Роҳи шумо ба олами варзиш аз куҷо ибтидо гирифтааст?
Ба хотирам ҳаст,ки ҳанӯз аз овони мактабхониам,соли 2000-ум аъзои клуби «Тирандоз»- и Ташкилоти мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хӯҷанд будам. Дар чорабиниҳои варзишии мактаб ва ноҳия аз иштирокчиёни фаъол будам ва муболиға ҳам намешавад агар гӯям,ки ягон чорабинии варзишии мактаб бе иштироки ман намегузашт. Маҳз маҳорати хуби тирандозиам имкон дод,ки соли 2002 дар мусобиқаи варзишӣ,ки дар пойтахти ватанамон,шаҳри Душанбе доир гашт, иштирок намоям ва ба гирифтани ҷои дуюм мимёни комёб гардам.
Сардори дафтари матбуоти Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон капитан Ҳумайро Мирова ҳамкори худ, корманди ин мақомот, Ҷамила Мадатоваро чунин васф мекунад.
…Шавқу ҳавас ба ин шуғли варзишӣ ӯро ба тамринҳои паёпай, ба машкгоҳ меовард ва ба дигар намудҳои варзиш ҳусни таваҷҷуҳ пайдо менамуд. Соли 2003 Ҷамила Мадатова дар ҳайати тирандоздухтарони фаъоли кишвар дар бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ номнавис шуд ва аз ҳарвақта дида кушишҳояш зиёдтару беҳтар гардиданд. Хушбахтона, дар ин чорабинӣ ҳам ӯ дастболо шуда ва зинаи дуюмро касб кард .
Ҷамила соли 2003 ба клуби «Десанти ҷавон»-и ТММ – назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо шуда, дар намуди «Шотокан» оид ба «Карате-до» ба машқ оғоз кард. Ва пас аз як соли тамринҳо,соли 2004 дар мусобиқоти варзишии вилоятӣ Ҷамила ҷои аввалро оид ба «карате-до» гирифта обрӯ ва шарафи устодону варзишгарони клубро боло бардошт. Ӯ, ки дилбохтаи ҳунари тирандозӣ аст, аз ин шуғли дӯстдошта худро канор гирфта наметавонад. Соли 2005 Ҷамила Мадатова яке аз иштирокчиёни мусобиқахои байналмилалӣ оид ба тирандозӣ миёни ҷамоҳири узви Итиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ба ҳисоб мерафт. Дар ин озмун ҳам ӯ бо маҳорати баланди тирандозиаш парчамбардори кишвари азизаш гашт.
-Аз силоҳи ҷангӣ боре ҳам оташ кушодаед?
-Соли 2006 Спартакиадаи нуҳуми «Ҳомии ватан» доир гардид,ки аз шумули чорабиниҳои калони варзишӣ буд. Банда ин ҷо аз силоҳи ҷангӣ тир андохтам ,ки тирам хушбахтона, ба нишони асосӣ расид ва ҷои аввал дар ин мусобиқаи тирандозӣ насибам гашт . Албатта, калиди ин ҳама комёбиҳоям аз кушишу талошҳои устодонам сахт вобастагӣ доранд. Маҳз онҳо буданд,ки сари ҳар қадам шавқу ҳаваси маро ба ин шуғли аслан мардона ҳам гӯем месазад, бедор карда, барои иштирок намудан дар ҳама чорабиниҳои варзишӣ аз ман дида сертарадуд мешуданд.
–Агар имкон бошад, аз онҳо лаҳзае ёд мекардед?
Аз волидонам сар карда, чӣ дар таҳсили мактаби миёна ва чӣ дар таҳсили донишгоҳ ҳамагӣ бароям дар ин ҷода ҳаққи устодӣ доранд. Аз ин рӯ, манн ин ҷо наметавонам хосатан номи якеро ба забон гираму дигаре аз мадди назар дур монад. Умрашон, дарозу номашон ҷовид монад . Зеро ҳар замон дар ин шуғл ба мушкилоте рӯ ба рӯ меомадам онҳо кумаки худро дареғ намедоштанд. Ва имрӯз новобаста аз кору вазифа ба онҳо пайваста дар ҳамкорӣ қарор дорам.
- Фарзандон пайрави модар шудан намехоҳанд?
–Чаро не. Онҳо ҳоло хурданд,аммо ният дорам.ки дуяшон ҳам ба варзиш рӯ оранд. Кӯшиш мекунам,ки аз хурдӣ онҳоро барои обутоби бадан омода намоям, Дар ҳамин руҳия агар ба камол расанд, дар он сурат ман ҳис менамоям,ки яке аз вазифаҳои модарии худро анҷом додаам. Чунки варзишгарон симои миллати хеш, дар мусобиқоти байналмилалӣ парчамбардорони Ватани худ ҳастанд. Дуруст аст, баъзан зикр мекунанд,ки онҳо мояи ифтихоранд. Ба ин ягон шаку шубҳае нест. Бинед, вақте берун аз ҷумҳурӣ ғолибияти нафаре ё дастаеро аз Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд,ҳатто мактаббачаҳо ҳам чӣ қадар завқманду болидарӯҳ мешаванд. Ва ман ҳам чун ҳазорҳо модари т оҷик умед мекунам,ки ин тифлакони ба ноз парвардаам рӯзе парчами Ватани хеш-Тоҷикистонро дар ақсои олам баланд хоҳанд кард.
Барои суҳбати самимӣ ташаккур Ба шумо ҳам.
Р.НАЗИР