Бароям хеле аҷиб буд, зеро аз таҷриба медонам, ки дар кишвари мо ҳаводорони варзиш аз ҷумлаи бонувон зиёданд, аммо футболи занона…
Дар ҳар сурат, бо имконоти дар дастдошта, бо истифода аз сайтҳои мухталифи интернетӣ матлаби мазкурро пешкаши ҳаводорони футбол менамоем. Кӣ медонад, эҳтимол рӯзе бонувони мо дар ин ришта унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст биоранд.
Қобил ба ёдоварист, ки дар ҷараёни омода намудани матлаби зерин ба далелу арқом ва иттилооте ошно шудам, ки ростӣ барои худам ҳам хеле ҷолиб ва хонданӣ буд.
Инак, тибқи иттилои коршиносон футбол имрӯз яке аз машҳуртарин навъи варзиш дар байни занон маҳсуб мегардад. Феълан дар дунё 20 миллион футболбозон аз шумули занон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 80 дарсади онҳоро духтарони аз 20 – сола поён ташкил мекунанд.
То соли 1970 футбол ҳамчун варзиши мардона эътироф шуда буд. Мутахассисон талоши бонувонро дар ин ришта бо ҳар баҳона рад карда, мегуфтанд, ки ин навъи варзиш ба саломатии онҳо зарар дошта, нисбат ба дигар намудҳо ҷароҳатовар аст. Новобаста ба ин, бо талоши варзишгарон футбол ба тадриҷ миёни занон ривоҷ гирифт ва дар кишварҳои Норвегия, Шветсия, Италия, Олмон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико эътироф шуд ва 40 дарсади бозингарони ҷаҳониро бонувон ташкил доданд.
Дар ҳоли ҳозир тақрибан 25 миллион футболисти шинохта ва проффесионал аз шумули занон дар ин ришта фаъолият дорад. Беҳтарин футболистони риштаи занона дар Чин, Амрико, Ҷопон, Шветсия, Итолиё ва Олмон ба сар мебаранд.
Нахустин нишонаҳои футболи занона дар Чин ёфт шудаанд. Тақрибан 2000 сол қабл занони ин кишвар ба футбол рӯ овардаанд. Таърихнигорон ёдовар мешаванд, ки нахустин мусобиқаи футбол миёни занони шавҳардошта ва духтарон ҳанӯз дар охири қарни 17 дар Шотландия баргузор гаридааст.
Коршиносони соҳа ватани футбол Англияро медонанд ва тибқи иттилои онҳо яке аз тимҳои футболи занона то охири қарни 19 фаъолият доштааст. Соли 1895 нахустин дастаи прооффесоналии футболи занона таҳти унвони «Бритиш Лэди Футбол Клаб» созмон дода шуд. Ҳамон сол аввалин мусобиқаи футбол миёни занони шимол ва ҷануби Англия баргузор гардид ва шимолиён бо ҳисоби 7:1 тими ҷанубро шикаст доданд.
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ғайриинтизор дар рушди футболи занона саҳми бориз гузошт. Дар Англия солҳои 1915 – 1916 аксар духтарони 14 – 15 – сола маҷбур шуданд, ки тарки зиндагии осудаи хонаводагӣ намуда, дар заводҳои саноатии ҳарбӣ ба кор дароянд. Шароити сахти кори ҳарбӣ дар чунин заводҳо духтаронро ба мушкилоти равонӣ рӯ ба рӯ кард. Вазорати саноати ҳарбии ин кишвар барои ҳаллу фасл намудан ин мушкил шуъбаи тандурустӣ ва таъмини иҷтимоӣ ташкил намуд. Ин шуъба ба хотири созмон додани истироҳат духтаронро ба маҳфилҳои рақс, шиноварӣ ва футбол ҷалб кард. Ғайриинтизор футбол барои духтарон ба навъи аз ҳама дӯстдошта табдил ёфт. Онҳо бо камоли майл думболи тӯби чармин медавиданд ва байни худ мусобиқаҳо ташкил менамуданд. Танҳо дар як мусобиқаи занона дар соли 1917 аз ҳисоби 10 ҳазор тамошобин ба буҷаи ин дастаи футбол бештар аз 600 фунт стерлинг ҷамъоварӣ шуд, ки ин дар он вақт рекорд ҳисобида шуд.
Баъд аз тамом шудани ҷанги якуми ҷаҳонӣ футболи занона боз ба гӯшаи фаромӯшӣ дода шуд. Танҳо соли 1920 футболи занона аз нав равнақ ёфт. Дар ин сол миёни тимҳои занонаи Англия ва Фаронса мусобиқа доир гардид, ки дар он 25 000 тамошобин ширкат намуд. Соли 1921 бошад, дар яке аз мусобиқоти футболи занона миёни тимҳои Англия беш аз 53 ҳазор тамошобин иштирок намуд.
Аммо бо ибтикори коршиносони ин ришта футболи занона мамнуъ эълон гардид ва тақрибан баъд аз 40 сол аз нав эҳё гардид. Тибқи иттилои мутахассисон нахустин мусобиқаи ҷаҳонии ғайрирасмии футболи занона соли 1966 созмон дода шуд. Танҳо баъд аз ин дар Чехославакия, Анлия, Италия ва Фаронса аввалин федератсияҳои футболи занона ташкил ёфтанд.
Соли 1969 нахустин Федератсияи байналмилалии футболи занонаи аврупоӣ ба қайд гирифта шуд. Баъдан дар соли 1986 ба қавле «пиряхҳо об шуданд» ва ФИФА нахустин шуъбаи футболи занонаро ба қайд гирифт. Соли 1988 нахустин мусобиқоти футболи занона таҳти ҳимояи ФИФА дар Чин баргузор гардиданд.
Нахустин мусобиқоти расмии ҷаҳонии футболи занона дар Чин соли 1991 баргузор гадиданд. Дар ин чемпионат дастаи футболбозони Амрико бо ҳисоби 2: 1 дастаи яккачини Норвегияро мағлуб кард. Ҳамин тавр соли 1996 бошад, футболи занона ба бозиҳои олимпӣ шомил шуд. Аз ҳамон вақт то кунун занҳо дар чаҳор бозиҳои олимпӣ ширкат намуданд.
Соли 2002 – юм дар Канада мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба футбол миёни занони то 20 – сола баргузор гардид, ки дар он 12 тими футбол ширкат дошт. Дар бозии ниҳои барои ба даст овардани унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол байни бонувон соҳибони майдон бозиро бо ҳисоби 1 : 0 бар тими Амрико бохтанд.
Эмомалӣ Сайидамирзод