Омӯзгори тарбияи ҷисмонии гимназияи рақами 1-и деҳаи ғӯлакандози ноҳияи ҷаббор Расулов, номзад ба устоди варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи 70 медал ва чаҳор ҷоми қаҳрамонӣ Мафтуна Муслимбоева моҳи марти соли равон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни духтарон оид ба варзиши бисёрҳарба, ки фарогири 18 навъи варзиши сабук аст, бо ба даст овардани натиҷаи беҳтарин мақоми аввалро сазовор шуд. Ин комёбии панҷумини Мафтуна дар чунин сатҳ буд. Вале пирӯзии имсола барои ӯ вижагӣ дошт…
Мафтуна дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар хонаводаи кишоварз чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 2006 мактаби миёнаи рақами 4-и деҳаро хатм кард. Бисёр орзу дошт таҳсилашро дар мактаби олӣ идома бидиҳад, вале шароити хонаводагӣ маҷбураш кард, ки муваққатан аз идомаи таҳсил даст бикашад. Дар мактаб ба ҳайси фарош ба кор пардохт. Соли 2007 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи методикаи таълим дар синфҳои ибтидоии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд шомил шуд ва онро соли 2011 хатм кард.
Абдуллоҷон Латифов иброз медорад, ки истеъдоди варзишии шогирдаш ҳанӯз дар синни 13-солагии ӯ зуҳур кард. Дар тамоми мусобиқоти ноҳияву вилоятӣ дар навъҳои варзиши сабук, аз ҷумла давидан ба масофаи 100, 200, 400 метр, давидан бо монеа, ҷаҳидан ба дарозию баландӣ, найза ва гулӯлапартоӣ ширкат меварзид ва дар аксар маврид ба дарёфти мақоми аввал шарафёб мегардид.
– Мафтуна на танҳо дар варзиши сабук, балки дар футбол, баскетбол ва тенниси рӯйи миз низ маҳорати хуб дорад, – арз медорад Абдуллоҷон Латифов. – Чандин сол аст, ки ба ҳайси ҳимоятгар дар ҳайати тими мунтахаби футболи вилоят бозӣ мекунад. Мафтуна беҳтарин бозигари дастаи яккачини вилоят оид ба баскетбол аст. Ӯ алҳол ҳамчун мураббии тенниси рӯйи миз фаъолият дорад ва дар тарбияву омода намудани духтарон саҳм мегузорад.
– Соли 2008 дар ҳаёти ман соли бобарор ва фатҳу кушоишҳо буд, –мегӯяд ӯ. – Дар ҳайати дастаи мунтахаби духтаронаи футболбозони вилояти Суғд ба Душанбе сафар карда, ба дарёфти мақоми дувум ноил гардидем. Тайи панҷ соли ахир пайваста дар мусобиқоти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабуки бисёрҳарба ширкат варзида, унвони чемпиониро ба даст овардам.
Мафтуна моҳи октябри соли 2012 ба Ғайратҷон Мамадов, ки устои хонакор аст, хонадор шуд. Шавҳараш хуб медонист, ки ӯ бидуни варзиш зиста наметавонад. Аз ин рӯ, муқобили майлу рағбати ҳамсараш набаромад. Ин буд, ки Мафтуна пас аз чанд рӯзи арӯсӣ ба варзишгоҳ баромад. Дар пеш мусобиқаи вилоятӣ оид ба варзиши сабук қарор дошт, ки Мафтуна мебоист дар он бори дигар ғолибиятро ба даст оварда, барои ширкат дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирифт. Вай дар варзиши сабуки бисёрҳарба, ки 18 навъро дар бар мегирифт, чемпиони вилоят шуд. Ба деҳа, ба назди шавҳару ҳамкорон бо сари баланд баргашт.
Мафтуна мутаассиф аст, ки то ҳанӯз дар ягон мусобиқаи байналмилалӣ ширкат наварзида ва шарафи баланд бардоштани парчами кишвари азиз-Тоҷикистон барояш муяссар нагардидааст.
– Ҳар як мураббӣ мехоҳад шогирдаш пешрафт кунад. Танҳо як маротиба тавонистам ҳамроҳи мураб-биям ба Душанбе равам. Моро маъмулан, сармураббии дастаи мунтахаби вилоят оид ба варзиши сабук Надежда Вестерова ҳамроҳӣ мекунад. Ва иқрор бояд шуд, ки нишондиҳандаҳои мо дар муқоиса бо намояндагони дигар кишварҳои осиёӣ паст аст. Масалан, ман агар дар навъи ҷаҳидан ба дарозӣ 515 сантиметрро нишон дода бошам, дар мусобиқоти осиёӣ духтарон ба 7 метр меҷаҳанд. Тавре мебояд тамрин намекунем. Баъд аз дарсу фаъолият дар коргоҳ ба хона баргашта, аз пайи корҳои хонаву замину саҳро мешавем. Вақти зарурӣ барои тамрин намемонад. Дар дигар кишварҳо варзишгарон аз нигоҳи иқтисодӣ аксаран таъмину бениёзанд ва пайваста тамрин мекунанд.
Мафтуна ба дунё омадани тифли нахустинашро интизор аст.
– Бо вуҷуд дар мусобиқот ширкат варзидам ва медонам, ки варзиш ба нашъунамо ва рушди тифл дар батн кумак хоҳад кард. Ният дорам, баъд аз таваллуди кӯдак муддате дар хона тамрин кунам. Сипас, барои ширкат дар мусобиқот низомро қавитар намуда, ба тамрингоҳ хоҳам баргашт, дар мусобиқоти сатҳи гуногун ширкат варзам. Сипас, ҳар он чӣ бар ман дар соҳаи варзиш даст надод, мекӯшам онро тавассути шогирдонам амалӣ созам. Имсол яке аз шогирдонам- хонандаи синфи даҳум Ороста Муллобоева дар чаҳидан ба дарозӣ ва давидан ба 100 метр чемпиони Тоҷикистон шуд. Вай ба дарозии 430 сантиметр ҷаҳида миёни ҳамсолонаш мақоми аввалро ба даст овард. Дар давидан ба масофаи 100 метр нишондиҳандааш 14, 6 сония аст. Ороста мехоҳад ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хучанд дохил шавад ва варзишро дар маркази вилоят идома диҳад. Шогирди дигарам Зарина Ҳакимова ба баландии 125 сантимер меҷаҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар вилоят аст. Мекӯшем, ки Зарина то охири сол баландии 150 сантимерро фатҳ намояд.
Мафтуна дар дил орзуву ниятҳои зиёд дорад. Мехоҳад таҳсилро дар факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома диҳад ва соҳиби маълумоти олӣ гардад. Мехоҳад шогирдонаш натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда, ҳамеша дар мақоми аввал бошанд.
– Барои он ки духтарони маҳаллӣ ба варзиш бештар шуғл варзанд, онҳоро аз нигоҳи моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ бояд кард, – таъкид медорад Мафтуна. – Панҷ маротиба чемпиони ҷумҳурӣ шуда бошам ҳам, танҳо як маротиба ба гирифтани стипендияи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят мушарраф шудам. Дидану эҳсос кардани қадршиносӣ ҷавононро ба фатҳи қуллаҳои нави варзиш ҳидоят месозад. Баъдан, дар мактабҳо ва марказҳои варзишӣ асбобу анҷоми варзишӣ намерасанд. Ин камбуди техникӣ дар навбати хеш таъсири манфиеро дар омодагии ҳамаҷонибаи варзишии ҷавонон боқӣ мегузорад.
Воқеан, варзиш миёни духтарони деҳаи Ғӯлакандоз дар ҳоли рушд аст. Дастаи духтаронаи волейболбозони деҳа чемпиони чандинкараи вилоят ва ҷумҳурӣ аст. Аксарияти аъзои ин даста узви тими мунтахаби вилоят ва ҷумҳурӣ мебошанд. Мақоли мардумӣ мефармояд: «Ангур аз ангур бигирад ранг, ҳамсоя аз ҳамсоя бигирад панд». Духтарон вақте мебинанд, ки шароити хубе барои варзиш муҳайёст ва он василаи дунё дидану пайдо кардани дӯстони нав, боиси тандурустӣ, парҳез аз рафтори ношоиста аст, паси ҳам ин шоҳроҳро интихоб менамоянд. Мафтуна як тан аз духтарони маҳал мебошад, ки намунаи ибратомӯзе барои дигарон гардидааст.
Тилав Расулзода