Баҳригул Бобиева ва Шукрона Қарчиева, хонандагони синфи 9-и мактаби мазкур дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар бозиҳои 3- юми Авруосиёии наврасон дар риштаи самбо ва дзюдо ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гаштанд.
Ёдгоршоҳ Яқинов, мураббии ин наврасон гуфт, ки дар оянда мақсад доранд гӯштини тарзи самбо ва дзюдоро байни духтарон рушд диҳанд. Ӯ сабаби ин ибтикорро чунин шарҳ дод:
–Варзиши мазкур байни бонувон чандон рушд накардааст. Аз ин рӯ, мо барои хоҳишмандони гӯштиии самбо ва дзюдо духтарони маҳаллиро ҷалб намудем. Дар ояндаи наздик тасмим гирифтаем, ки ду дастаи дигар аз байни духтарони шаҳраки Қалъаи Хум таъсис дихем.
Дар ин бозиҳо, ки бо ибтикори Кумитаи ҳамгирои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёи доир гардид, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996-2000-ум аз ҷумхуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қиргизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба барномаи бозиҳо 13 навъи варзиш дохил буда, варзишгарони наврас аз 15-ум то 20-уми сентиябр барои ба даст овардани маҷмуи медалҳо байни ҳам рақобат намуданд. Мунтахаби Русия бо 250 медал, аз ҷумла 142 нишони тилло, дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи шумораи медалҳои тилло ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо ҷойи аввалро касб кард. Қазоқистон бо 219 медал, аз ҷумла 81 нишони тилло дар ҷойи дувум, Белорус бо 53 медал, минҷумла 7 нишони тилло дар ҷойи севум, Қирғизистон бо 86 медал, аз ҷумла 3 нишони тилло дар ҷойи чорум қарор гирифтанд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо 73 медал, аз ҷумла 3 нишони тилло дар зинаи охирин, яъне панҷум ҷойгир шуд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳоТоҷикистон аз Беларус пеш гузашт.
Рахимаи Аъзам