Имрӯз дар ҷаҳон Тоҷикистон аз намуди тэквандо ҷои чорумро соҳиб аст, ки ин дастоварди хеле бузург мебошад. Ҳамасола тэквандочиёни кишвар даҳҳо медали тилло ба хазинаашон ворид месозанд. Дар ин миён заҳамоти мураббиёни „Мактаби ғолибон“ кам нест. Федератсияи тэквандочиёни Тоҷикистон аз соли 1991 фаъолият дорад ва дар соли 2006 онро „Мактаби ғолибон“ ном гузоштанд. Кӯшишу талоши мураббиёни ин боргоҳ дар як муддати кӯтоҳ тавонист асосгузори тэквандо ИТФ -генерал Чой Хон Чиро ба кишвари мо биорад. Ӯ зимни суханронии худ гуфта буд: „Ман бисёр мехостам аз наздик мактаби шуморо бубинам ва бидонам, ки чи боис шуда, ки дар як муддати кӯтоҳ дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ҷои намоёнро ишғол кардед“. Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар дар ин намуди варзиш машқ мекунад. Дар ҳудуди „Мактаби ғолибон“ зиёда аз 800 нафар тамрин дорад ва зиёда аз 300 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд, ки Анора Қурбонова аз ҷумла онҳост.
Анора Қурбонова байни тэквандочиёни кишвар номест ошнову мақбул. Ӯ ҳамагӣ сездаҳ сол дорад. Дар ин муддат борҳо дар дохил ва берун аз Тоҷикистон парчами кишварро баланд бардоштааст.
Майдони варзиш майдони тарбият аст
Дар ҳар ҷода гузоштани қудуми аввал душвориҳое дорад. Заҳмат асту дар пай умеде низ ҳаст. Кӯшишу санҷишу сабр оранд меваҳои шаҳдбор гуфтаанд. Анора Қурбонова бо қадамҳои устувору ҷиддӣ ба майдони тэквандо ворид гашт. Аз сахтиҳо наҳаросид, гоҳе бурду гоҳе бохт, аммо лаҳзае аз варзиш дурӣ наҷуст. Танҳо бо мақсади ғолибият заҳмат кашиду тамрин кард.
Падари Анора- Олим Қурбонов аз духтари худ бо ифтихор мегӯяд: „Анора на танҳо дар риштаи тэквандо муваффақ аст, балки ӯ дар мактаб низ бо баҳои аъло таҳсил мекунад. Хеле расмҳои хуб мекашад, кас гумон мебарад мактаби рассомиро хатм намуда бошад, аммо ӯ дар ин ришта худомӯз аст. Аз адибон Умари Хайём ва Марина Светаеваро бисёр дӯст медорад. Омили инро пайваста машғули варзиш будани ӯ медонам. Зеро яқин медонам, ки майдони варзиш ин майдони тарбият аст. Барои варзишгари асил будан, гумон мекунам, пеш аз ҳама, одоб ва тарбияи баланд ҳатмист“.
Зина-зина то саҳнаҳои бузург
Анора 2 карат чемпиони мутлақ ва чандин бор соҳиби ҷойҳои дувум ва сеюм берун аз Тоҷикистон гардидааст. Имсол барояш соли бобарор буд, ӯ дар Қирғизистон сазовори ҷои аввал гардид. Мураббиёну ҳамсабақонаш ба ояндаи дурахшони ӯ боварии калон доранд. Ба андешаи Анора: „Агар ҳама падарону модарони тоҷик мисли хонаводаи мо ба фарзандонашон монеа эҷод накунанд, Тоҷикистон дар риштаи тэквандо ҷои аввалро мегирад. Мутаассифона, баъзе падару модарон сабаби ба варзиш машғул нашудани фарзандонашон мешаванд. Ман ҳама муваффақиятҳоямро аз волидонам медонам, чунки онҳо садди роҳи ман нагардиданд ва ҳаргоҳ ки мағлуб мешудам, шикаст хӯрдан ниме аз ғалаба аст гуфта, маро дилбардорӣ мекарданд. Устодонамон низ бо мо муносибати хуб доранд ва усулҳои навро тамрин медиҳанд, ки берун аз Тоҷикистон ҷойҳои намоёнро гирем. Ва бисёр мехоҳам дар саҳнаҳои бузург қувва озмояму парчами кишварро баланд бардорам“.
Адиба Исҳоқӣ, модари Анора, мегӯяд: „Анора озодона ба забонҳои англисиву русӣ ҳарф мезанад. Пайваста мекӯшидам, ки ин ду забонро аз худ кунад. Чунки берун аз Тоҷикистон бисёр сафар дораду ба тарҷумон муҳтоҷ нашавад. Хушбахтона, Анора бо ин забонҳо хеле хуб балад аст ва бидуни тарҷумон ҳарф мезанад. Пас аз хатми мактаб ният дорем ба ягон донишгоҳи хориҷӣ дохил шавад ва дар оянда ҳамчун мутахассиси хуб ба Ватани худ хизмат кунад“.
Пас аз шиносоӣ ва огаҳӣ аз фаъолияту омӯзишҳои Анора Қурбонова, маълумам гардид, ки ҳар як бонуи тоҷик, агар каме аз фароғат ва танбалӣ раҳоӣ ёбад, ба муваффақиятҳои бузург ноил хоҳад гашт. Зеро варзиш кушояндаи ҳамаи гиреҳҳои танбаливу шикастадилӣ буда, инсонро зина - зина то роҳҳои дарозу пурсамар хоҳад бурд. Анора Қурбонова чун дигар варзишгардухтарони тоҷик собит намуд, ки барои ҳама арзишҳо вақт мерасад. Зеро ӯ тавонистааст то имрӯз ҳамчун варзишгар, кадбонуи хона ва як хонандаи фаъол дар мактаб шинохта гардад.
Ба ӯ комёбиҳои нав ба нав хоҳонем.
БУЗУРГМЕҲР