20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Азима Абдураҳмонова: РӮЗЕРО ОРЗУ ДОРАМ, КИ…

– Барои чӣ маҳз ин намуди варзиш байни бонувон маҳбубият пайдо кардааст? – мепурсам аз сармураббии даста, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллифи рисолаи «Таърихи варзиш дар Бадахшон» Бекназар Мавлоназаров.

– Дар Бадахшон одатан намудҳои мардонаи варзиш, ба мисли аспдавонӣ, бузкашӣ, гӯштӣ ва чавгонбозӣ роиҷ буданд. Волейбол солҳои охири асри нуздаҳум бо мустақар шудани марзбонони рус дар минтақа ба Хоруғ омад. Оҳиста-оҳиста ин намуди варзиш байни сокинони маҳаллӣ ҳам ривоҷ ёфт, аммо асосан мардҳо бозӣ мекарданд. Солҳои 50-ум ва 60-уми асри гузаштаро метавон оғози авҷи тараққии волейбол дар вилоят арзёбӣ намуд. Гурӯҳи донишҷӯёни ҷавон дар Тошканд, ки он солҳо ба дунболи заминларзаи шадид ба майдони сохтмони зарбдори ҷумҳуриҳои бародар табдил ёфта буд, дар соатҳои фароғат аз рӯйи намуди волейбол ба ҳам сабқат мекарданду аз тамошобин ба иштирокчии фаъол табдил ёфтанд. Баъд аз хатми донишкада ба Хоруғ дар баробари донишу малакаи санъатварӣ шавқу рағбат ба волейболро оварданд. Тими волейболи театри вилоятӣ яке аз пурқувваттарин дастаҳо гашт.

Тобистони соли 1963 дастаи яккачини волейболи бачагонаи Тоҷикистон, ки аз дастпарварони мактаби Хоруғ иборат буд, дар лагери умумииттифоқии «Артек» байни наврасон чемпиони СССР гардид. Сармураббӣ Фаросатшоҳ Зоолшоев ёдовар мешавад, ки даста тими Латвияро шикаст дода, ба финал баромад ва бар волейболбозони Ленинграду Украина пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид . Дар фурудгоҳи Душанбе чемпионҳои наврасро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

– Занон аз соли 1970-ум дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Вале то ба зинаи қаҳрамони Тоҷикистон расидан роҳи душворро барояшон паймудан лозим омад, – мегӯяд Бекназар Мавлоназаров.

Ба андешаи сармураббӣ муваффақ шудани бонувони минтақа дар волейбол аз фарҳанги оилавӣ маншаъ мегирад, ки дар он волидон мекӯшанд духтарон дар баробари писарон озод тарбия ёбанд.

Узви яккачини даста, устоди варзиш Наврӯзмоҳ Ғуломасейнова мегӯяд, ки волейбол бозии дастҷамъона буда, аз бозигарон талаб мекунад, то реҷаи кору фаъолият ва соатҳои машқро ҳамоҳанг созанд ва аз ҷиҳати равонӣ ба ҳам мувофиқ бошанд. Аъзои даста ба хотири муваффақият бояд омода бошад, ки дар бархе аз маворид манфиатҳои шахсиро қурбон кунад. Танҳо чунин тим метавонад маҳорату малакаашро сайқал диҳад ва пирӯз шавад.

– Волейбол аз варзишгар на танҳо чолокӣ, маҳорат ва суръат, балки фикри тез ва дар он лаҳзае, ки тӯб ҳанӯз дар ҳаво аст, қарори дуруст қабул карданро талаб мекунад.Тасаввур кунед, шахси дувуме, ки тӯбро қабул мекунад, бояд дар як лаҳза фикр кунад, ки барои зарба задан ба ҳамтояш онро ба пеш ё ба қафо партояд ва ё ҳарифро фиреб дода, оҳиста аз болои тӯр ба майдони ҳариф равон созад. Аъзои даста бояд ҳар як ҳаракат, ҳар як нафаси якдигарро ҳис кунанд, – изҳор медорад узви даста, устоди варзиш Зайнура Сангмамадова.

Ба гуфти устоди варзиш Муштарӣ Ҷоналишоева мухлисон дар оинаи нилгун ба бозӣ ва чеҳраи ғолибон бо ҳавас менигаранд. Аммо ранҷҳое, ки бозигарони даста дар ин ҷода мекашанд, аз назарашон пинҳон мемонанд.

– Боре тирамоҳ ба мусобиқа рафтем. Дар роҳ аъзои даста шамол хӯрданд. Меҳмонхонае, ки дар он ҷо гирифтем, сард буд. Рӯзи дигар дар ҳолати бемадорӣ ба майдон баромадем. Аммо пас аз чанд вохӯрӣ ба финал баромада, дар бозии ниҳоӣ тӯби ҳалкунандаро ба майдони ҳариф задем ва садои ҳуштаки довар бо нишони ғолибияти дастаи мо садо дод , ашки шодӣ аз чеҳраамон равон буду ҳама аз хурсандӣ мегиристем.

          Яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳо барои ин даста зери парчами Тоҷикистон ширкат варзидан дар бозиҳои Ҷоми Осиё дар шаҳри Ганҷоуи Чин буд. Дар ин бозиҳо онҳо эҳсос карданд, ки аз рӯйи техникаи иҷро ин намуди варзиш дар ҷумҳурии мо ҳам байни мардон ва ҳам занон тараққӣ мехоҳад.

– Варзишгарони тоҷик дар риштаҳои камонварӣ, гурзпартоӣ, қаиқронӣ, гӯштӣ, муштзанӣ ва бархе аз намудҳои дигари варзиш обрӯйи ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Рӯзеро орзу дорам, ки тими футболу волейболбозони тоҷик ҳам дар зинаи баландтарин ҷой бигирад, – гуфт капитани даста Азима Абдураҳмонова.

Ш. Мирзоҷалол

:.  Варзиш 30.07.2013 05:09 3428

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz