То имрӯз 10 дастаи футболи духтарона расман таъсис ёфтаанд ва дар мусобиқаҳои мухталиф ширкат меварзанд. Масъулони соҳа талош доранд, ки барои рушди футбол миёни занону духтарон дар ин соли футболи оммавӣ чораҳои судмандро ба анҷом расонанд. Аз ҷумла, мактабҳои махсуси футболро таъсис намоянд ва духтарони ба ин намуди варзиш шавқмандро ба машқҳои касбӣ ҷалб созанд. Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол Ҷозеф Блатер ҳангоми боздиаш аз кишвари мо ба рушди футбол, бахусус, футболи занона баҳои баланд дода аз натоиҷи кори масъулон ва шароиту имкони машқу тармимҳо изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ҳамзамон ташаббуси Ҳукумату давлати Тоҷикистонро дар мавриди эълон кардани соли 2014 ҳамчун соли футболи оммавӣ чун як қадами устувор баҳри рушди ин намуди варзиш ва тарғиби ҳаёти солим арзёбӣ намудааст.
Аввалин сабқати духтарон дар футбол
Аз 20 то 25 марти соли равон дастаи мунтахаби футболи духтаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 14 соларо фаро мегирад, барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар кишвари Шри Ланка сабқат қарданд. Ин аввалин мусобиқаи байналмилалие буд, ки дастаи мунтахаби футболи духтаронаи кишвари мо ширкат варзид. Дар ин мусобиқа 14 дастаи мунтахаб иштирок карда миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дастаи мунтахаби футболи духтаронаи кишвари мо миёни 6 дастаи пуртаҷриба мақоми чорумро касб карданд, ки ин чун аввалин пирӯзӣ арзёбӣ мешавад. Ин аавалин сафари футболбоздухтарони тоҷик ба хориҷи кишвар буд ва муваффақияти онҳо дар ин мусобиқот шаҳодати он аст, ки футбол миёни занону духтарон дар кишвари мо рушд меёбад. Бо назардошти ин омил, масъулони соҳа нақашаи чорабиниҳои варзиширо дар соли футболи оммавӣ миёни дастаҳои футболи духтарона мураттаб сохтаанд. Ин, пеш аз ҳама, баргузории мусобиқоти футбол дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар, беҳтар сохтани шароити тармиму бозиҳо дар майдончаҳои варзишии шаҳру навоҳии мамлакат ва ҷалби истеъдодҳо ба клубҳои варзишӣ. Баъди бозгаш аз мусобиқоти байналмилалӣ дастаи мунтахаби футболбоздухтарони кишвар ба сабқати навбатӣ омодагӣ мегиранд. Дар нақша ҳаст, ки дастаи мутахаби футбол миёни духтарони то 16 сола тирамоҳи соли равон дар мусобиқоти дигари байналмилалӣ ширкат варзанд. Ин сабқат дар кишвари Бангладеш баргузор мегардад. Барои омода шудан ба ин мусобиқа имрӯз дастаи мунтахаби духтарони то 16 сола машқу тармимҳои худро пайваста мегузаронанд ва беҳтаринҳо ба даста интихоб мешаванд.
Дурнамои футболи занона
Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон дастаҳои мунтахаби футбол миёни бонувон бо касбияту маҳорати волои худ машҳур гаштаанд ва пайваста дар қаҳрамонии Чоми Аврупо ва ҷаҳон ширкат меварзанд. Бозии онҳо дар майдони футбол дар радифи ҳунару истеъдоди мардҳо қарор дорад. Футбол яке аз намудҳои маъмули варзиши ҷаҳон маҳсуб меёбад ва ҳамин маъруфият аст, ки имрӯз занону духтарон ҳам ба он шавқу рағбати зиёд доранд. Исбот ҳам карданд, ки воқеан, метавонанд дар майдони футбол на камтар аз мардон бозии хуб нишон диҳанд. Бо назардошти ин талаботу зарурият ва муҳимияти бозии футбол миёни занон, масъулони соҳаро мебояд боз ҳам баҳри беҳбуд бахшидани шароиту имконоти машқу баргузории сабқатҳо чораҳои муҳими мусоидаткунандаро андешанд, то солҳои наздик сатҳу сифати бозӣ, ҳунару истедоди духтарони ба ин намуд шавқманд беҳтар гардад. Дар ин росто чӣ бояд кард? Аксар дар он назаранд, ки тарғиби футболро пеш аз ҳама дар муассисаҳои таълимӣ, яъне макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бояд густурда кард. Барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди машқу бозиҳоро фароҳам овард. Истеъдодҳо ва завқмандонро ба дастаҳои футбол ҷалб намуд, то онҳо ҳунари худро сайқал диҳанд ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ хуб ҳунарнамоӣ кунанд. Аз ҷониби дигар манобеи маблағгузорӣ ва сарпарастонро барои дастгирии футболи занона дар кишвар пайдо намудан хеле муҳим аст, зеро бе ин омилҳои асосӣ рушд бахшидан ба ин намуди варзиш имконнопазир хоҳад буд. Дар ин самт имрӯз корҳои тарғиботӣ ва ҳамкориҳои тарафайн зиёд анҷом дода мешаванд. Сарпарастон ҳам пайдо шуда истодаанд, ки ба пешрафти футбол миёни бонувон нақше гузоранд, аммо дар шароити кунунӣ ин ҳама ҳанӯз кофӣ нест, зеро барои бунёди толорҳо, варзишгоҳҳо ва таъмини моддии дастаҳо маблағҳои зиёде зарур меоянд. Муҳим он аст, ки дар Тоҷикистон ба раванди ин ташаббуси наҷиб қадамҳои устувор гузошта шуданд ва он рӯз дур нест, ки футболи занонаи тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба комёбиҳо ноил гардад.Варзиш омили асосии беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҳаёти солим ва аз ҳама муҳим, қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ миёни миллатҳо буд,ҳаст ва хоҳад монд.
Р.Камол