Ӯ як қаҳрамон аст. Қаҳрамони зинда, лекин мегӯяд ҳоло ин ҳеҷ чиз несту муваффақиятҳои бештари ӯро бояд интизор шуд.
Ӯ Мавзуна Чориева ном дорад ва моро бовар кунондааст, ки зиёд мунтазир намекунад, новобаста аз мушкилоте, ки ӯву ҳамтоёнаш доранд…
«Мо бо туем, Мавзуна!»
«Мавзуна – чемпион,
Мавзуна қаҳрамон,
Мавзуна беҳтарин
Муштзан дар ҷаҳон!»
Ин таронаи нави овозхон Иззат Шарифӣ аст, ки рӯзи мусобиқаи ҳалкунандаи Мавзуна дар шабакаи Фейсбук гузошта шуд. Ҳунарманд барои он ки тавониста бошад ба ҳамватани дастболои худ дастгирие шавад, шакли нотамоми таронаи навашро ба шабакаи иҷтимоӣ гузошт, то зуд паҳн шаваду ба гӯши Мавзуна ҳам бирасад. Вагарна ин суруд хеле тӯлонитар аст.
Аммо танҳо Иззат Шарифӣ набуд, ки рӯзи 8-уми августи соли 2012 мехост бо ягон роҳе Мавзунаро дастгир бошад. Нақл мекунанд, ки занону ҳатто кампирҳои тоҷик низ он рӯз рӯ ба рӯи шабакаҳои телевизионӣ нишастанду набарди Мавзунаро тамошо карданд. Ҳам дар Кӯлоб, ҳам дар Хуҷанд, ҳам дар Рашт ва ҳам дар Душанбеву Хоруғ. Ҳатто кампири момааш Солеҳамоҳ Файзуллоева ҳам дар Кӯлоб нишаставу зарбаҳои задаву қабулкардаи Мавзунаро бо душворӣ тамошо менамуд ва ҳар замон дуо медод: Худоё, набераи номбардорамро ҳифз кун!
Ҳамсоязанҳояшон дар кӯчаи Якуми Майи шаҳри Кӯлоб, ки 10 -12 сол пеш очаи Мавзунаро масхара мекарданд: «духтара чиву машқаш чӣ», ҳоло ба сӯи Нақшонбӣ Қурбонова – модари Мавзуна, бо ифтихор менигаранд. Зеро акнун ин духтар на танҳо обрӯи ин оила ва ҳатто кӯчаву шаҳру вилоят, балки нангу шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекунад.
«Ту ҳатман лидер хоҳӣ шуд!»
Ва ин бори аввал нест, ки рақибону хилофкоронаш ахиран ба тавонмандии Мавзуна қоил мешаванд. Се сол пеш муштзани рус София Очигаева – қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, зимни як мусобиқаи байналмилалие дар Қазоқистон бо ҳисоби холҳо Мавзунаро мағлуб намуд. Аммо дар як мусоҳибааш ин русдухтар, ки инак дар Олимпиадаи Лондон медали нуқраро гирифт, гуфт, ки «бо тоҷикдухтаре қувваозмоӣ кардам, ки хеле болаёқат бошад ҳам, дар ринг аз ҳад худнамоӣ мекард ва ман ӯро дар ҷояш шинондам». Ин ҳарфҳо ба Мавзуна ва падараш сахт расиданду ин духтаракро аз нав ба мусобиқа даъват карданд. Мавзуна ғолиб омад ва София баъди мусобиқа пешаш омаду дасташро фишурд: Ту ҳатман лидер хоҳӣ шуд!
Пеш аз мусобиқаи ниҳоии худ дар Лондон, ки мебоист София бо ҳарифи қаблии Мавзуна дастбагиребон мешуд, ӯ дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки агар масъулони бахши варзишии Тоҷикистон қувваозмоии Чориеваро ба баҳс кашанд, ҳақ мебароянд. Бигзор ин эътирофи София аз як ҷониб то ҷое тарс аз ҳарифи пурқудрате мисли Кэтӣ Тейлор дониста шавад, аммо дар асл маънии пазириши ҳунару маҳорати Мавзунаи тоҷикро дошт. Бо Мавзунае, ки ӯро шикаст дода буд.
Дар асл набарди ахири Мавзуна, бо вуҷуди бохташ, ҳамаро мафтун кард. Ҳатто рақибонашро. Кэтӣ Тейлор зимни мусоҳиба бо намояндагони рӯзномаҳову шабакаҳои телевизионӣ эътироф кард, ки Мавзуна барояш ҳарифи нобоб аст ва набард бо ӯ хело вазнин мегузарад. Пит Тейлор, падари Кэтӣ, ки мураббии ӯ ҳам ҳаст, Мавзунаро «ҳарифи хатарнок» номид ва аз ҳаракатҳои чусту чолоконаи ӯ ситоиш кард. Ӯ дар сӯҳбатҳояш гуфт, ки сабқати Мавзуна бо муштзани хитоӣ Ченг Донг ӯро дар ҳоли шок қарор дод. Зеро Мавзуна аз болои муштзане пирӯз шуд, ки қадаш 17 сантиметр баландтар буд. Зимнан, ба гуфтаи раиси Кумитаи варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, эҳсос мешуд, ки Пит Тейлор ба Мавзуна, ҳарчанд ӯ рақиби духтараш буд, нигоҳи меҳрубононаву падарона дорад. Ин меҳрубониву эътироф то ҷое буд, ки ҳатто вақте Мавзуна зарбаи хуб мезад, ба нишони «офарин!» нарангушташро боло мекард. Дар бозии чаҳорниҳоӣ бо Ченг Донг, шореҳи телевизиони Русия аз ибтидо мегуфт, ки Мавзуна шансе барои пирӯзӣ надорад, зеро қади Донг баландтару дастҳояш дарозтаранд. Аммо бозии Мавзуна ӯро маҷбур сохт, то дар поёни набард назарашро дигар кунад. Дар бозӣ бо Кэтӣ Тейлор бошад, ин ё шореҳи дигари ҳамон шабакаи телевизионӣ аз ҳаракатҳои Мавзуна ба ваҷд омад ва бо эътирофи ҳунари ӯ такрор мекард: «ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!» Аҷаб нест, ки ҳазорон нафари дигар дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳам баъд аз тамошои набарди Мавзуна бо Кэтӣ Тейлор бо ӯ ҳамовоз шуданд: «ин тоҷикдухтар ба ман писанд омад!»
«Дар пушти ман 7 000 000 нафар аст!»
Дар ҳақиқат, набарди Мавзуна бо Тейлор дар шароити бисёр номусоиди равонӣ барои варзишгари мо сурат мегирифт. Сухан дар бораи шумораи зиёди мухлисони муштзани ирландӣ меравад, ки бо садопароканиву қарсзаниашон аз нигоҳи психикӣ ба Чориеваи 19 – сола таъсир расондан мехостанд. Ҳол он ки намояндаи онҳо қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон ва бар илова ба сол ҳам аз Мавзунаи мо 7 сол бузург буд. Инро метавон идомаи ҳамон тарсе арзёбӣ кард, ки қабл аз мусобиқа падари Тейлор мегуфт. Албатта, дар ин миён садои ҷонибдорони варзишкори тоҷик ҳам ба гӯшҳо мерасид, вале дар муқоиса бо мухлисии ирландиҳо заъиф буд. Дуруст аст, ки Ирландия аз Лондон масофаи зиёде надораду ҳузур пайдо кардани ҷонибдорони варзишгари ин кишвар мантиқист. Аммо, агар Тоҷикистон ҳам сарватмандони зиёде медошту ақаллан сеяки толорро онҳо ба худ машғул медоштанд, шояд натиҷаи бозӣ дигар муаррифӣ мегашт. Инсофан бояд иқрор шуд, ки ягон бозии дигари муштзанӣ дар Лондон ин қадар пурҳаяҷону пурсадо анҷом нагирифт, ки бозии Мавзунаву Тейлор дар худ дошт. Бо ин ҳама, Мавзунаи мо худро аз даст надод ва тавре баъди ин мусобиқа дар сӯҳбатҳояш гуфт, ӯ тавонист ҳарифу мухлисони ӯро масхара ҳам намояд. Ҳатто пас аз бозӣ, вақте журналистон дар бораи «таъсири омма» (эффект толпы) ба натиҷаҳои бозӣ пурсон шуданд, Мавзуна дилпурона иброз дошт:
- Дар ин толор чанд нафар аз Тейлор ҷонибдорӣ карданд? 5000 ё 10 000 нафар? Дар пушти ман бошад 7 000 000 нафар меистод!
Манзури қаҳрамони мо аҳолии Тоҷикистон буд, ки дар ҳақиқат самимона аз Мавзуна Чориева пуштибонӣ мекарданд. На танҳо барои он ки ӯ як бону асту хеле ҷавон… На танҳо барои он ки кадоме аз варзишгарони дигарамон натиҷаи арзанда ба даст наоварда буданд, на танҳо барои он ки …
Танҳо барои он ки ӯ дар ҳақиқат самимона, ҷасурона ва қаҳрамонона дар майдон рақобат мекард! Ва ин ҳам пас аз он ки баъди раунди дуввум дасти Мавзуна лат хӯрдаву баромада буду рақибаш новобаста аз ин, дар ду раунди охир аслан аз бозӣ мегурехту ба Чориева имкони бозии хубро маҳдуд мекард. Барои холҳои бадастовардааш, ки ҳакамон сарфи назар карданд, мебоист масъулини ба Лондонрафта сахт пофишорӣ мекарданд. Бубинед, ҳатто пас аз Олимпиада низ як медали тиллои варзишкори Белорусро бо сабаби истифода аз доруи мамнӯъ аз ҳисоб берун карданду бозиро ба рақиби ӯ ҳалол донистанд. Вале масъулини мо натавонистанд холҳои ҳалолкардаи Мавзунаро низ ҳимоя кунанд. Аз ҷониби дигар, ин набард нишон дод, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ масъалаи «обрӯдорон» ва «беобрӯҳо» дар миён аст ва адолати варзиширо зери суол мебарад. Ба гумони ғолиб дар мусобиқаи байни Тейлор ва Чориева низ маҳз дастовардҳои қаблии аввалиро ба ҳисоб гирифтанду бохташро аз ҷониби навқадаме чун Мавзунаи тоҷик «шармандагӣ» донистанд.
Аз ин рӯ месазад Мавзунаро ғолиби ин мусобиқа унвон кард…
Мавзуна Чориеваро на танҳо ғолиби ин мусобиқа ва медали биринҷии ӯро на танҳо бояд тиллоӣ ҳисоб кард. Агар мо шароитеро низ ба ҳисоб гирем, ки ӯ чун варзишгар дорад мешавад гуфт ӯ қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳатто ҷаҳон аст.
Р. Мараимов