Мавзуна Чориева 1 октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, машғулият ба боксро аз 6-солагӣ оғоз кардааст. Устоди дараҷаи байналмилалӣ, чемпиони Осиё-2010, барандаи медали нуқраи нахустин мусобиқаи бокс миёни занони Осиё-2009, ҷоизадори мусобиқаҳои байниминтақавии бокс миёни духтарон дар Россия, чемпиони Тоҷикистон аз соли 2008 то 2010.
Паёмакҳои пайҳами телефонии мард-журналистон аз ғалабаи муштзани тоҷик, бонуи гурдофаридхислат – Мавзуна Чориеваро аз таблои телефонам хонда, ифтихор доштам. Ифтихори ғалабаи бонуи тоҷикро дар дар даври чорякниҳоии олимпиадаи Лондон.
Мавзуна Чориева дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 60 кг пирӯз шуд ва ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ мешавад. 6-уми август Чориеваи 19-сола бо Ченг Донги 25-сола аз Чин, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум) рақобат кард.
Ин ғалабаи нахустини варзишгарони мо буд, ки онро бонуе ба даст овард. Тамошои такрории ин муҳорибаро дида, ифтихори миллиям боз болотар шуд. Ифтихору эътимодам чун як бону қавитару рӯҳам бардошта гашт.
Шореҳи рус замони оғози муаррифии Мавзуна Чориева чунин назар дошт: «Мавзуна Чориева аз Тоҷикистон, аз як кишвари мусулмонист ва хеле аҷиб аст, ки он ҷо ба бокс (муштзанӣ) духтаронро иҷозат медиҳанд».
Баъдан шореҳ перомуни 6-сол калонтар будани ҳарифи Мавзуна, варзишгари чинӣ ва 19 сантиметр болотар будани қади ӯ сухан оғоз намуда, аз қадпастии Мавзуна ва тоҷик буданаш бо тардид ба миллиардҳо тамошобини телевизион «қисса» мекард.
Қисми аввал бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом ёфту шореҳ ҳамоно дар бораи ҳарифи Мавзуна бештар ҳарф мезад. Ӯро қадбаланд, бақувват ва ғайраву ғайраҳо сифат мекард. Чун ин раунд хотима ёфт, шореҳ ҳанӯз мегуфт: «Ба фикрам Чориева ягон муште ҳам назад». Дар ҳоле, ки ҳисоб 2 бар 2 буд, шореҳ ҳамоно ба муштҳои обдори задаи Мавзуна шубҳа дошту мегуфт: «Аҷаб, чӣ тавр доварон тавонистанд муштҳои расидаи тоҷикдухтарро бубинанд?»
Дар қисми дуюм ҳанӯз ҳам шореҳ аз масофаи дури байни ҳарифон, ки дастҳои дарозу қади баланди варзишгардухтари чиниро бартарият медод, ҳарф мезад. Вале зарбаҳои ҳирфаии Мавзуна замоне тааҷҷуби шореҳро ба дараҷаи таҳайюр расонид, ӯ бо садои баланд гуфт: «Очень непростая оказывается Мавзуна Чориева!!!» Ин муҳориба дар раунди 3 бар ғалабаи тоҷикдухтар бо ҳисоби 8 бар 6-анҷом ёфт.
Охирин ҳарбу зарби муштзанӣ миёни варзишгарони тоҷику чинӣ ғайри чашмдошти шореҳ идома бо бартарияти Мавзуна дошт. Акнун шореҳ дар бораи Мавзуна бо муҳаббаттар сухан оғоз кард. «Ҳарифи Мавзуна - чинидухтар воқеан бақувват буда, новобаста аз дастҳои дарозу қади баландаш наметавонад аз ин бартариҳо истифода кунад»– мегуфт акнун шореҳ. Қадам ба қадам ғолибияти Мавзуна ошкортар мегардид. Ва тааҷҷуби шореҳи варзиш, ки нахуст назарногирона перомуни Мазуна Чориева ҳарф мезад, бештару бештар мегашт.
Мусобиқа бо ғолибият бар ҳарифаш дар Олимпиадаи Лондон-2012 ба манфиати Мавзуна хотима ёфт. Бо ҳисоби 13 бар 8 дасти болои тоҷикдухтар ва сари афрохтаи парчами мо, бовар аст, боиси номдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ бигардад.
Шореҳи русзабон дигар чизе гуфта наметавонист ба ҷуз он ки: «Давайте поаплодируем Мавзуне».
Оре, биёед каф бизанем, ба ифтихори Мавзуна Чориева – тоҷикдухтари ғолиб дар даври чорякниҳоӣ. Бонувон ҳам метавонанд!
Ҳ. АЛИЗОДА