пешрафти соҳоти гуногуни кишвар саҳим бошем. Мо аз 3 то 17 декабри соли 2016 дар Амрико барои омӯзиши футбол ба Калифорния, Сан-Франсиско ва Вашингтон рафта будем. Имрӯз бо истифода аз таҷриба ва имконот кӯшиш дорем, ки футболи занонаи кишварро густариш диҳем“.
Соли 2016 барои бонувони варзишгари кишвар соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буд. Зеро аз 26 апрел то 1 май дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14-солаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ доир гардид, ки дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Эрон, Бангладеш, Бутан, Непал ва Ҳиндустон ширкат намуданд. Инчунин аз 14 то 19 октябри ҳамон сол дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (КАФА) байни мунтахабҳои футболи занонаи то синни 19 - солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Баъди бозгашт аз Тошканд, мунтахаби занонаи кишвар аз 26 то 30 октябр дар марҳилаи интихоботии чемпионати Осиё, ки дар он дастаҳои то синни 19-солаи мунтахаби Ӯзбекистон, Ҳонконг, Тайпейи Чин ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳоло ҳама талошу кӯшиши дастаи мунтахаби занонаи кишвар барои иштирок дар марҳилаи интихоботии Чемпионати „Ҷоми Осиё - 2018“ байни мунтахабҳои футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 3 то 12 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дар он дастаҳои мунтахаби Иордания, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард, равона гардидааст.
Ба ин тартиб, гуфтан мумкин аст, ки солҳои охир ин намуди варзиш миёни бонувони тоҷик низ хеле рушд кардааст. Ҳамасола дар ҷамъбасти мавсими футбол аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингарони футболи занонаи мамлакат муайян шуда, бо туҳфаҳои махсус сарфароз гардонда мешаванд. Дар соли 2016 Гулсунбӣ Шарифова аз дастаи „Парасту“-и Душанбе, Нодира Мирзоева ва Мадинаи Искандар аз дастаи „Регар“-и Турсунзода ва Қурбонгул Қурбонова аз дастаи „Вахш“ -и Қӯрғонтеппа беҳтарин футболбозони кишвар миёни бонувон муаррифӣ шуданд.
Дар ин маврид Дилдода Нусратуллоева чунин изҳори назар мекунад: „Хурсандиовар аст, ки солҳои охир бонувони тоҷик ҳам дар мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ дар риштаҳои гуногуни варзиш ширкат карда, натиҷаҳои баландро соҳиб мешаванд. Ба ифтихори онҳо дар сабқатҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлати Тоҷикистон баланд мешаваду Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад. Айни замон аз ҷониби Федератсияи футболи кишвар барои оммавӣ гардондани бозии футбол миёни занону духтарон барномаҳои ҷолиб таҳияву амалӣ мешаванд. Ҳоло дар Кумитаи доварону нозирони ФФТ ҳашт нафар зан фаъолият дорад ва онҳо ба ҳайси доварони эҳтиётӣ бозиҳои чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои оливу якумро доварӣ мекунанд. Ҳамаи ин аз ояндаи дурахшони футболи занонаи кишвар далолат медиҳад.
БУЗУРГМЕҲР