19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОЁ МО МЕТАВОНЕМ?

 

Аммо…

Натиҷа он қадр ғайриинтизор буд, ки дар давоми як ҳафтаи дигар ҳаводорони варзиши ҷумҳуриро дар ҳоли шок қарор дод. Аз се сабқати асосӣ варзишгарони мо ду сабқатро бой доданд ва ин торсакии сахте шуд бар рӯйи ҳаводорони ташна ва дилбохтаи тоҷик!

Мусобиқа нишон дод, ки варзишгарони мо омодагии ҷиддӣ нагирифтаанд ва дар раунди дуюм хеле хаста мешаванд, ки ин сабаби асосии мағлуб шудани онҳост. Ин сабқат бори дигар тасбит кард, ки аз миёни варзишгарон боз ҳам беҳтаринҳо интихоб нашудаанд!

Албатта, ин қадамҳои нахусти масъулин дар ин ришта маҳсуб мегарданд, аммо бояд мо як чизро фаромӯш накунем, ки чанд мусобиқаи аввал ояндаи чунин чорабиниҳоро муайян мекунанд. Чунин мусобиқаҳо боис мегарданд, ки дар оянда дар ҷараёни он варзишгарони шинохтаи дигар кишварҳо иштирок мекунанд ё не.

Ба ҳамин хотир пешниҳод доштам, ки аз таҷрибаи дигар кишварҳо каме биомӯзем. Масалан, Рамзан Қодиров тавонист дар як муддати кӯтоҳ кишвари худро хеле хуб ва мусбат муаррифӣ намояд. Имрӯз дар мусобиқаҳои Чеченистон беҳтарин варзишгарони дунё ширкат меварзанд ва ҷойи ёдоварист, ки дар ин сабқатҳо намояндагони ин кишвар аксаран ҷойҳои аввалро соҳиб мешванд.

Барои ба чунин натиҷаи мусбат даст ёфтан Рамзан Қодиров чӣ кор кард? Се – чор моҳ қабл аз мусобиқоти байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ сабқатҳои дохилиро роҳандозӣ намуд. Аз тамоми гӯшаву канори ин ҷумҳурӣ ва берун аз он варзишгарони чичен дар сабқатҳои дохилӣ ширкат варзиданд ва дар натиҷа беҳтаринҳо барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ интихоб шуданд.

Агар мо аз чаҳорчӯби маҳал берун равему дигар дар пайи интихоби хешутабор набошем, ба воситаи ба роҳ мондани сабқатҳои дохилии умумиҷумҳуриявӣ метавонем беҳтарин варзишгаронро муайян намоем, то онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи баланд миллати тоҷикро муаррифӣ кунанд ва ҳаводорони варзиш низ ҳар дафъа бо табъи болида ба хона баргарданд. Меҳмонон бошанд, ҳини баргаштан ба ватани худ аз пирузии варзишгарони тоҷик ҳарф бизананд.

Эмомалӣ Сайидамирзод

 

:.  Варзиш 14.03.2017 05:56 1767

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz