АЗ ТАЪРИХЧАИ БЕҲТАРИН ЗАНОНИ
ШАТРАНҶБОЗИ ҶАҲОН
Аз соли 1927 то соли 1944 беҳтарин шатранҷбози ҷаҳон Вера Менчики чех буд. Баъдтар Людмила Руденкои рус солҳои 1950–1953, Елизавета Бикова аз соли 1958–1962, Олга Рубсова 1956–1962, Нона Гаприндашвили солҳои 1962–1978, Майя Чибурданидзе солҳои 1978–1991 барандагони шатранҷ дар ҷаҳон буданд. Аз соли 1996 то соли 1999 Жужа Полгари маҷор дар рӯйхат ҷои аввалро соҳиб буд. Аз соли 2001 то соли 2004 Чжу Чэни ҷопон соҳиби ин унвон буд. Аз соли 2004 то соли 2006 Антоанета Стефановаи булғор, аз соли 2006 то 2008 Сюй Юйхуаи ҷопон, аз соли 2008 то 2010 Александра Костенюки рус, аз соли 2010 то 2015 Хоу Ифани ҷопон дар рӯйхати аввал буданд. Ва аз соли 2015 то имрӯз Мария Музичуки украинӣ дар ҷои аввал қарор дорад.
Шоҳмот яке аз кашфиётҳои куҳантарин ва аҷибтарин бозии мардуми форсу тоҷик мебошад, ки имрӯз ҳамчун варзиши сабук дар тамоми ҷаҳон матраҳ аст. Саодат Одинаева ин риштаи варзишро пеш мебарад, ба шогирдон дарс мегӯяд ва маҳз ба шарофат ва заҳматҳои пайвастаи ӯ дастаи шоҳмотбозони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳон, ки дар Истамбул баргузор гардид, ба гурӯҳи D шомил шуд. Дар Норвегия соли 2014 байни 170 давлати дунё соҳиби медали ифтихорӣ гардиданд. Ва то имрӯз шогирдони зиёдеро ба воя расондааст. Ӯ бо боварӣ мегӯяд: „Агар, мо мактаби махсуси шоҳмотро дар кишвар ташкил намоем, ман метавонам ҳама ҳастиамро ба он бахшам ва шогирд ба воя расонам, бовар дорам, ки шогирдонам аз дараҷаи 3 то номзад ба устоди варзиш хоҳанд расид. Имрӯз байни духтарон Мутрибаи Илҳом ва байни писарҳо Амонуллоҳи Илҳом дар ҷои аввал қарор доранд. Мутриба чаҳордаҳкарата чемпиони ҷумҳурӣ ва чандин бор иштирокдори бозиҳои байналмилалӣ байни наврасон мебошад, ки соли гузашта дар Қирғизистон ҷойи аввалро ишғол кард“.
ТО МУЛОҚОТ БО НОНА ГАПРИНДАШВИЛИ
Саодат Одинаева аз соли 1981 ба бозии шоҳмот машғул аст. Дар ин муддат борҳо дар кишвар ҷойи аввалро ишғол намуда, ба мамолики зиёде, чун Русия, Беларус, Руминия, Латвия, Туркманистон, Қирғизистон ва ғайраҳо сафар намудааст. Саодат мегӯяд: „Ман некбахтам, зеро бар худ пирӯз шудаам. Ва гумон мекунам ғолиби афъоли неку нияти худ ҳастам“. Воқеан, вай бар худ ғолиб омад. Нияти қавӣ ва азми дурусташ ӯро ҳамсуҳбат бо машҳуртарин бонуи шоҳмотбоз, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон Нона Гаприндашвили, қаҳрамони ҷаҳон Гарри Каспаров ва даҳҳо тан шатранҷбозони номӣ гардондааст. Зимни суҳбат аз хотираҳояш бо Нона Терентевна қисса намуд: „Чандин бор бо ӯ суҳбат доштам ва имрӯз Гурҷистон дар шоҳмотбозӣ ҷои намоёнеро дар ҷаҳон дорад. Аз ӯ пурсидам, ки чаро мардуми шумо дар ин ришта бештар муваффақанд? Ӯ дар ҷавоб гуфт: „Дар Гурҷистон духтареро, ки шоҳмот бозӣ карда натавонад, арӯс намегиранд. Бонувон ҳатман шоҳмотро меомӯзанд. Чунки шоҳмот на танҳо мусобиқаи фикрҳо, балки муҳорибаи характерҳо низ мебошад. Касе шоҳмотро хуб бозад, характери каси дигарро низ зуд эҳсос мекунад“.
Ба назари равоншиносон бозии шоҳмот ҳамеша инсонро ба олами муборизаи ақлҳову идеяҳо ҷалб менамояд. Ва дар инсон санъатдӯстӣ, қобилияти ҷаҳонбинии илмиро рушд медиҳад. Кирсан Илюмжинов - президенти федератсияи шоҳмот дар охирон суҳбаташ перомуни шоҳмот гуфт: „То имрӯз дар ҷаҳон 600 миллион нафар шоҳмот мебозад ва мо ният дорем, ки то соли 2020 ин теъдодро ба як миллиард расонем. Агар ин теъдод шоҳмотро омӯзад, куштору фиребу зиндагибезорӣ аз байн мераванд. Ва мутмаинам, ки ин қудратро шоҳмот дорад. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки мо ба воситаи шоҳмот ҷаҳонро тағйир дода, хушбахтиву хубиро ҳукмрон мекунем“.
Саодат Одинаева мегӯяд, ки тайи умри пурбаракати худ ба ҳикмати фармудаҳои Александр Фюрстенберг расидам, ки гуфта буд: „Ҳама чиз дар дасти инсон аст ва инсон дар дасти зан…“. Дар ин муддати фаъолият аз ашхоси машҳуртарини ҷаҳон беҳтарин чизҳоеро омӯхтам, ки ҳама рӯз дар зиндагиам таҷриба мекунам“.
ИМРӮЗИ ШОҲМОТ
Дар баробари ин ҳама арзишҳое, ки баҳри шоҳмот қоиланд, дар кишвари мо қариб ки ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳ намешавад. Саодат Одинаева бо таассуф аз шоҳмоти имрӯзи тоҷик гуфт: „Вазъи шоҳмоти кишвар дар ҳоли нигаронкунанда қарор дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо бояд рушди онро ба таври беҳтар ба роҳ монем, бинои алоҳидае барои шоҳмот бунёд кунем, то ба бачаҳои лаёқатманд кор кунем ва дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизамонро муаррифӣ намоем. Ман бисёр мехостам, ки шоҳмот дар макотиби миёна низ тадрис дода шавад. Чунки ин таҷриба дар тамоми мамолики ҷаҳон натиҷаи хуб додааст. Мутаассифона, имрӯз ба ин риштаи варзиш хеле кам таваҷҷуҳ медиҳем“.
Дар ҳақиқат 14 май ҳамасола чун „Рӯзи шоҳмот“ ҷашн гирифта мешаваду бо ҳамин кор тамом. Ҳатто дар пойтахт бинои махсуси шоҳмот мавҷуд нест. Хуб мешуд, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар баробари эълон намудани соли 2017 ҳамчун „Соли ҷавонон“ барои шоҳмотбозони касбӣ шароите фароҳам мекард.
БЕҲТАРИН ОРЗУ
Саодат ҳамчун як шоҳмотбози касбӣ дар хотимаи суҳбат гуфт: „Солҳои қадим шоҳмот бозии шоҳона буд, бисёр мехостам бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боре ҳамсуҳбат бишавам“.
БУЗУРГМЕҲР