Ҳамдеҳаҳо бори дигар ҳис карданд, ки аксари паҳлавонони русто аз ҷанг барнагаштаанд. Ду нафаре, ки омаданд, маъюбанд, бештари вақти худро дар беморхонаву идораҳои шаҳр мегузаронанд. Занони деҳа дар баландӣ нишаста, ба ҳам чархидани паҳлавононро тамошо мекарданд.
Ҷобир ном зӯроваре аз ҷамоати дигар се ҳамдеҳаро бар замин зад. Довар бозиро гарм карданӣ шуда, эълон кард, ки довталаби дигаре ҳаст, то нанги русторо бихарад. Тамоми деҳа ҷӯш хӯрд, занҳо ҳам бесукуну беқарор шуданд. Ягона умед муаллим Шариф буд, аз деҳи поён.Ӯ ба бӯйи нарасидани муаллим радномаи ҷанг ё ба истилоҳ брон дошт. Чанд бор довталабона ариза навишта бошад ҳам, ба ҷанг нагирифтандаш. Ӯ замоне гӯштингири номӣ буд, вале дар ин 7–10 соли охир боре ҳам майдони гӯштинро наозмуд. Хостанд барояш аспакиеро бифиристанд, ки ӯро зуд биёрад.
Хатичамоҳ андармони кори ҳаррӯза дар ганҷурхона дуғ мекашид. Гӯши ӯ низ аз шикасти ҳамдеҳагонаш бод ёфт. Ба назди занҳо омад, ки маъюсу парешонавзоъ менамуданд. Аз асли воқеа огоҳ шуда, ба хона баргашт. Баъди чанд лаҳза ба берун баромад. Чакмани бузмагии сиёҳи Абубакрро ба тан кашида, аз болои поҷома изори тики нимдошти амакашро пӯшид. Ба ҳамвории дара гӯё ҷаҳида фуромад. Наздик шуда, калӯшҳояшро аз по фиканду, чолокона вориди майдон гашт. Дар бари паҳлавон дузону нишаст.
Ҳозирин тааҷҷуб карданд, чеҳраи паҳлавон барояшон ношинос, кулоҳаш низ аҷоиб менамуд. Довар ду паҳлавонро ба назди худ хонд. Сарашро ба тарафи Хатичамоҳ хам карда пусид:
- Номат?
Хатичамоҳ худро гум кард, саросема шуд.
- Мирзо, - гуфт ӯ ниҳоят худро ба даст гирифта.
Паҳлавони майдон ба ҳарифи худ шубҳаомез нигариста, аз зери албандак (рӯмолбандиеро гӯянд, ки дар пушти сар гиреҳ мехӯрад) мӯйҳои сари занонаро дида, дастонашро ба қад овехт ва гуфт:
- Ин кас заиф аст, ман бо зан қувва намеозмоям.
- Майдон ҷои гӯштингирист, на баҳсу ноз, - гуфт Хатичаю бардам- бардам сӯи ҳариф қадам партофт. Ҳариф аввал хост қафонокӣ биравад, вале ғурураш иҷоза надод. Хатичамоҳ ба ӯ наздик шуда, ба гиребонаш чанг андохта, силтав зад. Паҳлавон такон хӯрда бошад ҳам, аз ҷояш наҷунбид. Хатичамоҳ аз китфони рақиб дошта, дубора сандал зад. Ҳариф намеҷунбид. Ӯ якбора ҳарифро гурдмушт карда, аз замин бардошт. Ҳариф аввал ором меистод. Баъд нафасаш тангӣ кард, ки пойҳояшро меҷунбонд, вале халос хӯрда наметавонист. Алосак мезад, хун ба рӯяш давиду лолавор сурх шуд.Чеҳраи Хатичамоҳ низ тағйир ёфт, себи қосимсаркориро мемонд. Ӯ ҳарифро яктарафа хам карда, раҳо сохт. Паҳлавон чун халтаи орд парӯ афтод. Аввал ҷунбид, оҳиста-оҳиставу базӯр дар ҷояш нишаст. Ниҳоят нафаси чуқуре кашида, пойҳояшро ҷамъ кард. Гӯё акнун ба ҳуш омада бошад, аввал сари зону нишаст, баъд парида аз ҷо ҷаст. Ба сӯи Хатичамоҳ бо нафрат нигариста, намедонист чӣ кор кунад. Хатичамоҳ омодагии худро барои давом додани гӯштин нишон дод. Довар вақтро муносиб ёфта, ҳуштак кашид. Ғолиби майдон ба қаҳр даст ба китфи Хатичамоҳ гузошта, бо дасти чапаш аз оринҷ болотари ҳарифашро дошта, ба сӯи худ кашид. Маълум буд, ки ӯ усули „сари севҷӣ“- ро истифода бурданист. Хатичамоҳ қомати худро қафо кашида, гӯё нишастанӣ шуд. Дасташ аз панҷаи ҳариф хато хӯрд. Аз лағжиданаш истифода бурда, ӯро дар бағал гирифта, ҳамон гурдмуштро аз нав истифода бурд. Дасти рости ҳариф озод буд, вале коре карда наметавонист. Дастони Хатичамоҳ аз таги каш рафта, барои боз ҳам тангтар кардани оғӯши ӯ мадад мекарданд.
Вай ҳарифро бардошт. Чун гурмушт аз миён поёни ҳариф сурат мегирифт, пойҳояш аз замин канд. Ӯ мехост аз пои Хатичамоҳ ҳалук андозад, аммо лингаш кӯтоҳӣ мекард, намепечид. Аз ин деҳудори ҳариф истифода бурда, Хатичамоҳ кашашро тангтар мекард. Баъди ягон ду- се дақиқа ҳалосакзании ҳариф кам шуд. Ранги рӯяш пуркид, чашмонаш сафед шуданд.
-Куштаниӣ, бихобонаш, - наъра дар дод кадоме аз тамошогарон.
Маълум буд, ки Хатичамоҳ нозукиҳои санъати гӯштинро намедонад, ба ҷуз усули „говзӯрӣ“. Гӯё дар оғӯши ӯ ҷуволи гандум бошад, ҳанӯз онро нигоҳ медошт. Аз ғиреви издиҳом ба худ омада, „ҷуволи гандум“-ро ба замин ҳаво дод. Ҳамин ки ӯро аз оғӯш раҳо кард, чолокона „ҷасад“- ро тоб дод. Ҳариф пурра ба тахтапушт ба замин афтод. Нозир паҳлавонро аз замин бардошта, ба пушташ нигоҳ кард. Ҳар ду шонаи ҳариф олудаи коҳ буданд, ки одатан ба майдони гӯштин пеш аз оғози мусобиқа мепошанд. Довар паҳлавононро ба назди худ хонда, дасти Хатичамоҳро бардошту ӯро ғолиб эълон кард. Ӯ дасташро аз дасти довар раҳо карда, рӯ ба болои теппа, ба сӯи деҳа давид. Калӯшҳояш дар даст ба назди занҳо расида буд, ки онҳо бархоста, ӯро печонданд.„Паҳлавон“ занҳои хушҳол, вале ҳайронро бо дастон ҷудо карда, ба хона даромад. Табдили пӯшина карду рӯймолашро соз намуд.
Дар таги долон занҳо ӯро мунтазир буданд.
- Ту дигар Хатичамоҳ нестӣ, балки „Хатича- паҳлавон“, - ӯро каш гирифту бӯсид кампири Солеҳамоҳ.
Ҳамон бегоҳ дар деҳоти ноҳияи Ховалинг ва баъзе рустоҳои наздики нуқтаҳои Муъминобод ва Кӯлоб, ки ба гӯштин омада буданд, нуқли маҷлису суҳбат ҳамин рӯйдод буд. Онҳое, ки ба „Шоҳнома“ шиносоӣ доштанд, корномаи ӯро пайравӣ ба Гурдофарид меномиданд, дигаре ӯро ҳамсари Баҳроми Гӯр мехонд, ки бар асари машқи зиёд гови варзаро бардошта, ба манзили чоруми хонааш мебаровард.
Дар деҳаи Пастезак ва деҳаҳои атроф ҳам ҳар дидаву шунида аз рӯи инсофи қиссагӯ бардошт мекард. Ҳамдеҳагон нақл мекарданд, ки ҷуволи гандумро бо каме ёрии зону озод ба пушти хар ё асп бор карданашро борҳо бо чашми сар дидаанд. Ба ҳар ҳол аз ҳамон рӯз ӯро дигар касе Хатичамоҳ намегуфт, Паҳлавон замимаи номи ӯ гашта буд. Баъди ин ҳодиса ӯ аллакай дар қатори мардони деҳаву атроф ҳисоб мешуд. Дар маҷлисҳои деҳа ва колхоз бологузар шуд, бисёр вақт фикрҳояш буранда буданд. Вакили шӯрои ҷамоат интихоб гардид. Гоҳе ба маъракаҳои гӯштин мерафт, вале бештар ба ӯ довариро раво медонистанд. Акнун дар тан қариб ҳамеша кители мардона мепӯшид. Аввалҳо тоқии фарғонагӣ ба сар ниҳода, мӯи сарашро гирди он мепечонд, вале аз ин муд зуд даст кашид. Мӯи сарашро даври сараш печонда, онро бо рӯймол мебаст.
Деҳаи Пастезаки Ховалингро ҳам мисли қишлоқҳои дигар ба таҳдашт муҳоҷир намуданд. Ӯро дар Ҷамоати деҳоти Зиракии Кӯлоб чун Хатича-паҳлавон пешвоз гирифтанд. Сардори бригада, сардори қитъа, раиси деҳот кор кард, ҳамеша мунису ғамхори мардум буд. Касоне, ки мактабҳои кӯтоҳмуддати ҳизбию давлатиро тамом карданд, он замон кадри босавод ҳисоб мешуданд. Яке аз шахсони номдори шаҳру ноҳияи Кӯлоб, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (соли 1949) Пирак Нуров, ки солҳои тӯлонӣ раисии Ҷамоати деҳоти Зиракиро ба уҳда дошт, ягона шахсе буд, ки дар рӯ ба рӯ ӯро апаи Хатичамоҳ мегуфт.
- Ба бӯи паҳлавон гуфтан мо мардҳоро аз Шумо мегурезонем.
Дар ғоиби Хатичамоҳ таъриф мекард: мактабу курсҳои зиёдеро тамом кардаам, вале кори ҷамоат ва мардумдориро аз ӯ омӯхтаам. Аз мардҳо мардтар аст. Бахташ омад накарду ҷанги мардумхори хонумонсӯз дилдодаашро аз ӯ рабуд. Вале ӯ доғи бефарзандиро надид. Барояш на танҳо фарзандони бародарону хоҳаронаш, балки тамоми деҳа, Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ҷигарбанд буданд. Аз ҷумла, фарзандони ман ӯро баробари модару бибиашон дӯст медоранд.
Дар замони пиронсолиаш ҳам гап дар бораи ӯ биравад, аввал сухан аз паҳлавониаш мерафт. Воҳимачие мегуфт:
-Хатича-паҳлавон як бегоҳ дертар аз Аҷинадара мегузарад. Алмастӣ (албастӣ) сари роҳашро мегирад! Биё, паҳлавон, гӯштин мегирем. Хатича- паҳлавон эътироз мекунад:
- Ягон мард наёфтӣ, ки бо ман гӯштин мегирӣ?
- Барои ман фарқ надорад, зӯрро бояд адабашро бидиҳам.
Хатичамоҳ бо албастӣ каштал ба каштал мешавад. То суп-супи рӯз майдон мегардонанд. Дами субҳ албастӣ ба гурдмушти паҳлавон меафтад. Шумо худатон медонед, ки аз ин усули ӯ ҳеҷ кас намераҳад.
Дар бораи мардумдориаш қиссаҳо бештаранд.
- Вақте раиси ҷамоат шуд, як рӯз то чошт, рӯзи дигар бегоҳ аспакӣ ба деҳаҳо мебаромад. Дарди мардумро мешунид. Дар ҷояш санад пур карда медод, арзу дархости мардумро мепурсид, ҷамъ мекард. Вақте идораи ҷамоат мошиндор шуд, кабинаи мошин ҳуҷраи кории ӯ буд. Мардумро овора карда ба идора намеовард, худаш пеши онҳо мерафт.
Умри бобаракат дид апаи Хатичамоҳ, бештар аз 40 сол дар корҳои роҳбарӣ ифои вазифа кард. Айши пириро дар иҳотаи дӯстону шогирдону мухлисонаш гузаронд. Дар маросими ҷанозаи ӯ соли 1990 дар қатори мардумони диёр қариб ҳамаи гӯштингирони вилояти Кӯлоб ҷамъ омаданд. Вай дар умраш ҳамагӣ як бор гӯштин гирифта буд, вале дар маросими мотам бо ӯ ҳамчун „Хатича - паҳлавон“ видоъ карданд.
Саидҷалол Саидзода