Дар сурати донистакорона татбиқ гардидани муқаррароту нишондодҳои дар ин нақшаи дурнамо зикршуда ва дар заминаи ислоҳу рафъи мушкилу масъалаҳои мавҷуда футболи занонаро дар Тоҷикистон то ба сатҳи сифатан нав метавон боло бурд. Воқеан, масъулини машғул ба таҳияи барномаи номбурда дар сарбонг ё ба истилоҳи маъмулӣ пешгуфтори ҳуҷҷат нуқсу иллатҳои умдаи норивоҷии нисбии ин намуди варзишро дар Тоҷикистон бадин зайл зикр намудаанд: « Ба мушкилоти марбути футбол омилҳои махсуси дигаре амсоли варзиши хоси бонувон набудани он, муносибати саҳлангоронаи мураббиёни ҷинси мард дар иртибот ба ифои вазифа дар дастаҳои занона, ноҷолибиаш дар миёни сармоягузорони билоэҳтимолӣ ва аз ҳама муҳимаш, нодуруст фаҳму фаросат кардану зеҳнияти нораво дар баробараш зам мешаванд, ки ба рушди футболи занона таъсири манфӣ мерасонанд. Зимнан аз ҳама душвортарин кор дар ин самт барҳам задани ҳукми норавои зайл аст: « Духтар чӣ монду футболбозӣ!» Маҳз бад-ин далел футболи занона дар ҷомеаи мо ба андозаи боиставу шоиста рушд наёфту пеш нарафт. Феълан теъдоди хубони футболбози тоҷик бад-ин иллат камшумор асту ночиз.Ин андешаро зудудану сутурданаш аз зеҳнияти мардуми тоҷик хеле душвор бошад ҳам, мутлақо кори ношав низ онро намешавад ҳукм кард. Ва дар барномаи тозаву тари таҳиянамудаи Созмони футболи Тоҷикистон оид ба бишкастани қобу қолабҳои куҳнаи фарсудаи мазкур дар баробари таблиғу тарвиҷи футбол дар миёни духтарону занон таъсиси лигаи вижаву мунтазаму муназзам дар доираи он роҳандозии мусобиқот, таъмини ширкати мунтахабҳои миллии мамлакат дар чорабиниҳои дохилию хориҷӣ ва пай афкандани даҳҳо иншооти дархури аҳдофи марбута дар назар аст. Дар фурсату фосилаи татбиқи барномаи рушди футбол таҳти унвони «Орзу 2026» , ки дастикам 10 солро ба таркиб дошта таҳти назорату дастгирии роҳбарияти иборат аз ҷавонони ҳирфаии соҳа амалӣ мешавад, футболи занона марҳала ба марҳала ташаккул ёфта, дар ниҳоят дар сабқатҳои минтақавию ҷаҳонӣ бо дастовардҳои шоистааш аз худ дарак хоҳад дод.
Холмаҳмад Мавлон