Бегуфтугӯ, пас аз соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ гардидани Мавзуна Чориева ва истиқболи гарми ҳамватанон дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, ба хулосае расидан имкон дорад, ки ин ғалаба барои ҷалби бештари ҷавонон, бахусус бонувони тоҷик ба варзиш такони тозае хоҳад бахшид.
Ба гуфтаи коршиносон, бешак, қадами аввал дар ҳама кор ин як омили таҳрикдиҳанда аст, ки онро дар риштаи варзиши занона феълан Мавзуна Чориеваи муштзан гузоштааст. Омили аз ин баъд майлу хоҳиш аст, ки ҳоло дар заминаи таваҷҷуҳи хоси аҳли ҷомеа ба дастовардаи Мавзуна, пайдо шудааст.
Сохтан ва ба истифода додани толорҳои варзишӣ низ мисле ба назар менамояд, ки барои бонувони варзишгари тоҷик масъалаи дигаре боқӣ намондааст. Аммо ин як назари сатҳист. Дар асл масоили дигаре вуҷуд доранд, ки барои рушди варзиши занона мушкил пеш меоранд. Хоса дар минтақаи Кӯлоб…
Агар Мавзуна чемпион намешуд…
Шояд, агар Мавзуна Чориева дар олами варзиш муаррифӣ намешуд, минбаъд ҳам дар зеҳни мардум андешаи «варзиш кори мардона аст», боқӣ мемонд. Маълум аст, ки шавқ ва таҳкурсии аввал барои варзиш ва ҳар соҳаи дигар маҳз дар мактаби миёна гузошта мешавад. Аммо аз суҳбат бо Давлат Амиров, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, маълум гардид, ки аз 58 нафар муаллими фанни тарбияи ҷисмонии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ягон нафар бону нест. Рушд додани варзиш дар байни духтарони навоҳии минтақаи Кӯлоб мавзуест, ки то кунун мавриди баррасии ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Пурсишҳои мо собит месозанд, ки орзуву неруи варзишгари номӣ шуданро духтарони зиёди кӯлобӣ дар дил ме-парваранд. Бо ин ҳама, тайи се соли ахир, ки дар назди факултаи таълими ибтидоӣ шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият мекунад, ягон духтар ба ин факулта дохил нашудааст. Дар соли хониши нав низ ба ин факулта 163 нафар дохил гашт, ки ҳама писаронанд.
Гуфта мешавад, сабаби асосии майл накардани духтарон ба таҳсил дар факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ масъулине мебошанд, ки баҳри ҷалб намудани онҳо ба ин факулта корро ҷиддӣ нагирифтаанд.
Аз 58 нафар муаллими фанни тарбияи ҷисмонии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ягон нафар бону нест.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ягон нафар муаллимаи тарбияи ҷисмонии ихтисосманд нест. Тариқи Квотаи президентӣ низ ягон духтари минтақа ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (ДТҷ) фиристода нашудааст.
Рекорди Муқаддас Набиеваро кӣ давом медиҳад?
Нозанини Толиб, донишҷӯйи бахши панҷуми факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, то ҳол таассуф мехӯрад, ки орзуҳояш пурра амалӣ нашудаанд:
-Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна дар ҳамаи мусобиқаҳои варзишии ноҳияву вилоят иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекардам. Ҳавас доштам, ки дар мактабҳои олии варзишӣ таҳсил намояму ба насли ҷавон, алалхусус духтарҳо махсусиятҳои варзишро сабақ диҳам. Аммо он солҳо дар назди ДДК чунин факултете барои тайёр намудани омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ набуд. Ҳайронам, ки ҳоло чунин факултет ҳаст, аммо чаро духтарони ҳавасманди варзиш нестанд?
Аз рӯйи маълумоте, ки ба дастамон расид, маълум мешавад, ки тайи ним асри охир аз минтақаи Кӯлоб ягона бонуи хатмкардаи факултети тарбияи ҷисмонӣ шодравон Муқаддас Набиева будааст.
Қамариддин Одинаев, муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор мегӯяд, ки имрӯз дар мактабҳои ноҳия 79 нафар омӯзгорон аз фанни тарбияи ҷисмонӣ ба шогирдон дарс медиҳанд ва танҳо чаҳор нафарашон бонувон мебошанд, аммо ин омӯзгорон ҳам ихтисосманди касби худ нестанд.
Умуман, тибқи иттилои Носир Ҳақназаров, сармутахассиси раёсати шуъбаи маорифи минтақаи Кӯлоб, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ягон нафар муаллимаи тарбияи ҷисмонии ихтисосманд нест. Тариқи Квотаи президентӣ низ ягон духтари минтақа ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (ДТҷ) фиристода нашудааст. Ин маънои онро надорад, ки аз ин ҳисоб ба ДТҷ умуман касе квота нагирифтааст. Масалан, соли 2010 – ум 18 нафари ба ДТҷ дохил шуда, ҷавонписарон буданд.
Модоме дар мактаб муаллимаҳои ихтисосманди фанни варзиш нестанд, барои бедор кардани шавқи варзиш дар миёни бонувон бисёр мушкилиҳо пеш меоянд, зеро таҳкурсии аввал маҳз дар мактаб гузошта мешавад. Ҳамчунин шинохту дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз ҳисоби бонувон маҳз дар мактаб имконпазир аст. Аз ҷониби дигар, варзиши занона махсусиятҳое дорад, ки онро танҳо муаллимаи ихтисосманд дарк месозад. Масалан, Мавзуна Чориева дар чандин суҳбатҳояш ошкор кард, ки аксари тамринҳои худро бо писарон мегузаронад. Гумон аст, ки волидони дигаре пайдо шаванд, то барои сабқати духтарони худ бо писарон ризоият бидиҳанд.
Хулоса, аз варзиш канор мондани духтарон масъалаҳое дорад, ки ҳаллашон чандон душвор нест. Ҳоло маълум мешавад, ки мушкил дар ин бахш на ба талаботи махсуси дини мубини ислом дахл дорад ва на ба ягон урфу одатҳои мардумӣ, зеро онҳо мухолифу монеи ба варзиш машғул шудани духтарон нестанду намешаванд.
Масъалаи №1-и ин шабу рӯз омода намудани устодбонуҳои варзишӣ дар макотиби маълумоти миёнаи умумист.
Оё ҳалли ин масъала мушкил аст?
Билоли Шамс