Дар фурудгоҳи пойтахт, беш аз 1000 нафар мардумони касбу кори гуногун, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон – 2012 Мавзуна Чориеваро интизор буданд. Табъи болидаю рӯҳияи идонаи мухлисон дар ҳавлии фурудгоҳи Душанбе як фазои ҷашниеро мемонд, ки шодиву фараҳро интиҳо набуд.
Варзишгарони тоҷик чунин истиқболи гармро дер боз надида буданд. Мардуме, ки ҳаваси иштирок дар чорабиниҳои р ӯзонаро баъзан надоранд, бедорхобӣ кашиданд, ба хотири дидор бо Мавзуна. Мехостанд Қаҳрамонро бо чашмони худ бубинанд ва ба хурсандиаш шарик бошанд.
Воқеан ҳам Мавзуна Чориева сазовори ин ҳама маҳбубияти мардум ҳам ҳаст. Ӯ ягона варзишгар аз тими 16 нафараи варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни бозиҳои олимпии Лондон аст, ки ба Тоҷикистон медал овардааст.
Ин соат дар дигар гӯшаву канори Тоҷикистони азиз низ мухлисони зиёде мунтазири лаҳзаи бозгашти Мавзуна ба Ватан буданд. Телефонҳои мобилии иштирокчиёни ҳамоиш, пайваста занг мезаданд. Ҳама лаҳза ба лаҳза ба наздиконашон хабар медоданд, ки: «Мавзуна омад!», «Мавзуна омад!».
Баробари аз толори фурудгоҳ берун омадани Мавзуна бо намояндагони расмии ҳукумат, издиҳоми мухлисон месароиданд: «Мавзуна Чемпион!», «Мавзуна Қаҳрамон!». Садои сурнаю карнай ва ҳуштаккашиҳои омма имшаб ба фалак мепечид. Дастафшонию бӯсаборонкуниҳоро охир набуд. Имшаб аз гулборони Мавзуна Чориева саҳни ҳавлии фурудгоҳ гулистонеро мемонд. Ӯ саршори эҳсосу ҳаяҷон, такрор ба такрор ба мухлисон сипосгузорӣ мекард: «Аз Шумо миннатдорам! Аз қадрдониатон сипосгузорам! Ин муваффақияти танҳо ман нест. Муваффақияту ғалабаи кулли мардуми Точикистон аст. Дар паси парафшонии парчами Тоҷикистон дар Лондон, нерӯи хастанопазири 8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистонро эҳсос мекардам. Исбот кардам, ки бонуи тоҷик воқеан дастболост ва дастболо хоҳад монд!».
Ин суханҳо мухлисони ташнаи дидорро ба шӯру шар овард. Ҳама аз суханони Мавзуна илҳом гирифтанд. Издиҳом мисли мавҷи баҳр Мавзунаро рӯ-рӯи даст мебурд.
Кӯдаке гирякунон аз падараш хоҳиш мекард, ки ӯро бардорад, то Қаҳрамони дӯстдоштаашро аз наздик бубинад...
Пиразане нидо мекард, ки: «Э мардум рӯз бутен, духтар аз ҳавои Ватан нафаси озод бигирад»…
Аммо ҳама андармону овораи дидани Мавзуна буданд. Касеро ба касе, ба доду фарёде коре набуд. Садои таблу шодӣ ва ҳаё-ҳуйи мухлисон имшаб тамоми садоҳои дигарро пахш карда буд…
Як гур ӯҳ фейсбукчиён, ки дар мошинҳои худ аксҳои Мавзунаро бо парчами Тоҷикистон ҷавлон медоданд, дар хотираҳо бо аксҳои Мавзуна ва садои «Мавзуна Қаҳрамон, Мавзуна Чемпион» то абад сабт ёфтанд.
Гуворотарин лаҳзаи ин пешвозгирӣ вохӯрии Мавзуна бо модараш буд, ки ҳарду дар оғӯши якдигар ашки шодӣ мерехтанд. Модар аз духтари қаҳрамонаш ифтихор дошту миллат аз духтари ҷасури МОДАР!
Раҳимаи АЪЗАМ