Таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалию минтақавии футболро ба кишвари мо нодида набояд гирифт.Чаро ки баргузории ҳар як мусобиқоти бонуфуз ба суди эътибор афзудани давлати соҳибистиқлоли мост ва ҳам эътирофи заҳматҳои манфиатовару чашмраси Федератсияи футболи Тоҷикистон,вагарна чанд мамлакати муқтадири дигар баниз довталабона даъвои мизбонии ин чорабинии муҳташамро ба сар пасту покизаю пухта сиголида,ба Конфедератсияи футболи Осиё расман муроҷиат карда буданд,вале дар баробари тадбирҷӯиҳои ҳирфаии масъулини ҷавону дақиқназари ниҳоди марбут ба ин риштаи варзиши мо радномаи қотеъ наёристанд ёфтан,ки ба тақдир тан доданду ҳамтоёни тоҷикистонии худро шодбош гуфтанд.
Масъулияти дуболо
Вале ин аввали кор буду дигар ҳич, чаро ки бар дӯши роҳбарияти Созмони футболи мамлакат масъулияти басо душвор бор шуд,то барои дар сатҳи зарурӣ доир гардидани мусобиқот ба зудтарин фурсат тадбиру чораҳои муассиру коромад андешида шавад. Ин ҳама тайёрию тараддудҳои масъулини риштаи футболи тоҷик барҳадар нарафт.Ба иқрори коршиносони соҳибтаҷрибаи соҳаи варзиш ва сармураббиёни дастаҳои иштирокдори мусобиқот чорабинӣ дар сатҳу сифати хуби ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ гузора гардид.
Қабл аз оғози мусобиқа донистакорони футбол пирӯзии мунтахаби Эронро ҳадсу фол мезаданд.Аввалин бозиҳо дар доираи қувваозмоиҳои гурӯҳӣ ин пиндорро тақвият бахшиданд, чаро ки футболбоздухтарони эронӣ дар се бозӣ даст ёфта бо касби нуҳ имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи худ қарор гирифтанд.Аммо бозии ҷолибу ҷодувонаи варзишкордухтарони бангладешӣ дар сабқатҳои гурӯҳӣ эътимодро дар бораи барандаи мутлақи мусобиқоти мазкур гардидани мунтахаби Эрон дар ангораҳои соҳибназарони ҳирфаии футбол андаке заиф сохт магарам ки, бархешон дови бурдро дигар ба онҳо нисбанамедоданд,балки онҳо бештар аз ғалабаи дастаи Бангладеш ҳарф мезаданд. Дурустии ин ангораю фолро ҷамъбасти мусобиқаи мазкури қоравӣ собит сохт.Дар бозии ниҳоӣ номҷӯёни асосии маърака футболбоздухтарони мунтахаби Бангладешу Ҳиндустон бо ҳам майдондорӣ намуданд.
Ин дидор дар варзишгоҳи «Авиатор» баргузор гардида, бо ҳисоби 4-0 ба суди футболбоздухтарони мунтахаби Бангладеш ба поён расид.Бозигари мумтозу моҳири бангладешиҳо Тохура ба дарвозаи 3 гол зад. Як голи дигарро Анаи Могини ба номи худ муҳр зад.
Ҳунари нағзи тоҷикдухтарон
Хубони футболбози тоҷик дар ин мусобиқот аз худ то ҷои тавон ҳунари нағз нишон дода, то ба даври ниманиҳоӣ барои худ роҳ кушуданд,дар ҳоле ки аз онҳо ҳич кас убури марзи гурӯҳи ро ҳатто чашм надошт. Бо ҳисоби калони чор бар як шикаст додани мунтахаби Бутан бо ҷаҳду талошҳои сарвони тими баргузидаи мамлакат Нилуфар Давлатова,бозингарони соҳибистеъдоде чун Гулшан Сафарова ва Матлуба Даминзода низ дастоварди андак нест, бавижа бо дарназардошти он,ки футболи занона дар Тоҷикистон марҳалаи ташаккулро пушти сар кардан дорад.Пас, месазад иштироки мунтахаби духтарони навраси моро дар ҳар сабқат комёбӣ шумурд.Гузашта аз ӯ, хубони футболбози тоҷик бо ширкати худ дар ин чорабинии сатҳи минтақавӣ маҳорату малакаи худро сайқал доданд,размсуда гардиданду таҷриба андӯхтанд ва ҳам дар дили садҳо нафар ҳамсолони худ ахгараки нуҳуфтаи меҳру муҳаббатро ба ин намуди варзиш бо кибрити ибрат афрӯхтанд.
Ба иқрори масъулини Созмони футболи мамлакат меҳмонон кишвари дӯстнавози биҳиштосои тоҷикро бо кулвори моломол аз бардошту таассуроти нек тарк гуфтанд, то ҷое, ки хостори дубораи ширкат дар чунин мусобиқаҳои билоэҳтимолӣ дар ин сарзамин шуданд.
P.S: Ба гоҳе ки матлаби мазкур ба дасти чоп мерафт, ба сурати далелу дастаки дархури мулоҳизаҳои неки мазкур дар қиболи реҷарезӣ ва тадбирҷӯиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Федератсияи футболи мамлакат оид ба тақвияту тавсеа додани ин намуди варзиш саропо дар кишвар ба суроғаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» муждагонӣ расид, ки бо қарори Конфедератсияи футболи Осиё дар ватани мо боз чанд чорабинии дараҷаи баланд роҳандозӣ мешавад. Аз ҷумла, маъракаи пуршукӯҳи дигари минтақавӣ миёни футболбозони то 14-сола таҳти унвони «Фестивали футбол» баргузор карда мешавад.Ин чорабинии сатҳи баланд 20-уми майи соли равон шурӯъ шуда,то 30-уми май идома хоҳад ёфт.Дар ин маъракаи баландпоя дар баробари мунтахаби наврасони мо дастаҳои Эрон,Қирғизистон,Афғонистон,Непал ва Ҳиндустон иштирок мекунанд.Бозиҳо дар Академияи бошгоҳи футболи «Истиқлол»,кидар дараи хушманзараи Алмосии ноҳияи Ҳисор воқеъ мебошад, ҷараён дорад.
Баргузории бозиҳои интихобии гурӯҳӣ дар доираи мусобиқоти Осиё-2017 миёни футболбоздухтарони то 19-сола баниз дар Варзишгоҳи марказиишаҳри Душанбе дар назар аст.Мусобиқоти мазкур аз 29-уми октябр то 6-уми ноябр сурат хоҳадгирифт. Қуръакашие ,ки дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур анҷом ёфт,ҳарифони мунтахаби Тоҷикистонро дар гурӯҳи «В» муайян намуд. Хубони футболбози тоҷик дар замини худ дар доираи сабқатҳои гурӯҳӣ бо дастаҳои кишварҳои Тайбейи Чин,Гонконг,Покистон ва Ӯзбекистон қувва хоҳад озмуд.
Холмаҳмад Мавлон