20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

12 КАРАТ ЧЕМПИОН


 

Мавлуда АсламоваДар саҳни ҳавлии мактаби дурдасттарин деҳаи Дихои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ духтарони 16-17 сола ба найза ва гулӯлапартоӣ машғул буданд. Мавлуда Асламова аз нуқтаи муайян гулӯларо ҳаво медоду Матлуба ва Санавбару Хайриннисо назора мекарданд.

Файзулло Исмоилов, мураббии мактаби варзишии бачагонаи бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия ва омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-и деҳаи Дихои ҷамоати деҳоти Қаҳрамон гуфт, ки серкориву тараддудҳои мо барои мусобиқаи навбатии ҷумҳуриявӣ мебошад, ки шогирдони ман дар даври минтақавӣ оид ба гулӯла ва найзапартоӣ ҷойҳои аввалро соҳиб шуда, ҳуқуқи иштирок ба мусобиқаи ҷумҳуриявиро соҳиб шуданд. Онҳо бори нахуст дар чунин мусобиқаҳо иштирок намуда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварданд.

Бо Мавлудаи варзишгар ҳамсуҳбат мешавам. Ӯ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии варзиши сабук оид ба гулӯла ва найзапартоӣ дар давоми солҳои 2008 - 2013 соҳиби 12 медали тилло, 10 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гаштааст. Мавлуда танҳо соли 2012 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии варзиши сабук дар намудҳои гулӯла ва найзапартоӣ соҳиби 2 медали тилло ва 1 медали нуқра гардид. Моҳи феврали соли 2013 низ дар қувваозмоии ҷумҳуриявӣ соҳиби ду медали нуқра шуд. « Сабаби асосии ба ин варзиш рӯ овардани ман шаш карат чемпиони ҷумҳурӣ гаштани Ҳангомаи Абдуғаффор дар намуди дискандозӣ мебошад. Ӯ аз мо як сол пештар таҳсил мекарду дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, медали тилло гирифта омад. Ин нишондиҳандаҳо моро руҳбаланд мекард ва шавқу ҳавасамонро ба варзиш зиёдтар месохт. Афсӯс, ки Ҳангомаи Абдуғаффор чанд сол шарафи варзиши ноҳия ва вилоятро ҳимоя карду волидайн нагузоштанд, ки ӯ таҳсилро дар мактаби олӣ давом диҳад. Ба шавҳар баромад», –мегӯяд Мавлуда. –Аз он шодам, ки бо дастгирии устодам Файзулло Исмоилов зодмандонам розӣ шуданд, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар донишкада давом диҳам, –илова менамояд ӯ.

Файзулло Исмоилов ёдовар мегардад, ки то чемпиони олимпӣ шудани Мавзуна Чориева алоқамандони ин намудҳои варзиш дар байни духтарони мактабхон зиёд набуд.

Мавлуда Асламова
          Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар масъалаи тарбияи бонувони варзишгар таҷрибаи ғанӣ дорад. Қурбоналии Бахтиёр, директори мактаби варзишии шаҳраки Маскав, мегӯяд, ки шогирди онҳо Сайлонбии Баҳодур имсол дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Фирӯза Саидова ва Дилафрӯзи Баҳодур бошанд дар қув-васанҷии ҷумҳуриявии байни мактаббачагон оид ба шашка, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, соҳиби ҷои аввал ва медали тилло шуданд. Ҳамчунин, дастаи духтарони чавгонбози ноҳия дар ҷумҳурӣ имсол соҳиби ҷои аввал шуд. Шоира Одинаева дар шаҳри Турсунзода, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷавонон, дар намуди тэквандо соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид. «Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки новобаста ба чунин нишондод шогирдони мо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ фаро гирифта намешаванд», –изҳори таассуф менамояд ӯ.

Баъди мушоҳида ва таҳлил метавон зикр сохт, ки дар ноҳия таҳкурсӣ барои омодасозии бонувони варзишгар мавҷуд аст. Танҳо шароитро хубтар намудану сарпараст пайдо кардан зарур аст. Дар чунин ҳолат Мавзунаҳои дигареро дар самти варзиши сабук ва дигар намудҳо метавон ба майдон овард.

 

Билоли Шамс,

н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
:.  Варзиш 17.05.2013 06:34 3313

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz