19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАҲРАМ МАМАДЗИЁЕВ: МЕХОҲАМ, БОЗ ДАР «ПОМИР» БОЗӢ КУНАМ

Гарчанде  дар  майдончаҳои худсохти  шаҳру  деҳоти Бадахшон  ҳамарӯза  Ҷавонон машғули бозии футбол бошанд ҳам,  айни ҳол    ягон дастаи  касбии футбол фаъолият надорад. Бо ин ҳама Федератсияи   футболи  вилоят  бовар дорад, ки  бо ҷалби  бозигарони беҳтарини ин намуди варзиш  барои  тимҳои  ширкаткунандаи  сабқати дарпешистода   рақиби   сазовор хоҳад буд.

Ин  ҳам дар ҳолест, ки дастаи  касбии  футболи  «Помир»  соли  2007   ба қайд гирифта шуда,  давоми як сол дар лигаи аввали  футболи ҷумҳурӣ  бомуваффақият баромад  намуд.

           Ба  гуфти  ниммуҳофизатгари   «Помир»  Маҳрам  Мамадзиёев  ба вазъи душвори молиявӣ нигоҳ накарда,  миёни  18 дастаи  лига онҳо  соҳиби  ҷойи шашум  гардиданд. Вале  пайдо  нашудани сарчашмаи маблағгузорӣ  боис гардид, ки даста  пароканда шавад. Қаблан  ин  дастаи  яккачин  дар мусобиқаи Ҷоми сафорати Эрон дар Душанбе ҷойи саввум ва дар спартакиадаи донишҷӯён байни 9 даста  сазовори  ҷойи панҷум  гардида буд.

 Маҳрамбек   умед дорад, ки  соли  оммавӣ  будани  футбол дар кишвар   ба эҳёи дастаи касбии  футбол ва густариши он   дар вилоят мусоидат мекунад ва аз  майдони варзишӣ боз  мисли Владимир Ғуломҳайдаров, бозигари дастаҳои  «Помир-Душанбе»  ва  «Торпедо»-и Маскав, ки ниммуҳофизатгари беҳтарини футболи шӯравӣ эътироф гардида буд, Олег Ширинбеков,  бозигари дастаҳои  «Помир-Душанбе»  ва «Торпедо»-и Маскав ,  ёрдамчии сармурабии дастаи яккачини Тоҷикистон,   Аҳмад ва  Азиз  Ёрмамадовҳо, Алиёр Ашурмамадов, Умед Алидодов, Ширин  Мамадсафоев, Амоншо Саодатсайров, Шоҳзуҳур  Самадов  ва  Нуриддин  Давронов барин футболобозони шинохта ба камол мерасанд  ва  дар  боло бардоштани  шарафи варзишии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт.  Ба  андешаи сардори Мактаби комплексии варзиши кӯдакону наврасони вилоят   Бекмамад Хусравов,  барои сарҷамъ намудани тими «Помир» ва  ба сатҳи маҳорати касбии  бозии дастаҳои  «Истиқлол»  ва  «Рашан»-у  « Регару  ТадАз »  барин тимҳо расондани он,  кори зиёд лозим ҳаст ва ӯ бовар дорад, ки соли оммавӣ шудани футбол ба ин иқдом оғоз мебахшад. Ӯчунин мешуморад, ки    таъсиси гуруҳои амалкунандаи футбол дар назди мактабҳои варзишии вилоят  барои  рушди ин намуди варзиш ва камол ёфтани футболбозони  боистеъдод дар минтақа  мусоидат мекунанд. Аммо айни ҳол  камбуди мутахасис монеи таъсиси  гуруҳҳои футбол назди мактабҳои варзишӣ гардидааст.

Дар  ҳамин ҳол,  ба  иттилои  масъулини раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи  бесобиқаи футбол, ки тобистони соли ҷорӣ баргузор мегардад,  майдони  футболи варзишигоҳи марказии Хоруғ  таҷдид ва барои бозии футбол бештар мувофиқ мегардад.

Федератсисяи футболи вилоят тасмими гирифтааст, ки ба манзури рушди футбол  ва оммавӣ гардидани  он дар маркази вилоят  Академияи хурди футбол ва тими духтаронаи футболро таъсис диҳад.

                                                                              

     М.Шоҳҷамол

:.  Варзиш 20.05.2014 09:39 2846

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz