19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАРЗИШ ВА БОНУВОН

Ба мушоҳида ва  санҷишҳои мутахассисон ба варзиши касбӣ шуғл варзидани як зумра бонувон тағйиротҳои ҷиддиро  дар организм ва  саломатии онҳо ба миён овардааст, яъне хулоса манфӣ аст. Дар ин гуна бонувони варзишгар  дигаргуниҳои бофтаҳо, ҳуҷайраҳо ва функсияҳои биологӣ ба мушоҳида мерасанд. Пас, маълум мешавад, ки ҳангоми машғул шудани онҳо ба варзиши касбӣ реҷаи хеле дақиқи ғизо, истироҳат, тамрин ва дигар муносибатҳои биологӣ бояд риоя шаванд.

                                      

Тавсияҳо

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  агар имкон бошад, бонувон ба варзиши касбӣ майл накунанд, балки намудҳои варзиши сабукро  пеша намоянд. Масалан, оббозӣ, волейбол, давидан, гимнастикаи бадеӣ, тениси калон ва руйи мизӣ бештар барои машқ ва саломатиашон муфидтаранд. Ин иртибот дошт ба варзиш, аммо дар радифи он тарбияи ҷисмонӣ ҳам ҳаст, ки ба ҳама моҳияти умумӣ дорад. Ишора «ба ҳама»  ба он маънист, ки ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шудан вазифаи аксар  маҳсуб меёбад, яъне аз кӯдакон то пиронсолон. Варзиш аз нигоҳи моҳияту рисолаташ дар қиёс бо тарбияи ҷисмонӣ фарқ дорад. Варзишро коршиноси машҳуре чунин шарҳ додааст: «Варзиш ин марг аст, аммо тарбияи ҷисмонӣ, зиндагист!».  Дар ин гуфтаҳо фалсафае  ниҳон аст. Боз ҳамон андешаи боло, ки варзишгарони касбӣ нерӯи организми худро бераҳмона сарфи машқу кувваозмоиҳо мекунанду хатари маҷрӯҳу маъюбшавӣ ё ба бемориҳо гирифтор шуданашон бещтар мегардад, тасдиқи худро меёбад.

                              

 Тарбияи ҷисмонӣ

Аммо тарбияи ҷисмонӣ низоми муқаррарии организми инсонро нигоҳ медорад. Пас, ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шудани ҳама хеле манфиатовар аст. Миёни занон ақидае  ҳам ҳаст, ки шабу рӯз машғули кору бори хона будан  худаш тарбияи ҷисмонист ва шарт нест, ки боз субҳу шом дар соатҳои муайян ба иҷрои машқҳои гуногун машғул шаванд. Ин андешаи ғалат аст, зеро иҷрои ин ё он намуди варзиши сабук  ё машқи бадан фаъолияти организмро барқарор ва омилҳои номатлубро бартараф месозад. Кори ҷисмониро бо тарбияи ҷисмонӣ баробар  ё ҳамсон донистан иштибоҳ аст. Бахусус, барои бонувони миёнсол ва фарбеҳ, ки ҳолати биологии буняашон ба машқу тамрини вижаи ҷисмонӣ ниёз дорад, донистани шарту шароити машқҳои пайвастаи ҷисмонӣ хеле муҳим аст. Тавсияҳои маъмул ва пайвастаи табибон барои бонувон дар мавриди тарбияи ҷисмонӣ ва реҷаи муайяни ғизо набояд сарфи назар шаванд, зеро тӯли солҳои зиёди таҷрибаю мушоҳидаҳо консепсияи солимгардонии буняи инсон бо назардошти омилҳои гуногуни биологӣ, табиӣ ва психологӣ таҳия шудааст, ки иртиботи ногусастанӣ дорад бо тарбияи ҷисмонӣ.  

                                       

Чӣ бояд кард?

Бонувоне, ки ба ҷурми камҳаракатӣ, фориғболӣ ё истеъмоли хӯроки серғизо майл ба фарбеҳшавӣ доранд ва ё гирифтони бемориҳои буғумдард, миёндард, равған гирифтани ҷигару гурда шудаанд, ҳатман бояд бо маслиҳату дастури табибон ба тарбияи ҷисмонӣ рӯй оранд. Ин манфиати бештаре дорад дар қиёс ба истеъмоли маводи доруворӣ. Бонувоне ҳастанд, ки пайваста субҳу шом ба тарбияи ҷисмонӣ машғул мешаванд ва  саломатии худро хеле хуб нигоҳ медоранд.  Шарт нест, ки шумо ба толорҳо ё муассисаҳои махсуси варзишӣ равед. Кифоя аст, ки дар муҳити хона вақту соати муайяне ба тарбияи бадан машғул шавед ва ин реҷа агар муназзаму доимӣ бошад, ҳатман натиҷаааш хуб хоҳад шуд. Бо гузашти синну сол масъунияти бадан ҳатман коҳиш меёбад ва организм ба бемориҳо мубориза бурда наметавонад, зеро камҳаракатӣ фаъолияти бофтаҳои баданро суст карда корношоям месозад. Дар натиҷа дасту пойҳо дард мекунанд, бадан вазнину ҳолати рӯҳӣ ҳам ноҳинҷор мегардад. Тарбияи ҷисмонӣ бошад, ин ҳолатро бартараф сохта кори бофтаҳо ва ҳуҷайраҳои организмро фаъол мегардонад.  Дар ҳама синну сол ва айёми табиат аз рӯйи реҷаи муайян ба  тарбияи ҷисмонӣ машғул шудан кафолати тани солиму рӯҳи болидаи шумо хоҳад буд, бонувони азиз!  Реҷаи истеъмоли ғизоро ҳам фаромӯш насозед, зеро ғизои солим ҳам яке аз омилҳои асосии таъмини организми солим аст.

                                                                  

 Р.Камол

:.  Варзиш 06.01.2014 10:24 3124

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz